Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода 25 феврали соли равон дар ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) аз тариқи фосилавӣ ширкат намуд.
Зимни он таъкид гардид, ки баргузории ҷаласаи ҳарсолаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА ба анъана табдил ёфтааст ва ин, пеш аз ҳама, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА мебошад. Аз ҷониби дигар як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.
- Хурсандибахш аст, ки мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст, — иброз дошт раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон ва афзуд: — Рушди ҳамаҷониба бо сохторҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба шумор меравад. Хушбахтона, дар ин соҳаҳо муваффақиятҳои муайян ба даст оварда шудаанд. Аммо, бидуни вазъияти муътадил дар минтақа, ба ҳадафҳо ноил шудан имконнопазир аст.
Аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда шуда, зикр гардид, ки дар ин самт Иттиҳоди Аврупо ва аъзои парлумон тавассути мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон суботи кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ карда метавонад.
- Дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри XXI шарикии мустаҳкамтари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин амалисозии барномаҳои муштарак барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амният, иқтисод, маориф ва тандурустӣ зарур мебошад. Изҳори итминон мекунам, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА қадами нав дар таҳкими муносибатҳои тарафайн хоҳад шуд, — афзуд С. Фаттоҳзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир Н. АЛИЕВ