Соли 1982 ба кафедраи ДМТ гурӯҳи донишҷуёни курси сеюм омаданд, ки чанд нафари онҳо бо рафтору истеъдод ва ҳисси масъулиятшиносӣ аз дигарон фарқ мекарданд. Азбаски дар гурӯҳҳои тахассусӣ одатан 6-8 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд, устодон бо донишҷуён зуд шинос мешуданд ва дарсҳо бисёр вақт ба таври инфиродӣ сурат мегирифтанд. Ин усул имкон медод, ки донишҷӯю устод якдигарро хуб фаҳманд. Дар дарси аввалинам хостам бо онҳо аз наздик шинос шавам. Ҳар нафар дар бораи худаш маълумот дод. Вақте ки навбат ба Абдусалом расид ва ному насабашро гуфт, ман нимҷидию нимшӯхӣ гуфтам: «Шумо ҳамноми бобои ман ҳастед, аз ин пас, агар «бобо» гуфта хитоб кунам, хафа намешавед?» Бачаҳо аз суханҳои ман ба ваҷд омада, хандиданд. Шояд он самимият ба ҷавонҳо таъсир кард, ки фазои муносибат дар синф тағйир ёфт. Онҳо худро хеле озод ҳис карданд ва суҳбат самимӣ сурат гирифт.
Байни донишҷӯён чор нафар ҷавони чустучолок буд, ки баъди адои хидмати ҳарбӣ таҳсилро идома медоданд. Абдусалом нафаре аз онҳо буд. Онҳо, ки ду сол аз зодгоҳ ва хешу табор дур, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат карда ва дар мактаби мардонагӣ обутоб ёфта буданд, бо ҷаҳонбинии дигар ба дарс ва устодон муносибат доштанд. Саъю талош, фаҳму даркашон аз дигарон тафовут дошт. Ман ҳам, ки баъди хатми донишгоҳ ду сол ба сифати афсар дар армия хидмат карда будам, муносибатам ба донишҷӯён дигар шуд.
Ҳафтае пас Абдусалом ҳамроҳи рафиқонаш Саидов, Ғаюр ва Мурод назди ман омад ва баъди пурсупоси маъмулӣ илтимос кард, ӯро «бобо» нагӯям. «Ман мехоҳам барои шумо додар бошам», бо табассуми зебо дар лаб матлабашро баён кард. Ба шарте розӣ мешавам, ки шумо дар дарсҳо намунаи ибрат бошед, — бо ҳамон оҳанг посух додам. — Шумо дар хидмати ҳарбӣ будед ва интизоми ҳарбиро хуб медонед. Мехоҳам, ки дар донишгоҳ ҳам мисли солҳои аскарӣ бошед. Шумо аскар ва ман афсар. Агар ин ҳарфҳо бароятон писанд бошад, даст медиҳем, — нимшӯхию ҷиддӣ суханамро идома додам. Ҷавонҳо низ ба сӯи ман даст дароз карданд. Дасти ҳамдигарро бародарвор фишурдем. «Ҳар вақт, ки аз дарс фориғ шавед, биёед ман дарсҳои иловагӣ мегузарам ва барои пурра намудани донишатон ёрӣ мерасонам».
Дар ҳақиқат, Абдусалом ва дӯстонаш солҳои донишҷӯӣ заҳматкаш, ҷӯянда ва поктинат буданд. Ба дарсҳо бо тайёрии пухта меомаданд. Соатҳои фориғ аз дарс бо саволҳои бешумор баъзан хастаам мекарданд. Сад дареғ… кас намедонад, ки дар зиндагӣ фардо шоҳиди чӣ воқеаву фоҷиа мешавад. Чанд сол баъд Ғаюр аз беморӣ ва Мурод дар фалокате дунёро падруд гуфтанд. Саидов то ҳол яке аз муаллимони беҳтарини фанни физика дар ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад. Даврони донишҷӯӣ Абдусалом аз дӯстонаш чанд қадам пеш буд ва ӯро дӯстон ба ҳайси сарвар эътироф мекарданд. Агар кумаке барои дустонаш лозим мешуд, ҳатман ба наздам меомад.
