Рушди бемайлони технология боис ба харобшавии экосистемаҳои табиӣ гардидааст

№35 (4297) 18.03.2021

DSC_0286+++Шонздаҳуми марти соли равон бо ибтикори Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва Рӯзи байналмилалии захираҳои об (22 март) суҳбати гирди миз доир гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулини вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони марказҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносони масоили экологӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд. Дар оғоз раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти комиссия ва мушкилоти соҳаи об маълумот дод.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одинаев зикр кард, ки агар инсоният дар асри XX ва оғози асри XXI ба туфайли истифодаи васеи дастовардҳои илмию технологӣ шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар дучори мушкилиҳое гардид, ки характери минтақавӣ ва глобалӣ пайдо карда, ба раванди мавҷудияти ҳаёти инсон, дигар мавҷудот ва экосистемаҳои сайёра таҳдид мекунанд.

- Аз ҷумла, рушди бемайлони технологияҳо дар саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, афзоиши аҳолӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ ва харобшавии бебозгашти бархе аз экосистемаҳои сайёра бар асари фаъолияти техногении инсон боис ба пайдоиши мушкилоти ҷиддии глобалӣ гардиданд, — изҳор дошт Ҳаёт Одинаев. Ба андешаи ӯ, дар байни мушкилоти зикршуда норасоии об, пеш аз ҳама, оби тозаи нӯшокӣ ва харобшавии экосистемаҳои обӣ, боис ба нигаронист.

Бино ба гуфти Ҳаёт Одинаев, муҳимияти об барои ҳаёт ва умуман, сайёраи Замин, ҳоло ба аксиома табдил ёфтааст, ки ба исбот кардан зарурат надорад.

- Ҳанӯз дар Эъломия оид ба рушди устувор, ки соли 2002 дар Ҳамоиши умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор (шаҳри Йоҳаннесбург, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) қабул гардид, зикр шуд, ки об қисмати ҷудонашавандаи рушди устувор буда, хоҳ — нохоҳ бо 5 мушкилоти асосии ҷаҳонӣ об ва шароитҳои беҳдошт (санитария), энергия, тандурустӣ, кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ зич алоқаманд аст. Таъкид ҳам шуд, ки рушди устувор бе ҳалли мушкилот дар бахши об ғайриимкон аст.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймурод Ғафурзода ва директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов низ суханронӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»