Созандаи таърихи навини тоҷикон

№35 (4297) 18.03.2021

Ё бардошт аз фаъолияти ояндасози Пешвои миллат

26086893777_4546e78f78_oДар саҳифаҳои таърих номи сиёсатмадоре сабт шуда, мондагор мегардад, ки миллат ва давлаташро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, барои истиқрору таҳкими сулҳу озодӣ, истиқлоли сиёсӣ, таъмини рушду нумӯи устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, рифоҳи мардум ва обрӯву эътибори байналмилалии кишвараш пайваста талош карда, ба мақсад низ расидааст. 

 Ба ин маънӣ, муддати сӣ сол аст, ки дар расонаҳои ҷаҳон номи шахсияте инъикос ва вирди забонҳо мебошад, ки алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш карда, ба кишвари ҷангзада сулҳи комил овардааст, бозгашти беш аз миллион гурезаи иҷбориро ба Ватани азиз — Тоҷикистон таъмин ва зиндагии осудаи ҳар як хонадонро аз маркази шаҳру ноҳияҳо то ба дурдасттарин деҳаҳои мамлакат муҳайё намудааст.

Воқеан, дар рӯзҳои мо сулҳу оромӣ аз мавзӯъҳои муҳимтарини сайёра ба шумор мераванд. Ба ҳамин хотир аст, ки ин неъмати бебаҳо бо гузашти айём аҳамияти хосса касб карда, шахсияти сулҳофарро абадан дар ҳофизаи таърихии халқ азизу гиромӣ медорад.

Вақте ки ба гузаштаи начандон дури таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон чашм меандозем, нахуст суханони ба дурнамои дурахшони кишвар нигарондашудаи Сарвари дар он рӯзҳо тозаинтихобшудаи кишварамон, ки абадан дар хотираи наслҳои имрӯзу фардо нақш хоҳад дошт, ба ёд меоянд: «Ман барои шумо сулҳ меорам!». Холисона ва одилона эътироф бояд кард, ки дар фазои сиёсии ҷаҳони пурталотуму пурҳаводиси охири садаи ХХ ва оғози асри ХХI низ болотар аз ин мафҳуми фарогир ва аҳди қавитар вуҷуд надорад.

Дар робита ба ин, суханони қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба хотир мерасанд, ки гуфта буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо — афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».

Мо ифтихор менамоем, ки дар замони кору фаъолияти бемислу монанди чунин як шахсияти таърихӣ сабақи шогирдона омӯхтаем ва гоҳе бо ҳукми тақдир ҳамроҳ будаем, бо чашми сар он аъмоли ибратомӯзу беназирро мушоҳида кардаем ва, аз ҳама муҳим, дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва ғамхоронаи Пешвои миллатро шунидаем, ки ҳамаи онҳо саршори муҳаббат ва самимияти беандоза ба ҳар як сокини кишвар, ба ҳар як хонадон ва, дар маҷмӯъ, барои ободии ин марзу буми муқаддас мебошанд, ки номи он Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин замина, ба худ ҷуръат додем, ки баъзе аз андешаҳоро доир ба хидматҳои бузургу нотакрори Пешвои миллат рӯи коғаз оварем.

Бо он ки ҳамзамони ҳодисаҳои оғози солҳои 90-уми асри гузаштаам, мехостам дар ибтидо ба замони бебандуборӣ, носозгориҳо ва фоҷиаҳои рухдода руҷӯъ намоям, ки бе дарки амиқи онҳо ва рӯзгори талхи он давра дурахши ҳозираи соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва байналмилалии мамлакат ба андозаи воқеии он баён ва инъикос нахоҳад гардид.

Маҳз ба шарофати ба саҳнаи таърихи навини Тоҷикистон ворид гардидани чунин шахсияти таърихӣ ба ҷомеаи парокандаи нав баистиқлолрасидаи кишвар муяссар шуд, ки пойдевори ваҳдати миллиро гузошта, навсозӣ ва эҳёи ҳаёти осоиштаро шурӯъ намояд.

Ҷанги таҳмилии дохилӣ боиси фалаҷ шудани шохаҳои ҳокимият ва беқонунӣ гардида, давлатро ба вартаи нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон кашида буд.

Дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии хонумонсӯз беш аз 150 ҳазор нафар ҷонашонро аз даст дода, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак бе саробон, яъне бе падару модар, монд. Танҳо зарари ба иқтисод расондашуда, зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Вале, чунон ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, хисороти ҷуброннопазири кишвар дар он айёми даҳшат талафоти ҷонӣ ба ҳисоб меравад ва дастандаркорони он фоҷиа дар назди миллат ва таърихи он барои чунин аъмоли ғайриинсонӣ ҷавобгаранд.

