Татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ

Кафолати давлатии ҳимояи озодиҳои инсон

№32 (3178) 01.04.2014

Ба қарибӣ бо ибтикори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Барномаи «Волоияти ҳуқуқ- Осиёи Марказӣ» семинари сатҳи миллӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, роҳбарият ва намояндагони Шӯрои адлия, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, адвокатҳо, олимон, Иттиҳоди Аврупо, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, Палатаи суди тиҷоратии Париж, ЮНИСЕФ, мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз давлатҳои Олмон, Фаронса, Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.

Дар семинар зикр шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эълон доштани мустақилияти давлатӣ ва муайян кардани сохти минбаъдаи давлатдорӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ- арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун омили афзалиятноки фаъолияти давлат ва Ҳукумат муқаррар намуд. Зеро пешбурди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳар як ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ маҳз ба риоя гаштани ин муқаррарот алоқамандӣ дошта, муҳтаво ва маънии давлатсозӣ низ ба ҳамин омилҳо равона гардидааст. Мақсади давлат ва фаъолияти тамоми мақомоти он низ ба таъмини зиндагии арзанда ва шоиста ба аҳолии мамлакат нигаронида шудааст.

Аз ин лиҳоз, бо қабули аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дониста, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир эълон гардида, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат дод. Бо мақсади дар сатҳи баланд ҳамчун уҳдадории давлат таъмин шудани ин кафолатҳо ҳифзи онҳо вазифаи мақомоти судӣ муқаррар гардида, ҳамзамон ҳокимияти судӣ, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти  давлатӣ таҷзия шуд.

Бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, бо ҳамин амалӣ намудани ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ ҷараён гирифт.

Феълан, дар ин замина судҳои конститутсионӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфта, арбитражҳо ба судҳои иқтисодӣ табдил дода, дар зинаҳои болоии судҳо коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ ташкил карда, муҳлати ваколати судяҳо аз панҷ ба даҳ сол муқаррар шуда, синни ниҳойии ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин гардидан аз 63 ба 65 -сола тағйир дода, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва зиёда аз 15 кодекси моддиву мурофиавӣ, аз қабили кодекси гражданӣ, меҳнат, оила, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ қабул гадиданд. Бо мақсади аз салоҳияти  ҳокимияти иҷроия, яъне аз ваколати Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ мақоми коллегиалӣ -Шӯрои адлия таъсис дода, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсис вогузор карда шуд. Барои мунтазам такмил додани ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил гардид.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки бо қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ масъалаҳои додани иҷозат барои маҳдудкунии як қатор ҳуқуқҳои конститутсионӣ аз салоҳияти мақомоти прокуратура ба судяҳо гузашт. Акнун татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯйи телефонӣ, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк бо иҷозати судя амалӣ хоҳад шуд, ки ба ин васила ҳифзи ҳуқуқҳои ашхоси таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта таъмин карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили муқаррароти конститутсионӣ ба таҳкими ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамчун  ташаббускори бевосита, дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба сифати заминаҳои ҳуқуқии амалӣ гардонидани тадбирҳои ислоҳот барномаҳои ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ барои солҳои 2007- 2010 ва 2011- 2013- ро тасдиқ намуд.

Таҳлили иҷрои нақшаи татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дар баробари ба даст овардани як қатор натиҷаҳои назаррас, баҳри воқеан амалӣ гардидани вазифаҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мусоидаткунандаи амалӣ гаштани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо, шароити зарурии моддию техникии онҳо, баланд  бардоштани сатҳи касбии судяҳо ва мақомоти таҳқиқу тафтишот, тақвият бахшидан ба фаъолияти яке аз тарафҳои мурофиа, яъне тарафи ҳимоя- адвокатҳо ва ба ҳамин монанд омилҳо андешидани тадбирҳои комилан таъсирбахш тақозо мегардад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин иброз доштанд: «Воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ислоҳотро дар самти такмили сохтор ва рушди минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ идома бахшем».

Чорабинии мазкур барои таҳким бахшидани ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти мақомоти судӣ, тафтиш ва таҳқиқ, адвокатура ва мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии онҳо дар раванди ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муассир дорад.

М. АЪЗАМ, «Садои мардум»