ё таърихи эҷоди аввалин шеъри шогирдонаи Абдуллоҳ Қодирӣ
Шоири маҳбуби мо Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз ба шеър гуфтан аз даҳсолагӣ шурӯъ кардааст. Чун сухан аз оғози эҷодиёташ мерафт, бо ҳавасу майли том ба мо қисса мекард.
Боре дар даст расм ва рӯзномаи бо мурури солҳо зардшуда ва дарида наздам омад.
-Тиллоҷон, ин аввалин шеърам, ки соли 1953 бо ҳидоят ва таҳрири устод Тилло Пӯлодӣ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба табъ расидааст.
Ин мулоқотамон 15 ноябри соли 2008 дар дафтари кориям, дар ошёнаи шашуми КВД КТН «Шарқи озод» доир гардида буд. Аз ин вохӯрӣ шаш сол гузашт. Чанде пеш қайдҳоямро аз назар гузаронидам ва дарёфтам, ки аз чопи нахустин шеъри устод Абдуллоҳ Қодирӣ -«Гулбоғи Тоҷикистон» расо 60 сол гузаштааст…
Солҳои аввали шиносоӣ акаи Абдуллоҳ гуфта, муроҷиат мекардам, зеро ба устод гуфтанам эрод мегирифт.
-Устод Рӯдакӣ, устод Айнӣ, устодон Мирзо Турсунзода, Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Тилло Пӯлодӣ ва дигарон ҳастанд. Ман ҳоло ба дараҷаи устодӣ нарасидаам. Акаи Абдуллоҳ гӯед, беҳтар аст.
Аз суҳбатҳо бо Абдуллоҳ Қодирӣ аён гардид, ки ӯ чанд сол пештар ба шеъргӯйӣ шурӯъ кардааст, вале шеърҳои дар коғаз навиштаашро аз мабод, ки ҳамсинфонаш «шоири навқалам» гуфта, масхара мекунанд, нигоҳ намедошт, даронда мепартофт.
Дар даҳсолагӣ шӯру шавқи шоирӣ дар дилам аланга дод ва бадоҳатан мисли шоирони халқӣ шеър мегуфтам. Соро ном ҳамсоядухтар — дугонаи апаам ба хонаамон рафтуомад дошт. Чеҳраи хеле зебо ва назаррабое дошт, аммо аз ман ҳашт сол калонтар буд. Яъне, духтари қадраси 18 — сола. Ба қавли устод Лоиқ, шояд ин ишқи кӯдакӣ буд. Муҳаббатамро бо чанд мисраи шогирдона ба Соро изҳор кардам:
Духтар, духтаре, чӣ ном дорӣ?
-Соро, ай шут бубуро, ки мегирум- та билло.
Бача куние сар- сари даст гардонум,
Духтар куние гаҳвораша шаб ҷумбонум.
Соро духтари шӯх буд ва маро гирди ҳавлӣ пеш карда: -Ман ба Абдулло ба шавҳар мебароям. Абдуллои шоира мегирум, мегуфт. Минбаъд, ӯро дида, аз шарм мегурехтам.
Ба гуфти шарикдарси солҳои донишҷӯиаш профессор Аълохон Афсаҳзод: «Абдуллоҳ Қодирӣ ягона шоирест, ки дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар ҳамин ҷо ба камол расидааст. Яъне, ягона шоирест, ки дар асл ҳам шаҳрдори Душанбе, соҳибватан аст. Мо боқӣ ҳама аз музофотҳо омада, дар пойтахт муқимӣ шудем».
Давраи наврасӣ ва ҷавонии Абдуллоҳ Қодирӣ дар кӯчаи машҳури Гоголи пойтахт гузаштааст. Солҳои аввал дар мактаби миёнаи мардонаи рақами 7 (рӯ ба рӯйи ДДОТ ба номи С.Айнӣ) мехонд. Ба бахти Абдуллоҳ барин хонандагони мактаб, муаллимони шинохта ва ботаҷрибаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко бо маъмурияти мактаб ҳамкорӣ доштанд.
-Устод Тилло Пӯлодӣ дар соли таҳсили 1953, дар синфи ҳафтум, ба мо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Вақте ки муаллим Пӯлодӣ ба синфи мо медаромад, гӯё аз чеҳрааш нур меборид. Синфхонаи равшани мо боз ҳам равшан мешуд. Ҳамеша либосҳои тозаву озода дар бар дошт. Дар дарси аввалинаш аз мо- шогирдон суол кард:
-Дар байни шумо шеърдӯст ё адабиётдӯст ҳаст?
Ҳама маро нишон дода, чун «шоири ҷавон» муаррифӣ карданд.
-Писарам, ягон шеъри нав дорӣ? Шояд барои мо шеър мехонӣ?
Мани шоир дар ҳолати ногувор монда, даст ба ҷайбам задам ва коғази молишхӯрдаро ба муаллим Тилло Пӯлодӣ дароз кардам.
-Сухан аз забони Луқмон хуш аст,- афзуд Пӯлодӣ.
Ман назди тахта баромада, шеъри нав эҷодкардаамро аз рӯйи коғаз хондам. Шеър «Гулбоғи Тоҷикистон» ном дошт. Ҳамсинфонам қарсак заданд.
Муаллим Пӯлодӣ табассумкунон наздам омада, коғазро аз дастам гирифт.
Баъди як моҳ мақолаи муаллим таҳти унвони «Кружоки нав» дар бораи навқаламони мактаб ва нахустин шеърам бо каме таҳрир дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» аз 15 ноябри соли 1953 №46 (1248) чоп шуд:
Гулбоғи Тоҷикистон
Чунин боғе бидидам дар табассум,
Намудам васфи неки ӯ тараннум.
Ба ӯ гуфтам, ки эй гулбоғи зебо,
Шудӣ аз меҳнати моён дилоро.
Ба хурсандӣ дар он ҷо дам гирифтам,
Ҳавои тозаву форам гирифтам.
Чу баргаштам ба сӯи манзили худ,
Зи шодӣ ранги рӯи ман чу гул буд.
Ба васфи боғу роғи Тоҷикистон,
Чу булбул месароям аз дилу ҷон.
Дар пешгуфтори шеър омада буд:
«…Ин шеър гарчанде ниҳоят сода, каммазмун ва аз ҷиҳати маҳорат суст бошад ҳам, лекин аз таҳти дил гуфта шудааст ва гувоҳӣ медиҳад, ки хонанда А.Қодиров ,агар кӯшиш кунад, дар оянда шеърҳои хуб ба вуҷуд оварда метавонад.
Т. Пӯлодӣ, роҳбари кружоки адабӣ- бадеӣ, муаллими забон- адабиёти мактаби миёнаи мардонаи №7- и шаҳри Сталинобод».
Инро метавон нахустин фотеҳаи шоири шинохта ба шогирди навқаламаш номид. Аз ин рӯ, ман Тилло Пӯлодиро нахустин устодам дар шеъру шоирӣ медонам. Вақте ки шеърам дар рӯзномаи он замон бонуфузи наврасон чоп шуд, маро дар мактаб шоир гуфта, муроҷиат мекарданд. Аз ин пас, ба суханронӣ, роҳгардӣ ва шиштухези устод пайравӣ мекардам. Муаллим Тилло Пӯлодӣ дигар маро назди тахтаи синф намехонд. Ба донишам қоил буд. Танҳо дар маҳфили адабӣ суҳбат мекардем.
Тавре ки Абдуллоҳ Қодирӣ нақл мекард, устод Пӯлодӣ дар мактабашон маҳфили «Адибони ҷавон»- ро ташкил кард. Дар ин маҳфил хонандагони мактаб Абдуллоҳ Қодиров, Ҷӯра Латифов, Ҳамроҳқул Зуҳуриддинов, Б.Хаимов, А.Ҳотамов ва дигарон фаъолона иштирок мекарданд. Бо гузашти солҳо аз маҳфили мактабии Пӯлодӣ танҳо як шоири машҳури лирик ва ғазалсаро Абдуллоҳ Қодирӣ (баъдҳо Мумтоз) ба арсаи адабиёт қадам ниҳод. Ҷӯра Латифов дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, сиёсатмадори шинохта шуд. Ҳамроҳқул Зуҳуриддинов бошад, яке аз меъморони шинохтаи ҷумҳурӣ гардид.
Пас аз як соли чопи шеъри аввал Абдуллоҳи наврас бо ҳидояти муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» Абдумалик Баҳорӣ ва ходими ҳамин рӯзнома шоир Акобир Шарифӣ минбаъд бо имзои Абдуллоҳ Қодирӣ шеър менавиштагӣ шуд.
Баъди он ки бо кумаки Тилло Пӯлодӣ аввалин шеъри шогирдонаи Абдулло Қодиров (баъдҳо Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз) дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (аз 15 ноябри соли 1953) чоп шуд, рӯзнома ба дасти падараш Қодир расид. Ҳамон рӯзҳо дар хонаашон фақат сифати Тилло Пӯлодиро мекарданд. Бахусус, Абдулло. Аз ин лиҳоз, падар рӯзе Абдуллоро наздаш хонда гуфт:
-Писарам, муаллими шоират Пӯлодиро ба хона ба меҳмонӣ даъват кун. Канӣ бинем, ба таърифҳоят меарзад…
-Падарам шеърдӯсту шеърдон буд. Вай дар бораи Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва Румӣ қиссаҳо мекарду бо порчаҳои шеърӣ суханҳояшро тақвият мебахшид.