Дар шароити пуртазоди онвақта Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, роҳбарияти нави кишварро интихоб кард, ки ба дарки амиқи зарурати бартараф сохтани сабабҳои аслии низоъ, истиқрори сулҳу ризоят дар ҷомеа, ба ҳалли масъалаи қатъи ҳар чӣ зудтари оташи ҷанг ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо шурӯъ кард.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат бо раҳбарии Сарвари давлат тамоми саъю талошро ба эҷоди шароити мусоид барои оштии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди харобу муфлисшудаи кишвар ва фароҳам овардани замина ҷиҳати эҳё ва рушди минбаъдаи он равона кард.

Бо ибтикороти созандаи ин шахсияти таърихӣ Тоҷикистон тавонист ба ҷаҳониён аз нодиртарин дастовардаш — сулҳи саросарӣ мужда расонад ва ҷомеаи башарӣ бовар ҳосил намуд, ки Тоҷикистон дигар майдони муборизаҳои мусаллаҳона нест ва метавон бо эътимоди комил бо ин давлат равобиту ҳамкориро ба роҳ монд. Ба ибораи дигар, ташаббусҳои бемисли Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷараёни музокироти пур аз ихтилоф ва мушкилоти сулҳи байни тоҷикон муваффақона ба итмом расиданд. Мо чунин меҳисобем, ки ин, пеш аз ҳама, ба дилу нияти пок ва иқболи баланди Роҳбари давлат вобастагӣ дошт. Он, ки уфуқҳои ин ташаббусҳо то кадом ҳад натиҷаи азхудгузаштанҳои ин шахсияти таърихӣ буд ва намунаашро таърихи навини мо ёд надорад, мавзӯи суҳбати дигар ва дар мақолаи дигар оварда хоҳад шуд.

Чаҳор соли музокироти тӯлонӣ бо санаде вориди хотираи ҷомеаи байналмилалӣ шуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон унвон дорад ва онро собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан намунаи нодиртарини таҷрибаи расидан ба сулҳ номидааст.

Ин дарси таърих заминаи боэътимоде шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик хидматҳои Сарварашро бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат қадр намояд. Ин амал, яъне овардани сулҳ, мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки дар он шабу рӯз назир надошт.

Инак, аз он рӯзҳо даҳсолаҳо гузаштанд, вале дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра нооромиҳо ҳанӯз идома доранд. Ва табиист, ки дар чунин шароит арзиши сулҳу субот аз пештара дида бештар афзун мегардад. Ба ҳамин хотир, дар ҷараёни сафарҳое, ки ба кишварҳои гуногун доштем, гоҳе мешунидем, ки мардуми одии баъзе мамлакатҳо бо шунидани номи Тоҷикистон ва Пешвои он орзуи доштани чунин сарвари хирадманду инсонпарварро баён мекарданд.

Эътироф бояд кард, ки ифода кардани ҳама паҳлуи назариёти хирадмандонаву омӯзандаи Пешвои миллат дар доираи мақола ғайриимкон аст. Бинобар ин, чанд мушоҳида ва бардоштро мехостам баён намоям.

Пешвои миллат дар симати сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ тавонистанд мушкилоти ҳама рукни фалаҷгардидаи ҷомеаи Тоҷикистонро дар муддати кӯтоҳ эҳё намоянд ва дар баробари ин, таҳдоби қавии ҷаҳони маънавии наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикис­тонро гузоранд.

Муроҷиати Сарвари давлат ба ҳар як фарди тоҷик дар мавриди он ки ин сарзамини муқаддас ба мо аз аҷдоди заҳматкашидаамон ба ёдгор мондаанд ва маҳз мову шумо бояд онро гиромӣ дорем, ба мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, дар рушду тараққии он саҳм гузорем ва он марзу бумро ба наслҳои оянда ба гунаи шоиста ба ёдгор монем, то ворисони мо ба таърих бо назари эҳтиром бингаранд, аз ҷумлаи раҳнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсат дар оғози давраи роҳбариашон буд.

Пешвои миллат тавонистанд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми мушкилоти рӯзгори мардуми тоҷикро, ки дар натиҷаи ҷанги бародаркуши таҳмилӣ ба вуҷуд омада буданд, шарҳ диҳанд, ҷонибҳоро муътақид созанд, ки Тоҷикистон ва сокинони он авлоди сулолаҳои бузурги тамаддунофари ҷаҳонианд ва ин тасодуфи таърих дар солҳои 90-уми асри ХХ барои онҳо мактаби таҷрибаи ғайриинтизор ва бисёр талх буд. Онҳо қодиранд минбаъд таҳти раҳбарии Сарварашон ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ муқовимат намоянд.

Мушоҳидаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷаи кӯшишу талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат на танҳо авзои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, балки фарҳанги шаҳрсозӣ, шаҳрдорӣ, шаҳрнишин будан, муносибат ба муҳити зист ва ҳифзи он, тағйир ёфтани муносибати шаҳрвандон ба рисолати инсониашон ва дар маҷмӯъ, ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Чунон ки аз назарсанҷиҳои афкори ҷомеа бармеояд, мардуми Тоҷикистон ҳоло ба дурнамои нек ва давлату давлатдории мардумӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат эътимоди қавӣ доранд. Бахусус, ибтикори Пешвои миллат дар мавриди вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, боз як иқдом ва ташаббуси таърихӣ мебошад.

Вобаста ба ин санаи муҳим, мехостам хотирнишон созам, ки бар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мамлакат иншооти иҷтимоиву фарҳангии замонавӣ, бо шумули кӯдакистон, муассисаи томактабӣ, муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, ҳаммом, роҳҳои асфалтпӯш ва хати оби нӯшокӣ, сохта шуда истодаанд. То ба ҳол аксари иншооти зикршуда ба истифода дода шуданд ва боқимонда дар арафаи ин ҷашни бузург мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат барои ҷомеаи Тоҷикистон инқилоби иҷтимоиву фарҳангӣ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоте, ки коршиносони сатҳи байналмилалӣ интишор намудаанд, Тоҷикистон чандин сол аст, ки ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон дохил шудааст.

Равшан аст, ки тӯли даҳсолаҳои пешин дар фаслҳои тирамоҳу зимис­тон ҳаракати нақлиёт аз қисмати марказ ва ҷанубу шарқи кишвар ба шимоли мамлакат мушкилот дошт ва муддати қариб шаш моҳ робитаҳо қатъ мешуданд. Бар илова, хатҳои неруи барқ байни ҷанубу шимол пайваст набуданд ва бахусус, дар даврони истиқлол, бинобар аз байн рафтани шабакаи ягонаи энергетикии минтақа, ҳолатҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд.

Нахуст, Сарвари давлат барои пайвастани роҳҳои марказ ва шимоли кишвар тасмим гирифтанд ва бо дарназардошти аҳамияти он, созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуданд.

Натиҷаҳои он сохтмон ва ба итмом расондани нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» буд, ки шоҳрагҳои минтақавиро бо ҷануби Тоҷикистон пайваст намуданд. Ҳамчунин, нақбҳои «Дӯстӣ» ва «Хатлон» роҳи марказро бо ҷануби мамлакат пайвастанд.

Дар ин раванд, раҳо намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор мерафт. Ватани азизи мо тӯли солҳои мавҷудияташ дар ҳайати ИҶШС роҳи убур ба мамлакатҳои дигарро аз тариқи сарҳадоти ҷанубӣ ва шарқӣ надошт.

Чунин барномаи фарогир, ки тавонад аз тариқи пулҳо аз болои дарёи Панҷ аз қисмати кишвари Афғонистон роҳҳои мамлакатро бо шоҳроҳҳои байналмилалӣ пайванд сохта, ба бандарҳои уқёнуси Ҳинд расонад, орзуи чандин даҳсолаҳо буд.

Нақшаҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар амал тат­биқ гашта, тобистони соли 2007 пули «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ ба истифода дода шуд ва кишвар дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ қадами устувор гузошт. Дар баробари ин, Пешвои миллат мавзӯи роҳи иртиботии марказро бо қисми шарқии кишвар, ки бо кишвари Хитой сарҳади муштарак дорад, ҳамеша дар мадди назар доштанд ва дар натиҷаи амалӣ гардонидани чандин лоиҳаи бузург ин масир дар сатҳ ва сифати байналмилалӣ сохта шуд ва роҳи автомобилгарди Тоҷикистон бо роҳҳои мамлакати ҳамсоя пайваст гардид. Ин иқдомҳо аз ҷумлаи шоҳкориҳое мебошанд, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дошта, эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир боло бурданд. Зеро сохтмони роҳҳо, нақбҳо, кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, донишгоҳҳо, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дар баробари эҳёи зиндагии баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ кори одӣ набуда, ҷасорат, матонат, аз худ гузаштан, ҷоннисорӣ ва муҳаб­бати беканор ба халқу кишварро тақозо менамояд. Маҳз чунин иқдомҳои созанда ва беназири роҳбарони сатҳи аввал бори дигар ба ҷомеаи башарӣ комилан собит месозад, ки нақши шахс дар таърих муҳим ва калидӣ арзёбӣ мегардад.

Чеҳраи мардумии Пешвои миллат ҳамеша баёнгари он аст, ки ӯ бо зиндагии халқ, рӯҳияву ниёзҳои он ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ аз наздик шинос буда, бо самимият ва қалби саршор аз муҳаббаташон ба дардҳои ин миллат дармон мегарданд.

 Воқеият чунин аст, ки дар ҷараёни мулоқотҳо бо ҳама табақаи ҷомеа муносибати мутлақан хоксорона ва башардӯстонаву хайрхоҳонаашон бармало ба мушоҳида мерасад.

