Мусоҳиба бо Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илҳои техникӣ
- Дар ибтидо Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, бароятон хушбахтиву саодатмандӣ орзумандем. Бешубҳа, сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан — модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
- Ташаккур. Дар урфият мегӯянд, ки зан созандаву ободгар аст. Ҳастии инсонро бе вуҷуди зан тасаввур кардан нашояд. Одатан, занро ба баҳор ташбеҳ медиҳанд, ки комилан дуруст аст. Зеро занон бо нуру тароват ва гармии эҳсос рӯзгорро гармиву сафо мебахшанд. Фикр мекунам, азизтарин шахс модар аст ва қадру манзалати ӯро танҳо касе медонад, ки соҳиби дили бузург аст. Аз ин рӯ, модарон тимсоли муҳаббату рафоқат мебошанд ва месазад, ки барояшон аз муҳаббату садоқат бештар ҳарф занем. Дар ҷомеаи кунунӣ масъулияти зан — модари тоҷик бештар гардидааст. Аз он хотир, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои зиёди геополитикӣ, ҷангҳои иттилоотӣ фаро гирифтаанд. Ангезаи ин ташвиқоти нодуруст дар зеҳну шуури фарзандон таъсири манфӣ расонида метавонад. Яъне, бо ҷурми холигиҳои фазои маънавӣ қисме аз ҷавонон гумроҳона ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд. Зимнан, вазифаи модарон аст, ки фарзандонро аз рафтан ба роҳи бад боздоранд. Чун табиатан фарзандон нозпарвардаи модарон ҳастанд, таъсири сухани модар бештар дар зеҳну шуури онҳо ҷо хоҳад шуд. Пас, мебояд, дар баробари иҷрои корҳои муҳими давлатӣ, ба тарбияи фарзандон, такмили ахлоқу дунёи маънавиашон кӯшиш ба харҷ диҳем.
- Оё мақоми ҳозираи зан — модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
- Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои баланд бардоштани нақш ва манзалати занон даҳҳо барнома рӯи кор омада, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» чанд мушкили бонувони тоҷикро аз байн бурд. Ҳоло ягон соҳае нест, ки дар он нақши дастони онҳо набошад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон зан — роҳбар, зан — иқтисодчӣ, зан — бонкдор, зан — кишоварз ва ниҳоят, зан бонуи хонадон аст. Бояд зикр кард, ки ҳастиро бе зан — модар тасаввур кардан нашояд. Бамаврид аст аз суханони Сарвари давлат ёдовар шавем, ки гуфтаанд: «Бемуболиға, тақдири имрӯзаву ояндаи миллат ба шумо вобастагии бузург дорад. Ин нақши созандаи шуморо дар ҳаёти ҷомеа ҳеҷ кас паст карда наметавонад».
Воқеан, чун аз мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеаи муосир ҳарф мезанем, бояд гуфт, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Модарон бо дастони пурмеҳр ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан баён гардидааст.
- Ба андешаи Шумо, дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? Ба ибораи дигар, зан — модар будан мушкилтар шудааст ва ё бараъкс?
- Дар ягон давру замон мисли даврони соҳибистиқлолии кишвар занон соҳибихтиёр ва донандаи ҳуқуқҳояшон набуданд. Беш аз 20 сол мешавад, ки бо иқдоми Сарвари давлат ба хотири беҳдошти вазъи ҳуқуқии занон дар кишвар Квотаи президентӣ амал мекунад. Фикр мекунам, тайи ин солҳо садҳо нафар кадрҳои баландихтисоси соҳа аз ҳисоби занону духтарон ба камол расиданд. Дар Ҳукумати мамлакат, вилоятҳо, вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳии кишвар вазифаи яке аз муовинонро занон иҷро мекунанд. Дар парлумони ҷумҳурӣ низ 15 нафар занони бомаърифат фаъолият доранд, ки бо дониши баланду мавқеи устувор дар таҳияи қонунҳо саҳм мегузоранд. Мушкилӣ дар ҳама давру замон буд, вале иродаи шикастнопазири зан — модар имкон медиҳад, ки монеаҳо бартараф шаванд. Бо иродатмандии Пешвои миллат зан – модар ҳоло дар ҷамъият мавқеи баланд дорад. Албатта, ин хеле хушоянд аст. Умуман, дар ҷомеаи суннатӣ муносибат ба модар ибратбахш аст. Як мисол аз мушоҳидаҳои шахсӣ меорам. Рӯзе модареро дар хиёбони шаҳр дидам, ки бо мушкилии зиёд аз бозор меомад. Ду ҷавон ба вай кумак расонида, борашро то нақлиёти мусофирбар бурда монданд. Магар ин боло будани қадру манзалати зан нест. Пас, офарин мегӯем ба устодону волидоне, ки насли ояндасозро тарбия менамоянд.
- Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан будан бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?
- Хушбахтона, дар муҳите зиндагӣ дорам, ки ягон вақт ҳамчун зан ба маҳдудият, мушкилӣ ва дастрасӣ ба имкониятҳо барои рушду нумӯи шахсият дучор нашудаам. Гумон мекунам, ки инсон, новобаста аз марду зан будан, масъули тақдир мебошад.
Гумон мекунам, ки хоҳ зан, хоҳ мард бояд, пеш аз ҳама, кӯшиш намояд, ки инсони комил бошад. Як нуктаро мехоҳам махсус таъкид намоям. Дар ягон давру замон ба мисли Пешвои миллат нисбат ба зан — модар, мақом ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ғамхорӣ зоҳир нашудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки насли ҷавон анъанаҳои нек, эҳтироми зан — модарро аз даст надодаанд. Дар бораи лаҳзаи хотирмон гуфтаниам, ки беҳтарин лаҳзаи ҳаёт пешбарии номзадиам аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Анҷумани он дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
- Тавофут миёни занону духтарони соҳиби маълумоти олӣ ва бемаълумот ё фарқ миёни хонашинҳо ва коргарон аз нигоҳи Шумо дар чист?
- Дар ин маврид ман муътақидам, ки Пешвои миллат барои занону бонувони мамлакат ҳама имкониятро барои таҳсилу кору зиндагӣ, фаъолияти меҳнатӣ ба вуҷуд овардаанд, зеро дар ҳама раванди ҳаёт маҳз модар дар тарбияи фарзанд, оила нақши муҳимро мебозад. Ҳар қадаре ки модар босавод, бофарҳанг бошад, фарзанд ба ҳамин андоза шахси хушахлоқу бомаърифат ба воя мерасад. Яъне, ҳар қадар ки занону бонувон соҳибмаърифат бошанд, хоҳ хонашин, хоҳ корманд, ба ҳамон андоза ҷамъият пеш меравад.
- Таманниёти Шумо ба хонандагони рӯзнома?
- Чун суҳбат дар рӯзҳои аввали фасли бениҳоят зебои сол, яъне баҳори хуррам, дар остонаи Рӯзи Модар ва таҷлили соли нави аҷдодӣ — Наврӯзи Аҷам, инчунин дар давроне доир мегардад, ки мардуми кишвар барои ҷашни пуршукӯҳи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинанд, ба муносибати ин идҳои пуршукӯҳ хонандагони азизи нашрияро самимона табрик мегӯям ва ба онҳо бахту саодат, иқболи нек, хонаободӣ ва хушиҳои зиндагиро орзумандам.
«Садои мардум»