Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва дигар паҳлуҳои зиндагии сокинони ноҳияи Мурғоб бо раиси он, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусния Раҷабзода суҳбат оростем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар оғоз Ҳусния Раҷабзода иброз дошт, ки дар заминаи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таҳти № 726 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2016 — 2020», дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд, соҳибкорони маҳаллӣ, сокинони саховатпеша ва истифодаи захираю имкониятҳои мавҷуда, аз 121 лоиҳаи ба маблағи 213,9 млн. сомонӣ пешбинигардида 52,1 фоизи нақшаи барнома иҷро гардид.
- Тибқи қарори раиси ВМКБ аз 3 феврали соли 2020 таҳти № 33 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб барои солҳои 2021 — 2025», қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 21 феврали соли 2020 таҳти № 57 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои солҳои 2021 — 2025» қабул гардида, барои иҷро ба шаҳраку ҷамоатҳои деҳот, идораву муассисаҳои ноҳия ирсол шуд, — афзуд раиси ноҳия ва дар идома гуфт: — Мавриди зикр аст, ки табақаи ниёзманди кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, соли 2020 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон, аз ҷумла 14 аробачаи маъюбӣ, 7 асо то оринҷ, 12 асобағал, 11 асои муқаррарӣ, 11 дастгоҳи шунавоӣ ва 7 аробачаи роҳгардӣ (ходунок) ба шахсони имконияташон маҳдуд тақдим шуд. Инчунин, ба маъюбони гурӯҳҳои 1-2, маъюбони то 18 — сола ва ятимон 117 000 сомонӣ мукофоти пулӣ ҳадя гардид.
Дар асоси Қарори Ҳукумати кишвар аз 27 ноябри соли 2020 таҳти № 600 «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ», ба 245 нафар иҷозатнома дода шуд. Аз тарафи Сарвари давлат 136 тонна маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ барои духтурони беморхонаи марказии ноҳия, беморон ва шахсони ниёзманд ҳамчун туҳфа дастрас гардид.
- Ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистон кадом корҳо амалӣ шуданд?
- Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2020 таҳти № 101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021» қарори раиси ноҳияи Мурғоб аз 27 апрели соли 2020 таҳти № 149 қабул гардида, ҳайати ситоди ноҳиявӣ ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд. Дар ин замина нақшаи захира намудани маводи сӯхт барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 қабул шуд. Дар асоси он 2850,8 тонна ангишт ва 3867 м3 ҳезум захира гардид. Аз ҷумла, барои соҳаҳои маориф 868,2 тонна ангишту 2172 м3 ҳезум, тандурустӣ — 355,3 тонна ангишту 747 м3 ҳезум, фарҳанг — 117,3 тонна ангишту 298 м3 ҳезум, ташкилоту идораҳои буҷетӣ 210 тонна ангишту 650 м3 ҳезум ва барои таъмини ниёзи аҳолии ноҳия 1200 тонна ангишт равона шуд.
Ҳоло 2682,8 тонна ангишт харидорӣ гардида, аз он 902,4 тонна ба соҳаи маориф, 355 тонна ба тандурустӣ, 123,9 тонна ба соҳаи фарҳанг, 280,5 тонна ба идораву муассисаҳои маҳаллӣ ва 1021 тонна ба сокинони ноҳия тақсим шуд. Инчунин, 2932 м3 ҳезум харидорӣ гардида, ба соҳаи маориф 1402 м3, тандурустӣ 569 м3, фарҳанг 311 м3 ва идораву муассисаҳои маҳаллӣ 650 м3 ҷудо шуд. Илова бар ин, дар ноҳия 12 нуқтаи фурӯши ангиштсанг фаъолият доранд.
Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 20 октябри соли 2020 таҳти № 396 «Оид ба ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби маблағҳои махсуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҷиҳати расонидани кумаки яквақта ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо, ятимон барои таъмини ангиштсанг бо нархи арзон» ва мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 752 оилаи ниёзманд бо 158 тонна ангишт таъмин гардиданд.
Аз ҳисоби намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Захира дар Бадахшон»-и Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум бо нархи дастрасу арзон ба фурӯш бароварда шуд.
- Омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар кадом сатҳ аст?
- Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 2018 таҳти № АП-1059 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарону фаъолони ноҳия фаъолияти мунтазам доранд. Нақшаи чорабиниҳои марбут ба омодагӣ ба ҷашн аз се қисмату 35 банд иборат буда, 18 банди он ба маблағи 223 621,3 ҳазор сомонӣ пурра иҷро гардид. Инчунин, аз рӯи 10 банд ба маблағи 1790,4 ҳазор сомонӣ корҳои созандагиву ободонӣ ҷараён дошта, ҳафт банди дигар ба маблағи 1130 ҳазор сомонӣ давоми соли ҷорӣ ба иҷро расонида мешавад.
Ҳоло бунёди иншооти майдони Парчаму Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2500,0 ҳазор сомонӣ, толори варзишии деҳаи Кунакурган бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ, меҳмонхонаи деҳоти «Қаракӯл» ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ, панҷ адад чоҳи обӣ ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ, меҳмонхона дар шаҳраки Мурғоб ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи сӯзишворӣ дар деҳоти «Қаракӯл» ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва сохтмони даромадгоҳи шаҳраки Мурғоб ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ идома доранд.
- Неруи барқ дар ноҳия то чӣ андоза дуруст истифода мешавад?
- Соли 2018 дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия Неругоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии 15 кВт дар Непал дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Соли 2020 НБО «Тоҷикистон» сокинонро бо 3 миллиону 899 ҳазор кВт қувваи барқ таъмин намуд. Талафоти барқ дар ин давра 4,46 фоизро ташкил дод. Ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи барқ ба 99 фоиз баробар буда, қарздорӣ аз он танҳо 15 ҳазор сомонӣ мебошад, ки он ҳам аз ҳисоби идораву муассисаҳои маҳаллӣ аст. Истеҳсоли неруи барқ дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 7600 кВт/ соатро ташкил медиҳад.
Моҳи ноябри соли 2020 бо иштироки раиси вилоят Ёдгор Файзов дар маркази ноҳия неругоҳи нави офтобӣ бо иқтидори 220 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сокинон баҳри истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳар рӯз талош намуда, ҷиҳати худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот миёни аҳолӣ пайваста суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронида мешаванд.
- Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кадом корҳо амалӣ шуданд?
- Дар деҳоти «Ғоҷо Бердибаев» ва «Рангкӯл» хизматрасонии сайёҳии табобатӣ бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ ва шароити зарурӣ ташкил гардид. Инчунин, дар соҳили кӯлҳои «Қаракӯл»-у «Рангкӯл» сайёҳии саворӣ бо истифода аз аспу шутур ва қутосҳо ташкил гардида, имконияти ҷалби сайёҳон боз ҳам бештар шуд.
Соли 2018 дар ноҳия осорхонаи замонавии «Марко — Поло», нуқтаи фурӯши армуғону туҳфаҳои мардумӣ таъсис ёфта, ҳоло се нуқтаи ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад. Соли 2020 дар деҳаи Қаракӯл сохтмони меҳмонхона оғоз гардида, он то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Ҳамин тариқ, рушди ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Сокинон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамеша дастгирӣ намуда, аз ғамхориҳои пайвастаашон миннатдоранд.
Мусоҳиб М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»