 Борҳо сурат гирифтааст, ки дар чунин мулоқотҳо самимияташон ба андозае эҳсос мешавад, ки мухотабашон бо эътимоди комил тасаввур менамояд, ки беҳтарин шунавандааш ҳамин шахс аст. Ин гуна муносибат ва бархӯрд имкон медиҳад, ки набзи ҷомеа эҳсос гардад, мушкилоту ниёзҳои он ошкор гашта, ҷиҳати бартараф кардани онҳо камари ҳиммат баста шавад.

Ҷиҳати дигари бисёр арзишманди суҳбатҳои Пешвои миллат дар он ифода меёбад, ки онҳо ҳеҷ вақт дар доираи як ё ду мавзӯъ маҳдуд намешаванд. Пешвои миллат бо дониши фарох ва таҷрибаи зиндагӣ, ки дунёи илму хирадро мемонад, ҳамеша дар баробари нишон додани роҳи ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз саҳифаҳои таъриху фарҳанги дурахшони миллати тоҷик далелҳои муътамад меоранд.

Яке аз намунаҳои омӯзанда эҳё ва таҷдиди суннатҳои халқи тоҷик, танзими анъана ва расму оин, дурӣ ҷустан аз афкори номатлубу бегона ва хатари зуҳуроти бегонапарастӣ ба шумор меравад. Набояд фаромӯш кард, ки солҳои охир кӯшишҳои ворид кардани баъзе аз анъана ва расму русуми бегона, ҳамчун «неруи нарм», мушоҳида мегардад. Бо ҳамин роҳ, гурӯҳҳо ва доираҳои муайян мехоҳанд ҳадафҳои геостратегӣ ва геосиёсиашонро дар нуқоти гуногуни олам, аз ҷумла кишвари мо, паҳн намоянд. Ин раванд аз ҳар як шаҳрванди худогоҳ зиракии сиёсии ба таври доимӣ таъкидшаванда аз забони Пешвои миллатро талаб мекунад.

Сафарҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба минтақаҳои гуногуни кишвар шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат вобаста ба зарурат ва мушкилоти ҳар як шаҳр, ноҳия ва шаҳраку деҳот маълумоти дақиқ ва саҳеҳ доранд ва дар суҳбатҳояшон ин масъалаҳоро ба таври одӣ шарҳ дода, назари падарона ва ғамхоронаашонро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта баён менамоянд. Ба ҳамин асос, хурду калони мамлакат аз мулоқот бо Сарвари давлат ҳамеша хушнуданд ва ифтихор аз чунин Роҳбар ва Пешво доранд. Чунин бархӯрди падарона ва ғамхории фарогир эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони онҳо бештар месозад.

 Нақле ҳаст, ки Офаридгор дар ҳар як давру замон ва дар сахттарин рӯзгори миллат нобиғаеро ато менамояд, ки ӯ бо донишу хиради азалӣ байни мардум ва оламиён машҳур гардида, миллату давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот медиҳад. Мо бояд ба Худованд шукри беандоза намоем, ки дар мушкилтарин айёми зиндагии мардум чунин абармарди таърихӣ ва тақдирсозро ба миллати тоҷик насиб гардондааст ва ӯ бо ҳастии нотакрор ва созандааш тавонист дар қалби ҳар як фарди Ватан нақши беназир ва абадӣ гузорад.

3-Гулу манзарахо (40)Хизмати бузурги Пешвои миллат ҳамчун шахсияти нотакрор дар масири таърихи навини халқи тоҷик дар он зоҳир мегардад, ки бо гиромидошти хотираи намояндагони барҷастаи фарҳанг, илму адабу мазҳаб ва бо зинда гардонидани осори гаронбаҳои онҳо, таҷлилу нишастҳои илмиву фарҳангии сатҳи байналмилалӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар ҷаҳон аз ҷумла миёни мусулмонони олам, ҷой ва макони шоиста касб намоянд.

Зимнан, фақат як нукта бояд зикр гардад: бо дарназардошти ин ки, беш аз 95 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон мусалмонанд, бо ташаббуси Пешвои миллат китоби муқаддаси «Қуръон» ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд ва аксари пайравони он, ки забони арабиро намедонанд, имкон пайдо карданд, ки ба маънои Каломи илоҳӣ бо забони модариашон – тоҷикӣ шинос шаванд.

Ёдовар шудани баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2009 бахшида ба бузургдош­ти бунёдгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам аз ҷумлаи чунин чорабиниҳоест, ки аввалин бор доир шуда, эътимоди ҷаҳони исломро ба Пешвои миллат афзуд ва шахсияти ӯро ба сафи барҷастатарин ашхоси ҷаҳон ворид намуд. Дар ин чорабинӣ мо шоҳиди гуфтори олимону сиёсатшиносони Шарқу Ғарб шудем, ки аз минбари чорабинии байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам гуфта буданд: «Араб ва Аҷам аз Эмомалӣ Раҳмон дарс биомӯзад!».