Оҳиста-оҳиста риштаи дӯстӣ мустаҳкам шуд ва ӯро рӯзе ба хона даъват кардам. Сари дастархон атрофи масоили гуногун суҳбат доштем. Бачаҳои ман ба зудӣ бо Абдусалом унс гирифтанд ва ҳар омаданаш барои онҳо тӯй буд. Бо шавқу завқ пешвозаш мегирифтанд. Ба вай «акаҷон» гуфта муроҷиат мекарданд. Ҳамин тавр, ӯ узви оилаи мо шуд.
Боре падарам ба шаҳр омад. Ҳамсарам занг зад ва хоҳиш намуд, ки пеш аз омаданам сари қадам ба бозор дароям. Азбаски он рӯз то бегоҳ дарс доштам, хостам касеро илтимос кунам, то ба ҷои ман бозор равад. Дар айвони факулта бо Абдусалом вохӯрдам, ки дарсҳояшро тамом карда, тараддуди хона рафтан дошт. Хобгоҳи онҳо аз хонаи мо чандон дур набуд. Ба ӯ каме пул дода, хоҳиш кардам, ки ба хона мева, кабудӣ ва нону харбуза барад. «Агар ягон кори зарур надошта бошӣ, то омаданам ҳамроҳи падарам суҳбат кард шинед», — таъкид кардам ба Абдусалом.
Бегоҳӣ, вақте ки ба хона баргаштам, дидам, ки падарам бо Абдусалом саргарми суҳбатанд ва хеле хушҳол менамоянд. Баъди салому алайк гуфтанд: «Писарам, одамшинос шудаӣ, мо бо Абдусалом хеле суҳбат кардем, аз хонишу кору бораш бохабар шудам. Падараш шахси заҳматкаш будааст, механизатори пешқадами колхози ба номи Ленини ноҳияи Фархор. Раҳмат ба вай, ки фарзандашро бисёр хуб тарбия кардааст. Ин дафъа, ки ба Ғарм омадӣ, ҳатман Абдусаломро ҳамроҳат биёр. Ӯ дар Гирмон хидмат карда, ними ҷаҳонро дидаву, то ҳол ноҳияҳои ҷумҳуриро надида будаст»… Ҳамин тавр, шиносоии падарам бо Адусалом сурат гирифт. Падари ман, ки зиёда аз 20 сол роҳбари яке аз колхозҳои пешқадами ноҳияи Рашт (Ғарми пештара) буд ва бо мардуми меҳнаткаш муносибати хоса дошт, аз писари деҳқон будани Абдусалом дучанд хурсанд шуда, гуфт, ки акнун ӯ писархонди ӯ ҳам ҳаст.
Баъди хатми донишгоҳ ӯро ба кафедраи физикаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба кор тавсия намудем ва роҳбари онвақтаи кафедра шодравон профессор А. Бобоев Абдусаломро бо хушнудӣ ба кор қабул кард.
Рӯзе Абдусалом наздам омаду гуфт, ки хонаеро, ки иҷора менишинад, соҳибаш фурӯхтанист. «Чӣ мешуд, ки ҳамроҳ рафта, он кулбаро медидему нарху наво мекардем», пурсид ӯ. Гуфтам, фикри хуб, вале дар миёни сол падарро ба ташвиш андохтан оё дуруст аст? Хуб мешуд, ки то охири сол интизор мешудӣ ва падар ҳам баъди ғунучини пахта ба ту маблағ медод. Ногуфта намонад, ки дар ин давом ман аллакай бо амаки Мустафоқул — падари Абдусалом ва дигар бародарону аҳли хонаводааш шинос шуда, ба хонаи якдигар рафтуомад доштем.
Абдусалом дар ҷавоб гуфт, ки каме пасандоз дорад, шояд барои харидани хона бирасад. Назди соҳиби хона рафтем. Зани солхурдаи рус буд. Мақсади моро пай бурда, гуфт: «Агар хонаро Абдусалом барои худаш харидорӣ кунад, онро арзон мефурӯшам, зеро як сол мешавад Абдусалом дар ин хона иҷоранишин аст. Бо ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтораш ба ман, балки ба ҳамсояҳо маъқул шудааст. Ҷавони некниҳод аст».
