Нуҳуми марти соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Аъзои Шӯро баъди баррасӣ масъалаҳо «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №297 «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро, ки аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода шарҳу тавзеҳ дода шуданд, барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод карданд.
Масъалаҳои дигар «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода шарҳ ёфтанд, барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супурда шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