Намунаи таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ба мавзӯи китоб, китобхонӣ ва китобдорӣ, ки ҳамчун ҷузъи фарҳанги волои гузаштагони мо аз умқи қарнҳо дарак медиҳад, дар замони ҷаҳони пурталотуми ҷаҳонишавӣ тобиши комилан дигар гирифт.

Тайи ду соли охир баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» собит сохт, ки дар ин маврид ҳадаф аз ташаббус ва иқдомҳои Сарвари давлат «…баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ» буда, ба ин васила, эҳёи ҷаҳони маънавии халқи худро дар назар дорад, то ворисони Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ, Шамсиддин Шоҳину Аҳмади Дониш, устод Садриддин Айнӣ ва садҳо нафари дигар ба ин инқилоби фарҳангӣ ҷалб гарданд ва барои шукуфоии Ватани азиз – Тоҷикистон беш аз пеш содиқона хидмат намоянд.

Ҷои зикр аст, ки чунин озмунҳо дар соҳаҳои дигар низ ба мисли «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба роҳ монда шудаанд, то ки сатҳи маърифати ҷомеаи Тоҷикистон боло бурда шавад ва фарзандони ин кишвар аз дониш ва касбу ҳунарҳои муосир баҳравар гашта, неруи қавии пешбарандаи мамлакат бошанд. То ба ҳол дар ҳеҷ мамлакати сайёра барои хондани китоб ва аз ёд кардани осори адибонаш ба чунин шакле, ки дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст, ҷоизаи молиявӣ дар назар гирифта нашудааст.

Ин амали неки маърифатпарварона, ки аз сӯи Сарвари давлат сурат гирифтааст, ҷуброни замони хеле мушкил ва дер сипаришавандаест, ки дар ибтидои солҳои 90 асри гузашта халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бо дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ба рушду тавсеаи равобити ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ пардохтанд ва аз дастовардҳои якдигар баҳравар мегаштанд. Тоҷикистони азиз дар ин марҳала ба доми бозиҳои хеле хатарнок ва фоҷиаовари геополитикӣ ва геостратегии гурӯҳҳо ва доираҳои муайян афтид ва фарзандони он роҳи раҳоӣ ёфтан аз ин даҳшатро меҷустанд, сулҳро интизор буданду орзу мекарданд, ки дар китобхонаву донишгоҳҳо илм омӯзанд, дар хиёбону гулгаштҳо бо дӯстон озодона қадам зананд, аз табиати гуворову ҳавои форами кишвар ва фазои сулҳу суботи устувори он нафаси тоза кашанд.

Дар он рӯзгори талх ҳар кадоми онҳо, пеш аз ҳама, ташнаи сулҳу оромӣ буданд ва интизори рӯзе буданд, ки боз ба сӯи китобхонаҳо рӯ биёранд ва расми қадимии тоҷикӣ, ба ҳамдигар туҳфа кардани китобро аз нав зинда созанд.

Дар айёми сафарҳои зиёде, ки дар ҳайати ҳамсафарони Пешвои миллат будем, бо назораи саҳнаи китобхонии сокинони кишварҳои дигар дар истгоҳҳои нақлиёт, тайёра ва толори интизорӣ ашк аз чашмон ҷорӣ мегардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон кай ба чунин рӯз мерасад? Куҷост он рӯз, ки мо барои тифлонамон ҳар шом афсонаҳо қироат намоем, то ба роҳат хоб раванд?

Баъд аз овардани сулҳи сартосарӣ, Пешвои миллат дар он замон дар баробари устувор сохтани пояҳои иқтисодии кишвар ба мавзӯи илму дониш таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, аввалин вохӯриҳоро бо масъулини соҳаи маорифи мамлакат, хосатан бо олимону омӯзгорон, баргузор карда, онро барои рушду ояндаи миллату давлат самти афзалиятноки сиёсаташон эълон намуданд.

 Ин ҳама орзую омоли мардум бар асари кӯшиш ва талошҳои Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшид. Ҳазорҳо нафар фарзандони лоиқи мамлакат ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода шуданд, то аз пешрафтатарин дастовардҳои илму фан бохабар шаванд, ҷаҳонро омӯзанд ва самараи заҳмати ақлониро ба Тоҷикистон бибахшанд, ки он ободтар гардад.

Ба шарофати озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳоло сафи онҳое, ки ҳазорҳо мисраъ шеър аз ёд кардаанд, осори адибони оламшумулро аз худ намуда, ба таълифи шеър машғуланд, дар ҳоли афзоиш аст.