Ҳамин тавр, он хонаро, ки солҳои сиюми қарни гузашта сохта шуда буд, ду утоқ ва якчанд дарахту каме замин дошт, харидем. Абдусалом баъдан қисса кард, ки аз музди меҳнати дар давраи сарварӣ ба гурӯҳҳои донишҷӯёни бинокор ёфтааш пасандоз карда будааст ва онро дар дасти ҳамсари ман нигоҳ медоштааст. «Он пулро ба янгаам додам, то беҳуда харҷ накунам», — гуфт ӯ. Он рӯз ба дурандешии Абдусалом қоил шудам ва ба вай барои чунин рафтори оқилона аҳсант хондам.
Пеш аз хонахарӣ, рӯзе Абдусалом ба ман гуфт, ки агар вақтам бошад, ҳамроҳ ба фурӯшгоҳи китоб равем. «Шумо фақат китобҳои дилхоҳатонро кофта мегардед-ку. Ман бо як корманди фурӯшгоҳ шинос шудам, ӯ чанд китоби камёбро бароям дастрас намуд. Ман ба вай гуфтам, ки дафъаи дигар ҳамроҳи акаам меоям. Акаи ман дар дунё фақат ба китоб ишқ меварзад. Имрӯз вай моро интизор аст.».
Вақте ки ба фурӯшгоҳ даромадем, духтари зебои шармгине назди мо омада, салом дод ва сарашро, намедонам барои чи бошад, набардошта оҳиста пурсид: «Амак, ба шумо чӣ гуна китобҳо лозим?» Ҳис кардам, ки аз ман шарм медорад. Мо китобҳои камёфти зиёдро харидорӣ намудем ва ӯ моро то берун гусел кард. Ман дар роҳ ба Абдусалом нигариста гуфтам: «Аҷаб духтари нозанин. Шарму ҳаёашро бину…Маълум, ки соҳиби ахлоқи ҳамида аст». Чеҳраи Абдусалом мисли себ арғувонӣ шуд. Фаҳмидам, ки нияти нек дорад.
Шукри Худо дар ин масъала ҳам Абдусалом иштибоҳ накард. Интихобаш арзанда буд. Чанд сол боз ҳамроҳи келин Саломатхон бо меҳру муҳаббати софи заминӣ оилаи меҳрубони дасткушоду меҳмонпарвару хешутабордӯстро ташкил кардаанд. Хонаи онҳо ҳама вақт пур аз меҳмон аст. Ҳамеша дар ҳавлии онҳо хешутабору ёру дӯстонро вохӯрдан мумкин аст. Соҳиби писарону духтарони зебо мебошанд. Ҳоло наберадор ҳам шуданд. Вале он хурсандие, ки баъди таваллуди аввалин фарзандашон Умедахон буд, ҳаду канор надошт. Афсӯс чанд сол пеш акаи Мустафоқул баъди каме беморӣ ҷаҳонро падруд гуфтанд (руҳашон шод бод) ва ҳоло фарзандони Абдусалом маро бобо ном мебаранд. Ман ҳам бо онҳо меболам…
Аввали тирамоҳи соли 1992 буд. Абдусалом наздам бо хотири ошуфта омаду гуфт, ки акаҷон ман аз ҷои корам рафтам ва мехоҳам ба дигар кор гузарам. Ман дигар сабаб напусидам, чунки медонистам Абдусалом бесабаб ба чунин иқдом даст намезанад ва сухани ӯро бурида гуфтам, ҳоло ман дар кафедра як аспирант дорам ва боз метавонам аспиранти дигар гирам. Пагоҳ ҳуҷҷатҳоро омода мекунӣ ва ба аспирантура дохил мешавӣ. Мавзӯи ҷолиби замонавӣ дорам. Ба тадқиқоти бархурди алфа зарраҳо бо ҳастаҳои вазнин машғул мешавӣ.
Абдусалом бисёр шахси масъул ва ростқавл аст, дарҳол гуфт, «не акаҷон, ман Шуморо ташвиш намедиҳам, охир чанд сол шудааст, ман аз физика дур мондам». Ҳамин тавр, суҳбаткунон аз бинои асосии ДМТ ба берун баромадем. Иттифоқан, аз пешорӯямон профессор Сангинмурод Қодиров, мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳ меомад. Ман бидуни ихтиёр дар майнаам вазну қиёс кардам, ки Абдусалом физик аст ва қобилияти хуби аналитикӣ дорад. Аз физикаи классикӣ ва муосир бохабар аст. Чанд сол дар Донишгоҳи аграрӣ ва техникуми политехникии шаҳр мударрисӣ кардааст ва метавонад шогирди хуби профессор Сангинмурод Қодиров шавад. Дар ин лаҳза профессор ба мо наздик шуд. Азбаски бо ӯ шиноси хело наздик будам ва шухиҳо ҳам мекардем, якуякбора ба ӯ гуфтам:
- Хело хуб шуд, худат ба даст афтодӣ, вагарна боз аз куҷо шуморо пайдо мекардам?
