Аз оғози моҳи феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво гарм шуда, дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водии Ҳисор ҳарорат рӯзона ба 26 — 28 дараҷа расид. Даҳаи дуюми моҳи феврал дарахтони бодому зардолу, олу ва қисман шафтолу гул карда, даҳаи сеюми моҳ ҳаво сард гардид. Сардшавии ҳаво ва бориши барф пас аз гулкунии дарахтон табъи бисёриҳоро хира кард. Зеро эҳтимоли сармо задани гули дарахтон зиёд гардид. Оё имкони ба таъхир андохтани гулкунии дарахтон набуд?
Боғпарвари собиқадор, сокини деҳаи Заргарони шаҳри Ҳисор ҳоҷӣ Тағоймурод Нозимов гуфт, ки ҷамъ кардани барфи аввали зимистон дар атрофи бехи дарахтон гулкунии онҳоро ба таъхир меандозад. Бо ин мақсад барфи атрофи дарахтонро дар гирди бехи он ҷамъ меоранду аз болояш оби сард мерезанд. Баъдан, болояшро бо хасу пахол ё аррамайда пӯшонда, боз як қабати дигар барф мерезанд. Ин усул атрофи дарахтро муддате карахт нигоҳ дошта, кушодашавии муғчаҳоро ба таъхир меандозад.
Усули дигар: Ҳангоми маҳкам будани муғчаҳо ба 2 литр оби гарм ним кило карбамид (мочевина) андохта, хуб кофтан лозим. Сипас, онро ба сатили 10 — литра андохта, об илова бояд кард. Бо дастгоҳҳои дорупошак дарахтонро бо ин моеъ коркард намудан лозим. Ин усул гулкунии дарахтонро 7-10 рӯз ба таъхир меандозад.
- Одатан шохи дарахтонро баҳорон қайчӣ мекунанд. Агар ин амал нимаи дуюми тобистон анҷом дода шавад, муғчабандии дарахтон каме тӯл кашида, гулкунӣ як ҳафта дертар оғоз мешавад, — мегӯяд ҳоҷӣ Тағоймурод Нозимов.
Ин усулҳоро ба назар гирифтани боғу токпарварон дарахтонро дар мавсими навбатӣ аз гулкунии бармаҳал ҳимоя хоҳад кард. Хуб мешуд олимони соҳа тавассути шабакаҳои радиову телевизион чораҳои пешгирии гулкунии бармаҳалро аз нигоҳи илмӣ ба сокинони ҷумҳурӣ шарҳ диҳанд.
Барои ҳимояи дарахтони аллакай гулкарда чӣ бояд кард? Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии сармозании гули дарахтон дудкунӣ мебошад. Бо ин мақсад дар чор тарафи боғ ва миёнаҳои он хасу хошок, пахол, барги тари дарахтон, аррамайда, таппак ва картонро ҷамъ оварда, «кӯрдуд» кардан лозим аст. Оташ бояд аланга назанад. Зеро метавонад гулу шохчаҳоро сӯзонад. Аз ин рӯ, тар будани пахолу барг ва картон муҳим аст.
- Дуд мустақиман ҳаворо гарм накунад ҳам, бухоршавии гармии хокро пешгирӣ мекунад. Аз тарафи дигар, дуд намегузорад, ки мавҷи ҳавои хунук ба гулу шохчаҳо осеб расонанд. Ин усул метавонад аз сардии то 4 дараҷа гули дарахтонро ҳифз кунад. Дудкуниро шабона пеш аз яхкунии замин оғоз карда, то 1-2 соати баъд аз баромадани офтобу гармшавии ҳаво идома додан лозим аст, — мегӯяд Шамсиддин Солиев.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, аз сабаби тағйирёбии иқлим дар тамоми гӯшаю канори олам чунин ҳодисаҳои ғайричашмдошт зиёд рӯй дода истодаанд.
Чунончӣ, дар натиҷаи боридани барфи зиёд моҳи феврали соли равон чор миллион хонавода дар 25 иёлоти ИМА бе барқ монданд. Ғайр аз ин, қубурҳои яхкардаи об кафида, манзили бархе аз сокинони ин кишвари абарқудрат пур аз об гашт. Тибқи иттилои рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс», дар натиҷаи сармои шадид 58 нафар дар ИМА ба ҳалокат расиданд.
Баъзе аз сокинони кишвар ба хотири паноҳ бурдан аз сармо дар дохили мошини муҳаррикашон фаъол ва назди генераторҳои дизелӣ аз дуди заҳрнок фавтиданд. Якбора тағйирёбии обу ҳаво боис ба авҷгирии шамолхӯриву бемориҳои роҳи нафас гардид. Агар охирҳои моҳи январ ҳаво 27 дараҷа гарм бошад, оғози моҳи феврал якбора 18 дараҷа хунук шуд. Сокинони иёлати Техас чунин сарморо 30 соли охир надида буданд. Дар ин кишвари абарқудрат тайи чанд рӯз мағозаҳои хӯрокворӣ бе маҳсулот монданд. Зеро мошинҳои боркаш аз сабаби номусоидии обу ҳаво мағозаҳоро сари вақт бо маҳсулот таъмин карда натавонистанд.
Ҳамин гуна барфбории шадид нимаи дуюми моҳи феврал дар Федератсияи Россия ва кишварҳои аврупоӣ низ ба мушоҳида расид. Ин бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки ба тағйирёбии иқлим бепарво набошанд. Соли 1997 дар шаҳри Киотои Япония Протокол - Созишномаи байналмилалӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим қабул шуд, ки он 16 феврали соли 2005 эътибор пайдо кард. Алҳол 190 давлати ҷаҳон ба Протоколи Киото ҳамроҳ шудаанд. Нақшаи миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нарм кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 тасдиқ шудааст, зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани қабули Протоколи Киоторо таъкид намудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 Протоколи Киоторо ба тасвиб расонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2015 дар Конфронси иштирокчиёни Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж изҳор намуданд, ки: «Сарфи назар аз он ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гармхонаӣ ба фазо ночиз аст, новобаста аз ин, яке аз кишварҳои осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим мебошад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодии Тоҷикистон бо оқибатҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим дучор шудаанд. Кишвари мо, ки 93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар айни ҳол 60 дарсади захираҳои оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд».
Натиҷаи тағйирёбии иқлим аст, ки тайи 30 соли охир дар мамлакат беш аз 1000 пиряхи хурд нобуд шуд.
Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) чанде пеш эълон намуд, ки соли 2020 ба ҳисоби миёна гармии ҳаво дар ҷаҳон 14,9 дараҷаи Селсияро ташкид дод. Ин нишондиҳанда аз давраи саноатишавии ҷаҳон (соли 1850) 1,2 дараҷа баландтар мебошад. Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш дар ин бора чунин гуфт: «Мо ба мизони фоҷеабори баландшавии ҳарорати ҳаво ба андозаи 3-5 дараҷаи Селсия наздик шуда истодаем».
Олимон яке аз роҳҳои камкунии ҳаҷми газҳои парникиро дар зиёд кардани масоҳати боғу ҷангал меҳисобанд. Ҳоло ки мавсими ниҳолшинонист, хуб мешуд ҳар як сокини мамлакат ба хотири савоб ва тозагии ҳавою фаровонии бозор ҳадди ақал як ниҳол шинонад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»