Мехостам хонандаи муҳтарам эҳсос накунад, ки руҷӯи мо танҳо ба соҳаҳо ва илмҳои башарӣ (гуманитарӣ), аз қабили шеъру адаб асту бас. Вобаста ба ин, танҳо ишора мекунем, ки то ҳоло барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ба тасвиб расидаанд, ки дар миёни онҳо баҳри ҷалби ҷомеаи кишвар ба омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ» (солҳои 2020-2040) мебошад.

Дар ин асос, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро қабул намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии он омода кардани заминаи устувор барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.

Зикр бояд кард, ки мавзӯи рушду нумӯи муназзами тамоми соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳама бахш бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ ҷавобгӯи замон бошанд. Чунон ки зикр гардид, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди мамлакат дар соли 2020, бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ, ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки суръати рушди иқтисодро дар сатҳи 4,5 дарсад нигоҳ дошта, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 82,5 миллиард сомонӣ расад. Иқтисоди мамлакат бомаром рушд ёфта, тайи даҳ соли охир ММД бо нархҳои воқеӣ наздик ба 3,2 баробар афзоиш ёфтааст.

Барои самаранок амалӣ гардидани барномаҳои қабулшуда саҳми на танҳо ниҳодҳои марбутаи кишвар, балки талошу заҳмати дастаҷамъонаи сокинони кишвар низ нақши бузург мебозад. Дар ин раванд, чорабиниҳои вобаста ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки боиси дастгирии тамоми қишри ҷомеа гардид, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ободонии мамлакат, таҳкими зербинои иқтисоди миллӣ ва густариши сиёсати дохиливу хориҷии он халқи Тоҷикис­тон бо Пешвои миллаташ ҳамнавою ҳамнафасанд ва бо тамоми ҳастӣ ҷиҳати дар амал татбиқ шудани онҳо ҳисса мегузоранд.

Солҳои охир дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар мамлакат ба хотири ҷалби сокинон ба тарзи ҳаёти солим ҳазорҳо майдончаҳои варзиш, гӯшаҳои тафреҳӣ барои ҳар як ҳавлӣ, майдони бозӣ барои атфол сохта шудаанд. Дар ин кор дастгирии бахши соҳибкорӣ хеле калон буда, ҳамраъйии ҳамватанонро бо Сарвари хеш таҷассум мекунад.

Нуктаи дигари муҳиме, ки мо дар муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат мушоҳида мекунем, дақиқ будани дидгоҳи Сарвари давлат, яъне ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои муассири расидан ба сатҳи инкишофи соҳаҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, метавон аз донишу малакаи суханварии Пешвои миллат ёдовар шуд. Зеро бо зикри камбудиҳо ин шахсияти таърихӣ мисли Суқроти бузург ҳамчун устод ба шунавандааш мушкилро шарҳ медиҳад ва усулҳои ҳаллу фасли онро муайян менамояд. Аксар ба ин ақидаанд, ки арзишмандтарин хислатҳои Пешвои миллат хоксорӣ, санъати суханронӣ, нутқи бурро ва оммафаҳм будани суҳбатҳои ӯ мебошад. Пешвои миллат бо чеҳраи зебои тоҷикона таваҷҷуҳи сокинонро ба таври хос ҷалб мекунанд.

 Забони ноби тоҷикӣ, ки дар рушду тавсеаи он Пешвои миллат саҳми барҷаста доранд, намунаи дигари бузургиашон мебошад. Дар иртибот ба ин, наметавон аз осори гаронмояашон, масалан, аз ҷилди дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» вобаста ба забони модариамон иқтибос наёвард: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мегирам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониам бузургиву тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам».

Тавре ки эҳсос кардед, мазмуну муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат ганҷинае ба шумор мераванд, ки дар таҳлилу баррасӣ ва арзёбии вазъи воқеӣ ва дурнамои соҳаи иқтисодиёти мамлакат мавқеи калидӣ доранд. Аз сӯи дигар, ин ганҷинаи миллӣ метавонад сарчашмаи боэътимоди таҳқиқоти бунёдӣ гардад. Бинобар ин, омӯзиши ин хазинаи бебаҳо – осори Пешвои миллат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва зинаҳои дигари илм дорои аҳамияти хос хоҳад буд. Ин ганҷина аз нигоҳи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мешавад ва бахусус, дар тарбияи насли наврас ва ҷавон нақши бунёдиро иҷро хоҳад намуд.

Вобаста ба ин, пешниҳоди шогирдонаи мо доир ба омӯхтани ин сарвати ақлониву фикрӣ чунин аст, ки ин хазинаи бойи ифодакунандаи таърихи гузашта ва имрӯзаи мардуми тоҷик ба фонди тиллоии забони тоҷикӣ ворид шуда, истифодаи он тавассути сомонаи алоҳидаи интернетӣ ба роҳ монда шавад. Зеро муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат дар даҳсолаи охир ба баланд бардоштани маънавиёти мардум, аз ҷумла танзими расму оини мардумӣ, нақши оила, падару модар ва мактабу ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас, мавқеи илму маориф ва олимону зиёиён, сиҳатии омма, пешгирии ҷинояткориву шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тунд­рав, фарогирии духтарони деҳот ба таҳсил, бо кадрҳои омӯзгорӣ ва василаҳои хониш таъмин шудани муассисаҳои таълимии минтақаҳои дурдаст, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии ятимону бепарасторон ва масъалаҳои дигари зарурии ҷомеа бахшида шудаанд.

 Шояд саволе ба миён ояд, ки чаро маҳз ба 10 соли охир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаем?

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ин неъмати бебаҳоро бар ивази ҷонбозиҳои бемисли Пешвои миллат ва мардуми сулҳдӯсти кишвар ба даст овард, то наздиктарин солҳо бештар ба масъалаи таҳкими сулҳу суботи пойдор дар мамлакат, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, ки на ҳама доираву гурӯҳҳо ин зуҳуроти хатарнокро то ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 ҷиддӣ мегирифтанд, машғул буданд ва мехост ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар мубориза бо ин хатару таҳдидҳои аср ҳамраъй бошанд. Рӯйдодҳои соли 2001 ва бесуботии кишвари дӯсту ҳамсоя – Афғонистон ба оламиён моҳият ва ҳадафи муроҷиату ташаббусҳо ва иқдомҳои Пешвои миллатро бори дигар равшан гардонданд. Баъди соли 2001 тамоми захираву имконияти мамлакат барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти кишвар равона шуданд ва Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар андак фурсат бо даст­овардҳояш вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Илова ба масъалаҳои дохили кишвар, ибтикороти Пешвои миллат дар самти муборизаи дастаҷамъона бо душмани башарият – терроризми байналмилалӣ мақоми ин шахсияти таърихиро боз ҳам боло бурд.

Баъзан, чунин меандешам, ки мо дар ҷавоб ба хизматҳои Пешвои миллат, аз рӯи шарафу оини ҷавонмардӣ ва имону инсоф чӣ корҳоеро анҷом додаем? Дар заминаи кадом хизматҳо мо метавонем худро пайравони Пешвои миллат ҳисобем? Дар чунин ҳолат ман ба онҳое, ки дур аз Тоҷикистон, бо такя ба хоҷагони ҷудоиандозу шумнияташон, ки онҳоро ба халалдор кардани зиндагии орому осудаи мардуми тоҷик таҳрик мекунанд ва чунин ашхоси ноҳақу туҳматпеша ба ҳамватанон таънаву санги маломат мезананд, савол дорам: шумо ба миллати ранҷкашидаи тоҷик чӣ хизмат кардаед, ки хонадони нав ба эътидоломадаи ӯро боз ноором кардан мехоҳед? Оё шумо ҳаққи маънавии чунин бархӯрди ноодилона ва номардонаро нисбат ба мардум ва кишваратон доред? Ҳоло ҳам огаҳ нашудаед, ки мардуми тоҷикро дигарбора фиреб додан ғайриимкон аст. Пас чаро шумо тасмим намегиред, ки шоҳкориҳои Пешвои миллатро идома диҳед, мактабу кӯдакистон, боғу гулгашт, ақаллан, роҳ ё ягон иншооти хурди иҷтимоии деҳаеро, ки гузаштагону имрӯзиёни шумо дар он ҷо зиндагӣ кардаанд ва мекунанд, обод кунед. Ақаллан, ниҳолеро парвариш карда, онро дарахте кунед, ки аз сояи он раҳгузаре бархӯрдор гардад. Танқид кардану камбудӣ ҷустан кори осон аст, аммо кори хайреро барои ободии Ватан анҷом додан танҳо аз дасти ҷавонмарди ватандӯст ва ободкору созанда меояд.

Дар ҳоле ки шумо аз расонаҳои ҷаҳонӣ огоҳ ҳастед, ҳар лаҳзаи умри Пешвои миллат барои ҳифзу ҳимояи ин марзу бум, дастархони фаровони сокинон, зиндагии шоистаи хонадони тоҷик, таҳкими обрӯю эътибори байналмилалии кишвар сарф мешавад.

Ҳоло меҳвари ғамхориҳои Сарвари давлатро бештар тарбияи насли ояндасоз ва ба ояндагон мерос гузоштани мулки обод фаро мегирад. Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки доимо дар фикри тарбияи ҷавонон бошед. Борҳо аз забони бузургони миллат таъкид кардаанд, ки фарзандонатон назди шумо амонати Парвардигор аст ва онҳоро бо меҳру муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ тарбия кунед, то ки мову шумо ба ояндагон мулки ободу пешрафта ва сазоворро мерос гузорем. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин ҷода дастгиру мададгор мебошанд.

