Мусоҳиба бо декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, номзади илми педагогӣ Манзура Мадатзода дар робита ба Рӯзи Модар
- Ба андешаи инҷониб, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шуд занҳоро рӯҳбаланд намуд.
- Бо шумо комилан ҳамфикрам. Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвараш чунин фармонро имзо кардаанд.
Ифтихормандем, ки ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон ҳама тадбири заруриро андешида истодаанд.
Роҳбари мамлакат мунтазам ба занону модарон арҷ гузошта, дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».
Инсон нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Аз ин лиҳоз, нахустин омӯзгори одам модар маҳсуб шуда, ба шарофати ӯ дар вуҷудаш адабу хислатҳои ҳамида зуҳур мекунанд.
Нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд барҷаста мебошад. Бузургии модар беназир буда, маҳз ба ҳамин хотир ҳар фарди тарбиятдидаву оқил умрро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи ӯро то лаҳзаи охирини ҳаёт пос медорад. Барои мо ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон бонувонро «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.
Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ гардиданд.
- Кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар назар доред?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, конвенсияҳои байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи занон» (Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993), «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан» (Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999)-ро ба тасвиб расонд.
Дар маҷмӯъ, солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид. Ин ҳама, албатта, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, тавсеаи нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули бонувон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият — иҷроия, қонунгузор, судӣ ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзуд.
Илова бар ин, таъсиси грантҳои президентӣ замина фароҳам овард, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавиашон, ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири бевосита расонанд. Ҳамин иқдом боис шуд, ки бонувони зиёд ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд.
Ин ҳама нишонаи дастгирии занону духтарон буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷомеа суханони Пешвои миллат -«Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доимо пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд»-ро сармашқи фаъолият қарор додаанд.
Агар ба гузаштаи начандон дур назар андозем, муътақид хоҳем шуд, ки ҳатто дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ, зани тоҷик мақому мартаба надошт, ки ҳозир дорад. Далел: он замон дар қисмати аъзами вазифаҳои баланди давлатӣ намояндагони миллати ғайр фаъолият мекарданд ва расидан ба чунин маснадҳо барои зани тоҷик шабеҳи афсона буд.
Аз ин нуқтаи назар эътироф бояд кард, ки соҳибистиқлол гардидани кишвар баҳри таъмини мавқеи арзанда ва устувори зан – модар шароиту имконоти заруриро муҳайё намуда, ба таври бесобиқа зани тоҷикро ба арсаи сиёсат ворид намуд.
- Бобати тақлидкории занону духтарон дар мавриди либос чӣ назар доред?
- Шояд барои «баъзе»-ҳо ин масъала на чандон муҳим ба назар расад, вале муносибати сатҳӣ ва созиш намудан ба ин раванд пайомадҳои ногувор дорад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Модар зикр намуданд, ки «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
- Ба андешаи Шумо корҳои ба анъанаҳои миллӣ носозгор аз чӣ маншаъ гирифтааст?
- Дар навбати аввал ба заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардон рабт дорад. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксар ашхоси хурофотпараст ва ба андешаҳои бепояи мазҳабӣ пойбанд кӯшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон, баробари аз таҳсил дар канор мондан, зери ҳиҷоб низ бошанд.
Ин ҷо нақши муҳимро таҳмили андеша аз ҷониби ашхоси ҳавасманд, ки барояшон чунин ашхос шабеҳи манқуртанд, мебозад. Зиёд шунидаем, ки чунин «мулло»-ҳо ва думравонашон ба таври густурда таблиғи зери ҳиҷобу сатр, хоса сатру ҳиҷоби сиёҳ, қарор додани занонро менамоянду теъдоди онҳое, ки ин «тавсия»-ҳоро филфавр амалӣ мекунанд, кам нестанд. Сониян, қисмати зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва моҳияти онро намедонанд ва то ҳадде пойбанди хурофот шудаанд, ки донистан намехоҳанд.
Банда ҳарчанд коршинос нестам, вале хуб медонам, ки мартабаи зан-модар дар дини мубини ислом хеле баланд аст. Марди оқил, қавиирода ва огоҳ ҳеҷ гоҳ ба зан ҷабр намекунад.
Чун баъзе аз мардон дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кӯшиш менамоянд то аҳли хонаводаашон дар «муҳосира»-и равонӣ қарор дошта бошанд. Ботини чунин нафарон то андозае бад аст, ки дар симои ҳар бонуе, ки тарзи замонавӣ либос мепӯшад, зани сабукпоро мебинанд.
Чунин ашхос зимни таҳмили андешаҳояшон ба пайвандон фарҳанги ниёконро мисол меоранд, ки билкул нодуруст аст. Беҳтарин посухро ба чунин кӯрдилон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Модар доданд.
Таъкид намуданд, ки «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест».
Хулоса, мардонро лозим аст, ки ҳифзу арҷгузории оиларо ҳамчун падидаи муҳимтарини иҷтимоӣ дар мадди назар қарор дода, бо қавииродагӣ, ҳамқадами замон будан, арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои модар, ҳамсар ва хоҳару дигар пайвандон симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро, ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд, бегазанд нигоҳ доранд.
Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»