Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Сергей Лякин-Фролов

№35 (4297) 18.03.2021

2V9A075217 марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лякин — Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯшишу ҳавасмандии сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россияро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни кишварҳо нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба бо Россия, ки шарики муҳими стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, изҳор дошт.

Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.

Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 30 ноябри соли 2020 ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии созмон 31 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО