Силоҳе, ки тираш сухан аст

№33 (4295) 12.03.2021

МАТБУОТаммо, агар қонун иҷро нашавад, он ба ҳадаф мерасад?

Воқеан, ҷомеаро бе фаъолияти воситаҳои ахбори омма (ВАО) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Он дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда, аз хурдтарин рӯйдод то бузургтарин таҳаввулоти рӯзгори сокинони кураи заминро инъикос менамояд. Дар баробари ин, ВАО дар муборизаҳои геополитикӣ ҳамчун силоҳ низ истифода мешавад, ки самаранокии онро сиёсатшиносон бузургтар аз силоҳҳои замонавӣ арзёбӣ кардаанд. Дар Тоҷикис­тон низ ҳама шакли ВАО фаъолият дорад. Барои фаъолияти озоди онҳо аз ҷониби давлат заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Сардори Раёсати матбуот ва табъу нашри Вазорати фарҳанги кишвар Раҳмоналӣ Шералиев низ бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

- Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, асосан, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд, — изҳор намуд ӯ ва афзуд, ки моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад.

Бино ба маълумоти Раҳмоналӣ Шералиев, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти № 97 «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ», то якуми январи соли 2021 дар Вазорати фарҳанг 376 рӯзнома (112 адад давлатӣ ва 264-тои он хусусию ҷамъиятӣ), 245 маҷалла (114 — давлатӣ ва 131 — хусусию ҷамъиятӣ), 319 матбаа (37 — давлатӣ, 282 — хусусию ҷамъиятӣ), 71 нашриёт (10 — давлатӣ ва 61 — хусусию ҷамъиятӣ), 11 агентии иттилоотӣ (1 — давлатӣ ва 10 — хусусию ҷамъиятӣ) ба ҳисоб гирифта шудааст. Ин рақамҳо мутаносибан 26,8 дарсад муассисаҳои давлатӣ ва 73,2 дарсад муассисаҳои хусусию ҷамъиятиро ташкил дода, аз сатҳи болои озодии баён ва рушди мунтазами соҳа дар мамлакат дарак медиҳад.

- Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар барои рушди соҳа имконот ва шароити мусоидро фароҳам сохт. Барои муқоиса, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 191 рӯзномаву маҷалла интишор мегардид, ҳоло теъдоди онҳо ба 621 адад расидааст, ки 395-тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Дар ҳоле ки солҳои аввали истиқлолият дар кишвар танҳо 1 агентии иттилоотӣ фаъолият мекард, ҳоло теъдоди онҳо ба 11 расидааст, ки аз ин шумора 10 агентӣ ҷамъиятиву хусусӣ мебошад, — афзуд ­Раҳмоналӣ Шералиев.

КАДОМ МЕЪЁРҲО ИҶРО НАМЕШАВАНД?

Яке аз санадҳои асосие, ки фаъолияти матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро дар кишвар ба танзим медарорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» мебошад. Он 19 марти соли 2013 дар таҳрири нав аз ҷониби Президенти кишвар имзо шуда, мавриди амал қарор гирифт. Дар баробари ин, чанд қонуни дигар, фармонҳои Президент ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амал намуда, фаъолияти ВАО-ро ба танзим медароранд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи ВАО дар кишвар комилан таъмин аст, аммо баъзан ба таври бояд иҷро нашудани меъёрҳои қонунгузорӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷост, ки ҳар сари чанд вақт рӯзноманигорон аз мавҷудияти мушкилоти гуногуни дар рафти фаъолият бавуқӯъомада садо баланд мекунанд. Ҳатто чанд сол пеш муҳаррири яке аз нашрияҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон бинобар ҳамкорӣ накардани мақомоти давлатӣ бо нишони эътироз саҳифаи аввали рӯзномаро холӣ чоп кард. Ҳол он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат дода, мансабдорони давлатиро муваззаф кардааст, ки ҳангоми муроҷиати журналист иттилои даркориро ба ӯ дастрас намоянд.

Муҳаққиқони соҳа низ аз иҷро нашудани баъзе аз меъёрҳои қонунгузорӣ суҳбат карданд. Аз ҷумла, Қироншоҳ Шарифзода гуфт:

- Ҳоло барои фаъолияти озоди матбуоти даврӣ дар ҷумҳурӣ бунёди ҳуқуқӣ фароҳам аст. Бар асоси кафолатҳои конститутсионии моддаҳои 2, 5, 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ, инчунин, моддаҳои ҷудогонаи кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» (07.02.2009) ҳуқуқи шаҳрвандон ва ВАО-ро ба озодии баёну матбуот тайид намуда, ҳамчунин, масъулияти онҳоро тақозо мекунанд.

Номбурда ба ин назар аст, ки «рӯҳияи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории мамлакат ба табиату тақозои низоми демократии давлатдорӣ ҷавобгӯст, вале мушкилӣ дар татбиқи онҳо мебошад.

- Дар фаъолияти ҳаррӯза ҳангоми дастрасӣ ба иттилооти фаврӣ, даст задан ба таҳлили мавзӯъҳои доғ, ба масъулиятшиносӣ даъват намудани мансабдорони зинаҳои гуногун муваффақ нашудан, аз як тараф ба ноогоҳии рӯзноманигорон аз қонунҳои соҳа вобаста бошад, аз тарафи дигар эҳсоси қонуннописандии соҳибони иттилоот, аксаран мансабдорон, садди роҳи иҷрои вазифаи касбии журналистон мегардад, — изҳор дошт ӯ. Бино ба гуфти Қ. Шарифзода, вазъи ногувори ҳозираи матбуоти даврӣ, бахусус нашрияҳои маҳаллӣ ва ғайриҳукуматӣ, ки бинобар маҳдудиятҳои дастрасӣ ба бозори реклама, дурӣ ҷустани рекламадиҳандагон ва ҳомиён аз матбуоти хусусию ҷамъиятӣ, ба иллати ҷорӣ шудани худсонсурӣ дар инъикоси масоили доғи ҷомеа, ба коҳишёбии теъдоди чоп то ноилоҷ аз фаъолият бозмондан оварда мерасонад, зарурати истифода аз имконоти қонунгузориро таъкид менамояд. Ин гуна имконотро моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо унвони «Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма» кафолат додааст: «Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба таври маблағгузории мақсаднок, кумаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад». Мутаассифона, соли ҳаштум аст, ки ин меъёри қонун ба «моддаи хомӯш» табдил ёфтааст.

- Агар ин муқаррарот дар чунин марҳалаи мушкили доманадори матбуоти маҳаллӣ ва ғайриҳукуматӣ татбиқ нагардад, пас, онро чаро аз матни Қонун бадар накунем? — савол пеш гузошт ҳамсуҳбатам.

Аммо сардори Раёсати матбуот ва табъу нашри Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералиев мегӯяд, ки давлат усулан ­ВАО-ро аз нигоҳи ба вуҷуд овардани заминаи қонунӣ барои фаъолият дастгирӣ мекунад, ки ин дар Тоҷикистон мавҷуд аст.

- Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» соли 2013 дар таҳрири нав қабул шуда, солҳои 2016 ва 2017 вобаста ба тақозои замон ба он тағйироту иловаҳо ворид гардид. Яъне, ба мушкилот сари вақт вокуниш нишон дода, барои пурра дар амал татбиқ кардан қонун мувофиқ гардонида шудааст. Барои ҳамин, дастгирии давлатӣ, пеш аз ҳама, ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ ва додани ҳуқуқи фаъолияти журналистӣ мебошад, ки пурра таъмин аст, — изҳор дошт ӯ.

Вобаста ба дастгирии молиявии ВАО низ, ки меъёри қонун аст, ҳамсуҳбатам гуфт, маблағгузории ҳар ВАО аз ҳисоби муассисаш таъмин карда мешавад. Ӯ зикр кард, яке аз талаботе, ки ҳангоми ба қайд гирифтани ВАО ба инобат гирифта мешавад, мушаххас кардани сарчашмаҳои маблағгузории фаъолият аст.

 Муҳаққиқи журналистика, профессор Ҷовид Муқим ҳам зимни суҳбат аз иҷро нашудани баъзе аз муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ёдовар шуд. Аз ҷумла, ӯ бар ин назар аст, ки ҳама банди моддаи 3-и қонун ба таври бояду шояд иҷро намешавад, хусусан банди 5, ки сензураро манъ мекунад.

- Сензураи давлатӣ манъ аст, вале сензураи сармуҳаррирон ва журналистон вуҷуд дорад. Ин ба он оварда мерасонад, ки ба аудитория иттилои лозима ба таври дуруст ва дақиқ расонида намешавад. Ҳол он ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба иттилои воқеӣ дар бораи мақомоти давлатӣ, ташкилоти давлатӣ ва ғайра дастрасӣ дошта бошад. Аммо ҳоло чунин иттилоъ паҳн шавад ҳам, ба саҳеҳ будани вай касе эътимод надорад. Барои он ки аксар журналистон ба тавсифи ноҷо машғул мешаванд, ки он аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ манъ аст. Мутаассифона, ин чиз дар расонаҳои кишвар, новобаста ба шакли моликият хеле ривоҷ ёфтааст, — иброз дошт ҳамсуҳбатам.