Бо ин мақсад, муассисаҳои таълимии нав, муосиртарин таҷҳизоти компютерӣ, лавозимоти хониш, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, дастрас шуда, Тоҷикистон дар ҷодаи ислоҳоти соҳаи маориф ҳоло дар қатори яке аз давлатҳои пешқадами дунё шинохта шудааст.

Ҷаноби Олӣ ҳамеша ба раванди донишандӯзии наврасону ҷавонон, бахусус духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар, таваҷҷуҳи хосса доранд, то нақш ва манзалати Зан-Модар дар ҷомеа боз ҳам баланд гардад. Зеро зани бомаърифат ба ҷомеа рӯҳу равони қавию созанда мебахшад. Дар ин маврид, андешаҳои Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои рушду пешрафти занону ҷавонон аз ҷанбаҳои пураҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ бархӯрдор аст. Бузургии афкору назари Пешвои миллат дар ин ­масъала ба андешаҳои шахсиятҳои барҷастаи замони эҳё ва таҷаддуд баробар аст. Онҳо ҳамеша таъкид мекарданд, ки агар мо ба тарбия ва таълими шоистаи ҷавонон машғул нашавем, пас дар ҷаҳони муосир доира ва неруҳо бо омодагии том онҳоро ба доми ҳадафҳои нопокашон ҷиҳати амалӣ намудани таҳдиду хатарҳои ин айём истифода мебаранд.

Барои роҳ надодан ба чунин вазъ бояд 24 соат дар ҷараён бошем, аз фурсати муносиби замони рушди давлатдории миллӣ истифода барем. Яъне, моро азхудгузаштанҳо ва ҷасорату ҷавонмардӣ мебояд!

Ба ибораи дигар бояд ҳар яки мо пайрави воқеии Пешвои миллат бошем, муносибат ба кору пайкорамонро аз ин фарзонафарзанди миллат омӯзем, аз шахсияте, ки ҳамчун Роҳбар тайи солҳои фаъолият боре ҳам на танҳо рухсатии меҳнатӣ, балки рӯзи истироҳат низ надоштанд. Яъне, ба маънии томаш худ сӯхтаву барои миллат сохтанд.

Ин аст, ки вақте шахс дар бораи талошу фидокориҳои Пешвои миллат сатре менависад, воқеан, дар андеша қарор мегирад: аз чӣ сар кунаду бо чӣ анҷом бахшад. Дар ҳақиқат, хизматҳои Пешвои миллат дар даҳҳо асари назмиву насрӣ ва илмиву назариявӣ ифода шудаанд, вале кас ба андеша меравад, ки ин ҳама ҳоло дар васфи заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ ҳеҷ аст. Набояд ҳар як соҳибқалам қаҳрамониҳои бемислу монанди Пешвои миллат ва хизматҳои содиқонаашонро нодида гирад. Зеро то ҳол нависанда, рӯзноманигор, олим ва муҳаққиқе натавонистааст, ки шоҳкориҳои Пешвои миллатро дарк намуда, шахсият ва тавоноии иқтидори фикрию маънавӣ ва ватанпарастиву азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо он ҳашамати фарогир ба риштаи эҷод кашад.

Махсусан, шоҳкории Сарвари давлат дар самти ба эътидол овардани вазъи ноороми солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар аз коршиносони ватанӣ таҳлили амиқу фарогирро талаб мекунад. Ҳоло ҳам таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки дар ҷаҳон назир надорад, мавриди омӯзиши садҳо коршиноси марказҳои таҳқиқотии ҷаҳон мебошад. То ба ҳол онҳо савол медиҳанду посухашро ҷустуҷӯ мекунанд, ки чӣ гуна ба як фард ҳалли чунин масъалаи мушкили миёншикан насиб гаштааст. Чӣ гуна ӯ роҳи сулҳро на танҳо барои сокинони кишвараш — Тоҷикис­тон ҳамвор кардааст, балки кӯшишу талош дорад, ки барои дигарон, аз ҷумла давлатҳои ҳамҷавор низ, дар ин ҷода хизмате анҷом диҳад.

Дар остонаи ҷашни Рӯзи Модар мехоҳам садҳо аҳсант ба гунаи модаре фиристам, ки чунин фарзанди фидоиро баъди ҳазорсолаҳои аз даст додани давлатдории миллӣ барои эҳё намудани давлату миллати тамаддунофари тоҷик ба дунё овардааст.

Дар фарҷом фақат ҳамин қадар мегӯям: «Ба ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард!». Зеро мо дар асри XXI бо Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҳидояту раҳнамоии ояндабинонаву ояндасозашон қадамҳои устувор мегузорем.

Иброҳим ПИРНАЗАРЗОДА,

номзади илмҳои сиёсӣ

(Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», №46, 3 марти соли 2021)