Рӯзи дигар ба мактаб омада, муаллим Пӯлодиро дида, пас аз салом даъвати падарамро расонидам. Он кас даъватро пазируфтанд. Падарам марди меҳмондӯст ва дастархондор буда, он солҳо дар артели Комбинати хӯроквории шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) захирагар (заготовитель) шуда кор мекард. Идораашон рӯ ба рӯйи бозори Путовский воқеъ буд. Оилаи мо дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашид. Падарам пеш аз омадани меҳмони муътабар гӯсфанде сар бурида, худаш кабоби болаззате тайёр кард.
Рӯзи муқарраршуда устод Пӯлодӣ ба ҳавлиамон (воқеъ дар кӯчаи Гоголи шаҳри Душанбе) омад. Суҳбат то бегоҳ тасфид. Падарам бештар аз эҷодиёти Бедил пурсида ва ҷавобҳои наку мегирифт. Дар хотимаи маҳфили онрӯза Пӯлодӣ аз бедилдонии падарам қаноатманд гашт.
Баъди мулоқот муаллим Тилло Пӯлодӣ дар мактаб бо ман вохӯрда, гуфт:
-Падарат аз аҳли фаҳм будааст. Оқилу донишманд, аз ашъори классиконамон хеле хуб огоҳӣ дорад…
-Ман аз ин баҳои муаллим ва устодам ниҳоят сарбаланд шудам. Бояд гӯям, ки ин ду шахс — падарам ва устод Пӯлодӣ бо ҳам шиноси наздик шуда, дар тарбия ва ташаккули ман чун инсон ва шоир нақши босазо гузоштаанд. Баъдҳо ин дӯстии хонаводагии мо, бахусус дӯстии ман бо фарзандони устод — Шодӣ ва Ватан идома ёфт. Аҳли оилаашон маро чун шогирди вафодори Пӯлодӣ ҳурмат мекарданд.
Бо мурури солҳо суруду таронаҳо ва шеърҳои лирикии навиштаам –«Аз он лабон бӯса бидеҳ» дар иҷрои Рена Ғолибова, «Нозанин ёри ман»- триои занона: Нуқра Раҳматова, Улфатмоҳ Мамаданбарова ва Майсара Дилдорова, «Дили ёрам»- Орифшо Орифов ва Пӯлод Булбул –оғлӣ, «Эй шӯх аҳдат нашканӣ» -Зафар Нозимов, «Боз кай меойӣ» -Шоиста Муллоҷонова, «Дилрабо куҷойӣ, ёд кун ту моро» -Адолат Комилова ва дигар суруду таронаҳоям писанди мухлисони созу суруд шуданд.
-Минбаъд маро чун шоири лирик ва суруднавис мешинохтанд. Ҳамкориям бо шоирон ва оҳангсозон оғоз ёфт. Устод Пӯлодӣ аз ин комёбии ман хеле ифтихор дошт ва дар маҳфилҳои адабӣ маро чун шогирдаш муаррифӣ мекард,-дар охири суҳбат изҳор намуд устод.
Инак, аз чопи аввалин шеъри шогирдонаи Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз расо 60 сол гузашт. Дар ин муддат устод ба дараҷаи баланди шоирӣ расид. Шеъру сурудҳое гуфт, ки имрӯзҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ машҳур шуд. Вале чун сухан аз шеъру шоирӣ мерафт, Абдуллоҳ Қодирӣ, пеш аз ҳама, номи устодаш — Пӯлодӣ ва чопи шеъри аввалинашро чун шогирди вафодор қисса мекард ва ифтихор дошт, ки шогирди ӯст. Имрӯзҳо устодон Тилло Пӯлодӣ ва Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз бо мо нестанд, вале дар ҷашну маҳфилҳо шеъру сурудҳояшон вирди забони нотиқон ва сарояндагон аст. Суруду таронаҳое, ки ин ду шоири маъруф эҷод кардаанд, умри ҷовидонӣ доранд ва ба василаи ашъори ноб, номашон низ дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд.
Дар суратҳо: хонандаи синфи ҳафтум Қодиров Абдулло (соли 1953) ва солҳои охири ҳаёти Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум». Суратгир А.Исоев