Вай мегӯяд, ки бисёр вақт журналис­тон қонунҳоро намедонанд ва гумон мекунанд ҳар чизе, ки мусоҳиби онҳо гуфт, бояд ҳамон хел паҳн шавад ва масъулиятро ба сари мусоҳибон бор мекунанд, ки хато аст. Журналист уҳдадор аст, ки матлабро пеш аз чоп ва ё пахш санҷад, — таъкид кард Ҷ. Муқим.

Дар робита ба дастрасӣ ба иттилоот Раҳмоналӣ Шералиев мегӯяд, мутаассифона, дар баъзе аз маврид монеагузорӣ ба назар мерасад, аммо ин ҳодисаҳо аҳёнанд.

- Чунки бо Амри Президенти кишвар барои ҳалли ин масъала ду роҳи кор дорем: якум баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ки журналистон иштирок мекунанд ва пурсиш озод аст. Дар ҳамон ҷо яке аз масъалаҳои асосие, ки байни доираҳои рӯзноманигорӣ ва роҳбарони вазорату идораҳо ҳал мешавад, масъалаи дастрасӣ ба иттилоот аст. Зеро бевосита муроҷиат карда, ҷавоб мегиранд. Дигараш Фармони Президенти кишвар «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мебошад, ки мансабдоронро вазифадор менамояд ба матлаби танқидӣ сари вақт вокуниш нишон диҳанд, — изҳор дошт номбурда.

Раҳмоналӣ Шералиев мегӯяд, барои татбиқи пурраи қонунҳо сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон низ таъсир мерасонад.

- Ин масъала ду тараф дорад, — афзуд ӯ. — Якум, заминаи ҳуқуқӣ, ки дар мо ба вуҷуд оварда шудааст. Дигар тараф, фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа аст. Яъне, ҳар қонун дар ҳар ҷомеа вобаста ба фарҳанги ҳамон мардум татбиқ мешавад. Фарҳанги ҳуқуқии мо ҳар қадаре боло шавад, самаранокии қонунҳо низ беҳтар мегардад. Бинобар ин, ба мо вобастагӣ дорад, ки то чӣ андоза, бо кадом фарҳанг ва масъулият қонунҳоро риоя ва амалӣ мекунем. Зиёда аз 70 дарсади ВАО дар Тоҷикистон хусусиву ҷамъиятист. Ин маънои онро дорад, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бисёр фаъол аст ва дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ба вуҷуд омадааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ҷараёни амалишавии қонун, бо вуҷуди нуқтаҳои заъфе, ки дар ҷомеа мушоҳида мешаванд, дар маҷмӯъ, бисёр хуб рафта истодааст.

ХУЛОСА

 Дар маҷмӯъ, метавон хулоса кард, ки барои фаъолияти ВАО гарчанде заминаи ҳуқуқӣ дар кишвар фароҳам аст, аммо дар сатҳи лозима иҷро нашудани ҳатто як меъёри қонун дар давлате, ки сохтори демокративу ҳуқуқбунёдро интихоб кардааст, падидаи хуб нест. Шахсони масъул бояд дарк кунанд, ки раванди қонунэҷодкунӣ саҳлу сода набуда, ба он аксар вақт мансабдорони сатҳи баланди давлатӣ, аз ҷумла Президенти мамлакат, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як меъёр борҳо таҳлил ва манфиатнокии он ба ҷомеа ба назар гирифта шуда, сипас, дар лоиҳаи қонун ҷой дода мешавад. Қонун баъд аз қабул дар Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдорӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои Президенти кишвар мавриди амал қарор дода мешавад. Яъне, ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан, онҳое, ки аз ҷониби давлат ба коре масъул шудаанд, бояд барои дар амал татбиқ шудани меъёрҳои қонунгузорӣ ҷаҳд кунанд, то самаранокии кор дар дилхоҳ соҳа таъмин гардад. Ғайр аз ин, бояд дарк кард, ки инсонҳо ба иттилои дақиқу саривақтӣ ниёзманданд, вагарна дар кишвар зиёда аз 500 рӯзномаву маҷалла таъсис намеёфт. Аз ин рӯ, ҳам мансабдорон ва ҳам рӯзноманигорон дар риояи талаботи қонун масъуланд, то талаботи аудиторияро ба иттилоъ дар сатҳи баланд ва сифати хуб қонеъ гардонанд. Бояд ҳамкории мансабдорон бо рӯзноманигорон дар доираи талаботи қонунгузорӣ беш аз пеш тақвият ёбад, вагарна матбуотро забони гӯёву чашми бино ва гӯши шунаво номидан мушкил мегардад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»