Аз нишастҳои матбуотӣ

Усмонзода Фатҳиддин: «Бунёдкориву ободонӣ мароми мост»

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_3817Зимни нишасти матбуотие, ки 17 феврал дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, раиси ноҳия Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин вазъи иқтисодиву иҷтимоиро бозгӯйӣ намуда, минҷумла, гуфт:

- Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 101,1 фоиз таъмин шуда, ба ҷои 385,0 миллион сомонии пешбинишуда 389,3 миллион сомонӣ ворид гардид. Нақшаи даромади андози иҷтимоӣ бошад, 106,8 фоиз иҷро шуд.

114 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, 159,1 миллион сомонӣ фоида ба даст оварданд. Содироти мол ба 10,9 миллион доллари америкоӣ расида, воридот 64,1 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии гардиши мол 2009,8 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019, бо дарназардошти индекси нархҳои истеъмолӣ 96,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия 13708 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан, мевадиҳанда ва 1166536 бех гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шуданд.

Соли 2020-ум 3182 нафар барои пайдо кардани ҷои кор муроҷиат карданд, ки аз онҳо 1581 нафарашон занон буданд. Аз ин ҳисоб 2425 нафар бо ҷои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд. Инчунин, 9 ярмарка бо пешниҳоди 839 ҷойи кор баргузор шуд, ки дар он 82 корхона иштирок карданд.

Дар ноҳия шумораи наврасону ҷавонон зиёд аст. Бо ҷалби онҳо 116 чорабини варзишию фарҳангӣ ва 78 мулоқоту вохӯрӣ гузаронида шуд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 210 медал, аз ҷумла, 96 медали тилло, 65 — нуқра ва 49 медали биринҷӣ гардиданд. Бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 1040 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин теъдод 886 иншоот мавриди истифодаанд.

ВОРИС,

 «Садои мардум»