Аз 1 то 15 октябри соли гузашта дар ҷумҳурӣ маъракаи муҳим — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус 18 феврали соли равон директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар чорабинӣ 27 ҳазору 410 корманди муваққатӣ ба кор ҷалб гардиданд, ки нисбат ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 қариб 7000 кас кам аст. Сабаби кам гардидани кормандони муваққатӣ истифодаи технологияи замонавӣ мебошад. Бо ин усул тақрибан 40 фоизи аҳолӣ фаро гирифта шуданд.
Соли сипаригардида шумораи ҷудошавии оилаҳо 10512 воҳидро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум 15,9 фоиз (1991 воҳид) кам мебошад. Шумораи талоқ ба 1000 никоҳи басташуда соли 2020- ум 157 ададро ташкил дод. Ин рақам соли 2019-ум ба 158 адад баробар буд. Соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 3,8 фоиз афзуд.
Гулнора Ҳасанзода дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 иттилоъ дода, зикр намуд, ки гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиарду 557,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2019 — ум 34,1 миллион доллар зиёд аст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»