- Ҳа, тинҷӣ, Абдуҷабборҷон?
- Тинҷӣ. Ман медонам шогирди зиёд аз ҷамъиятшиносҳо доред. Аммо ба шумо, шогирди худам, ана ҷавони дар ҷодаи илм пӯхта расидаро бо ихтисоси физик ба шумо бовар карда супориданӣ ҳастам. Ӯ ба педагогика шавқи зиёд дорад, мехоҳад шогирди мактаби шумо бошад. Мегӯяд, барои физики ҳақиқӣ шудан якчанд сол бояд ба Дубна ва ё маркази дигари илмӣ равад. Вале ҳоло чунин имконият надорад, фарзандҳо калон шуда истодаанд. Онҳоро монда рафтан намехоҳад ва болои ин ҳодисаҳои нанговар ҳамаро мушавваш гардонидааст. Чӣ хел дар ин рӯзҳо оиларо ба ҳоли худ мегузоред? Гап якто, барои Абдусалом дар аспирантура ҷой меёбед ва ӯ бояд ба кори илмӣ машғул шавад.
Профессор ба чеҳраи Абдусалом дурудароз нигаристу баъд гуфт, ки дар куҷое ӯро дидааст.
- Шумо устод охир ду сол роҳбари умумии гурӯҳҳои донишҷӯёни бинокор будед ва ман сарвари гурӯҳи физикҳо. Ду-се маротиба дар Ёқутистон назди мо омада будед, — посух дод Абдусалом.
- Ҳа, ҳа ба ёдам омад, гурӯҳи шумо ҳам пешсаф буду ҳам бо тартибу интизом, бале ба ёдам омад. Ин тавр бошад, пагоҳ шуморо дар кафедра интизор мешавам.
Он вохӯрӣ ва он лаҳза ғайричашмдошт буд. На ман на Абдусалом интизори чунин пайомад набудем. Дар бораи профессори шодравон М. Қодиров ва илми педагогика низ фикр ҳам накарда будем. Ин ба фикрам хости Худованд ва тақдир буд.
Бояд гуфт, ки шогирдию устодии ин ду фарзанди баруманд то лаҳзаи охирини ҳаёти профессор Сангинмурод Қодиров идома ёфт.
Соли 1998 шукри Худо дар кишвар оромию амонӣ ҳукмфармо буд. Падарам ба шаҳр омад. Бегоҳӣ гуфт, ки Абдусаломро диданиам, маслиҳат ҳаст. Абдусаломро даъват кардам. Вақте ӯ фаҳмид, ки падарам омадаанд, зуд ба хона омад. Сари дастархон падарам гӯё дар омади гап гуфтанд, ки пагоҳ Абдусалом ба чӣ кор машғул аст? «Бобоҷон, ҳар коре, ки шумо гӯед, ба он машғул мешавем. Охир пагоҳ рӯзи истироҳат аст. Шумо ҳар рӯз ин ҷо нестед-ку!». Падарам гуфтанд, ки дар деҳаи Ӯялӣ дӯсти лақай дорад. Хеле барвақт бо ӯ аҳди бародарӣ бастааст, вале намедонад, ки дар он солҳои мудҳиш ӯ дар чӣ ҳол бошад. «Мехоҳам аз аҳволаш бохабар шавам», — гуфтанд падарам.
Рӯзи дигар саҳарӣ Абдусалом омаду мо се нафар ба самти Ӯялӣ раҳсипор шудем. Аз Душанбе баромада, ба деҳаи нахустини сари роҳ наздик шуда будем, ки ногоҳ аз дарвозаи хонае марде давида баромад. Доду фарёдкунон хоҳиш кард, ки мошинро манъ кунем. Абдусалом дар канори роҳ мошинро манъ кард ва мо фаромадем. Мард мушт ба сар мекӯфту фиғон мекард: «Хонаам сӯхт, духтарам худашро оташ задааст. Ӯро ба беморхона бурдан лозим. Илтимос кумак кунед». Мардак ба замин афтода, зориву тавалло мекард. Дар он рӯзҳо дар кӯчаю роҳҳо мошин ҳам кам буд. «Падарам ба Абдусалом нигарист, Абдусалом чашмашро аз марди ғамзада наканда гуфт: «Бобоҷон, шумо ҳамроҳи акаам каме ин ҷо интизор шавед, ман зуд бармегардам».
