Аввалан мехоҳам бигӯям, ки банда, бо вуҷуди маъюбу бемор будан, барои ҳалли мушкили зиндагиам борҳо ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардам. Вале касе ба додам нарасид. Ба умеди зиёд аз тариқи рӯзномаи «Садои мардум» арзамро бори охир баён кардан мехоҳам. Боварӣ дорам масъулон хонда, лоақал маслиҳат медиҳанд.
Гап сари он аст, ки ман модари танҳо ва соҳиби ду фарзанди маъюбам. Ҷигарбандонам се нафар буданд, вале духтарам дар синни 13 ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид. Фарзандони маъюбамро, ки яке 12-сола ва дигарӣ 15-сола аст, солҳост табобат мекунам. Дар ин миён саломатиам бад шуда, пои чапамро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло базӯр роҳ мегардам. Дар якхонагӣ, ошёнаи 7-ум, зиндагӣ мекунам. Баромадану фуромадан барои мани маъюб осон нест. Аз ин рӯ, барои беҳтар кардани шароит ба идораҳои дахлдор муроҷиат кардам. Дархостам ин буд, ки маро дар ошёнаи аввал ҷой диҳанд ё ҳавлӣ ҷудо намоянд, ки тавонам бо фарзандони маъюбам зиндагӣ кунам. Ҳамчунин, соҳиби ҳунарҳои зиёде ҳастам, мехостам ягон коргоҳи хурде низ ташкил кунам.
Масъалаи дигар, ки ба ҳалли мушкилотам монеъ аст, гум кардани баъзе аз ҳуҷҷатҳои шахсиам мебошад. Солҳои 1991-1993 дар ошхонаи РКД-и шаҳри Душанбе кор мекардам. Азбаски солҳои ноором буд, ҳуҷҷатҳоямро пайдо карда натавонистам. Баъдан, чанд муддат дар бозор ба кор машғул шудам. Соли 2018, пас аз даводави зиёд, Маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардам ва маъюбонро ба он ҷалб намуда, дӯхтани куртаи чакан, ороиши мӯй ва дигар ҳунарҳоро омӯзонидам. Вале пас аз як соли фаъолият дуздон дороии марказро рабуданд. Ҳоло бознишастаам. Дунё ба умед аст, мегӯянд. Шояд дастгире пайдо шавад.
Бо эҳтиром, Бибикалон Хоҷаева,
сокини кӯчаи Аҳмади Дониш, ноҳияи Шоҳмансур, шаҳри Душанбе