Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 15-уми марти соли равон ҳамоише дар ёди ҳамсафони хеш бо номи «Нур» баргузор карданд. Қисмати ороишотии маҷлисгоҳ аз аксҳои собиқ асосгузорони ҳизб Абдуллои Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва чанд нафари дигаре аз аъзои ҳизб, ки дар давраи осоишта алайҳи ҳукумати конститутсионӣ силоҳ бардоштанд, ё дар амалҳои иртиҷоию террористӣ даст доштанд (ниҳодҳои масъули давлатӣ аз нигоҳи қонун ба ин амал чӣ мегуфта бошанд?) иборат буд.
Албатта, ёд кардани гузаштагон амали хайрест. Ба шарте ки ин амал берун аз мақсадҳои сиёсӣ мебуд ва бад-ин васила иддае рӯйи захмҳои аз воқеаҳои нангину сангин дар қалбҳо вомонда ханҷол намекашиданд.
Нахуст мехоҳам ба як нукта ишора кунам, ки Абдуллои Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳарчанд аз лиҳози донишу маърифати динӣ дар муқоиса бо дигар намояндагони доираҳои исломии Тоҷикистон бартарият доштанд, шахсияти одӣ буданд. Дар миёни як гурӯҳ ё ҳизби на чандон бузурги сатҳи қишлоқӣ-ноҳиявӣ таъсиру нуфуз доштанд ва ҳаргиз наметавон онҳоро шахсияти сатҳи миллӣ хонд. Бадбахтона, ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо, номи эшонро ба атрофиён ҷанги нангини бародаркуш муаррифӣ кард ва гарчӣ талх аст, бояд қоил шуд, ки дар ин даргирӣ онҳо дасти бевосита доштанд. Ва он чӣ дастандаркорони ҲНИТ ҳамеша аз нақши боризи ин ду нафар дар роҳи эҷод ва ба даст овардани оштии миллии тоҷикон таъкид мекунанд, он қаҳрамонӣ барои миллат нест. Онро метавон қаҳрамонӣ дар замири худ донист, пирӯзӣ дар пазириши воқеият, бологузории арзиши некӣ бар аҳриманӣ, пирӯзӣ бар неруи такондиҳандаи манофеи шахсӣ-гурӯҳӣ, ки аз таъсири беруна маншаъ мегирифт, дарку қоилшавӣ бар иштибоҳи карда ва талош баҳри ислоҳи он. Маҳз барои ҳамин иқдоми савоб, метавон ба ин ду нафаре, ки дигар бо мо нестанд ва ба дигароне, ки дар пайроҳаи сулҳи тоҷикон гом бардоштанд, изҳори сипосу ташаккур гуфт. Чунки дар муқобили онҳо ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода барин ашхосе низ буданд, ки дар мамолики амн, аз қабили Эрон, маишат доштанду новобаста аз садҳо ҳазор қурбонӣ, андешаи сулҳро ба гӯшаи хотир роҳ намедоданд. Аз ҳисоби ин ҷанг, таҳти баҳонаи таъмини «муҷоҳиддин», ба ғундоштани сарват машғул будаву сари ҳар қадам барои барқарории сулҳи миёни тоҷикон мамониат эҷод мекарданд.
Имрӯз аст, ки Тӯраҷонзода дар ҳамоиш мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ ҷонибдори он набудем, ки барои мансаб як қатра хун рехта шавад. Мо марди сулҳ ҳастем на марди мансабу ҷанг». Аммо, новобаста аз садҳо ҳазор ҷони қурбоншуда, ӯ озими Тоҷикистон нашуд, то даме ба вай мансаби муовини Сарвазирро надоданд.
Аммо се сол қабл, нақши пешвоёни марҳуми ҲНИТ-ро дар истиқрори сулҳ маҳз ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода зери суол бурда буд. Рӯ меорем ба ҳафтаномаи «Миллат», №44 (322) аз 02.11.2011 с.):
«Хабарнигор: -Ин ҷо манзури ман он аст, ки гӯё устод Раббонӣ шуморо, яъне раҳбарияти вақти Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷикро барои сулҳ кардан бо Ҳукумати Тоҷикистон маҷбур сохта будааст?
Тӯраҷонзода: -Шахсан маро маҷбур накарда буд, вале наҳзатро ва домулло Нуриро маҷбур карда буд. Инро ҷойи пинҳон карданаш нест. На танҳо моро маҷбур ба сулҳ кард, балки Аҳмадшоҳ, Худо раҳматаш кунад, шашсад тан размандаи моро халъи силоҳ кард.
Аз ҳамин ҷо метавон хулоса кард, ки нақши асосиро дар бозгардонии сулҳ ба Тоҷикистон кӣ бозидааст».
Аз ҳамин дид метавон гуфт, ки ҳамоиши номбурда на маҳфили ёдбуд, балки чорабинии сирф сиёсие буд, ки дар он номи пешвоёни ҲНИТ ба хотири таблиғи ҳизб дар назди чанд дипломати хориҷӣ моҳирона истифода бурда шуд. Вагарна аз нигоҳи шариати ислом барои ёд намудани як мусулмон танҳо дуоест, ки дар ҳаққи ӯ тиловат мегардад ва дар пояи тавоноӣ хайри ноне барои бенавоён. Ягон шахси реҳлаткарда барои чунин маросимҳо ниёз надорад.
Меҳриддини Сайидо