Иштироки Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

23 феврали соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат нахуст хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфтанд. Сипас, дар бораи таърихи 28 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тадбирҳоро амалӣ намуд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша қадршиносӣ мекунад. То ҳол садҳо нафар низомиён — фарзандони бонангу номуси Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуда, ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.

Инчунин, Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуб, амнияти давлат ва суботу оромии мардумро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо интизоми қавӣ, омодабошии доимии ҷангӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддасашон истиқбол мегиранд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳама ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ ва шаҳрвандони кишварро ба ифтихори бисту ҳаштсолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлол рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукӯҳи тоза бахшид.

www.president.tj