Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2014-ум нақша дорад, ки ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷиро ба бахши истеҳсолоти воқеӣ дар Бадахшон афзоиш диҳад.
Ба қавли сардори Раёсат Хурсанд Вафобеков, дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳо бахшҳои асосии истеҳсолоти воқеӣ, ки бо ҷалби сармоя метавонанд дар шароити Бадахшон самараи хуб диҳанд, муайян шуданд. Вай иброз дошт, ки солҳои охир бо кӯшиши соҳибкорони инфиродӣ бархе аз бахшҳои истеҳсолӣ фаъол шуда, маҳсулоташон дар бозори дохилӣ мавқеъ пайдо кард , ки маблағгузории мақсаднок самаранокии воҳидҳои истеҳсолиро боз ҳам афзоиш медиҳад.
Ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят ҳамасола лоиҳаҳои зиёди соҳибкорон ва шахсони воқеӣ дохил мешаванд, ки ба маблағгузорӣ ниёз доранд. Аммо, ба гуфтаи сардори раёсат, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои он соҳибкороне бояд дастгирӣ ёбанд, ки онҳо аллакай замина барои фаъолсозӣ ва таҷдиди корхонаҳояшон дошта бошанд. Вай афзуд, ки дарёфти сармояи хориҷӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани Корхонаи хурди коркарди гӯшту шири Хоруғ имкон медиҳад, ки на фақат бозори дохилӣ аз маҳсулоти гӯштӣ пур шавад, балки барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ шароити бештар фароҳам ояд.
-Ҳар як соҳибкоре, ки ҳадафмандона барои амалӣ намудани барномааш талош меварзад, албатта, муваффақ мешавад ва аз ҷониби мақомот дастгирӣ меёбад,- мегӯянд масъулини Раёсати мазкур.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»