Иттилоия

№24 (4286) 23.02.2021

50958430493_e7d5b413b7_o19 феврали соли 2021 дар бинои Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир карданд.

 Дар он масъалаҳо вобаста ба маъракаи киштукори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бо риояи сарфаю сариштакорӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баррасӣ гардида, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳама тадбири Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини зиндагии сазовори мардум, пешрафти кишвар, истиқболи сазовор аз ҷашнҳои муҳим ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки оид ба татбиқи саривақтии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

www.president.tj