Аз нишастҳои матбуотӣ

ИМД-2020 бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ба роҳ монда шуд

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_4215Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ дар нишасти матбуотие, ки 19 феврали соли равон доир гардид, изҳор дошт, ки марказ бо ризоят ва дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳониро бо дарназардошти танҳо як маротиба имтиҳон супоридани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия намуд ва ИМД-2020 тибқи он ба роҳ монда шуд. Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми кишвар таҳия гардидааст.

Навгонии дигаре, ки дар замони пандемияи COVID-19 роҳандозӣ гардид, дар баробари шаҳри Душанбе, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб низ ба роҳ мондани марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2020, ҳамчунин, ба довталабон додани имкони интихоби макони имтиҳонсупорӣ дар яке аз шаҳрҳо (Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб) буд. Дар натиҷа, шумораи умумии довталабон дар ду марҳалаи асосӣ ва иловагии бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2020 дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ номнависшуда 100398 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019-ум 56245 нафар ё 5,93 фоиз зиёд аст. Шумораи умумии довталабони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) дар ду марҳалаи бақайдгирӣ номнависшуда 10553 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2019-ум 1411 нафар (15,43 фоиз) зиёд аст.

Ба озмуни тақсимот аз довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) 82794 нафар роҳ ёфтанд, ки 86,84 фоизи довталабони дар имтиҳонҳо иштирокдоштаро ташкил намуд. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, 6997 нафар ё 69,41 фоизи шумораи довталабони дар имтиҳон иштирокдоштаро ташкил дод.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»