Абдусалом баъди се соат баргашт. Вай қисса кард, ки духтарро ба беморхона бурда, духтурро аз хонааш овардааст. «Бечора падари он духтар ба бемории дил гирифтор будааст. Духтарро ба ҳоли худаш мондему аз пайи духтури дил рафтем. Маъзарат, ки дер омадам», — узрхоҳӣ кард Абдусалом. Падарам дар ҷавоб гуфт: «Писарам кори хайр кардӣ, савоб гирифтӣ, Худованд некиҳоятро мегардонад. Мо манзараҳоро тамошо карда, суҳбат намудему гузаштани вақтро нафаҳмиде».
Сафарро давом додем ва ба хонаи Одилака, ки дар Ҷамоати шаҳраки номдори Ӯялӣ буд, расидем. Одилака падарамро ба оғӯш гирифта, ҳар ду хело оби чашм карданд. Баъд сари дастархон нишаста як пиёлаи чой гирифтем ва ману Абдусалом хомӯш ба ҳар ду мӯйсафед нигариста, ҳар кадом дар дил аз суҳбату дӯстии онҳо ҳаловат мебурдем. Ногаҳ дар ҳавлии Одилака як русбачаи тахминан 13-14 сола пайдо шуд ва ба Одилака рӯй оварда пурсид, ки «Бобоҷон, гӯсоларо ба куҷо бандам?» Одилака ба ӯ супориш дод. Баъд дар бораи писарак қисса кард.
«Аввали солҳои 1993 буд ва боре ба маркази Ӯялӣ бо коре рафтам. Назди нонвойхонае дидам, ки писарбачаи 7-8 сола бо сару либоси ифлоси дарида, аз роҳгузарҳо кумак талабида истодааст. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Ӯро ба хона овардам. Кампир сару танашро шуста, тоза карда, либоси тозаи наберагонашро ба ӯ пушонид. Аз бача дар бораи падару модараш пурсидем. Маълум шуд, ки ҳамроҳи модар зиндагӣ мекардааст. Як рӯз модар аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Писарак то бегоҳ интизорӣ мекашад. Гуруснагӣ ӯро ба кӯча мебарораду овораи дари мардум мегардонад… Хайр, калон шавад, ақлаш дарояд, баъд ягон фикр мекардагист. Ба аҳли оилаи мо чунон унс гирифтааст, ки мегӯӣ узви хонавода бошад. Мо қатори набераҳо ӯро дӯст медорем. Бачаи қобил аст, умраш дароз бошад, калон мешаваду роҳи зиндагиашро меёбад. Мехоҳам қатори набераҳо тарбияташ намоям».
Ману Абдусалом гоҳ-гоҳ ба якдигар менигаристему ҳар кадом барои худ хулоса мебаровардем, аз одаму одамгарӣ. Барои мо боз як дарси ҳаёт буд рафтори ин пирамарди соҳибдил.
Абдусалом ҳар лаҳза омодаи дастгирӣ ва кумаки шиносу ношинос аст. «Бас аст аз барои ҳар кас даводав кардан», баъзан мегӯям ба вай. «Акаҷон маро мегӯеду худатон, ки аллакай аз ҳафтод гузаштаед, ҳама вақт пайи кумаки дигаронед. Охир насиҳатҳои падараму бобоямро оё метавон фаромӯш кард? Онҳо нахӯрда, нолаи даҳонашонро ба дигарон медоданд. Одаму одамгарии онҳо буд, ки то ҳол мардум бо некӣ ёдашон мекунанд».
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солиёни зиёд дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз ходими кафедраи педагогика корро оғоз намуда, то ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра, профессор, мудири кафедра, сардори раёсати таълими донишгоҳ, проректори қисми таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон расидааст. Дар бораи кору фаъолияти профессор Абдусалом Мирализода собиқ ректорони донишгоҳ, академик Ҳ. Сафиев, С. Одинаев, узви вобастаи АМИТ Н. Саид, академик М. Имомзода баҳои баланд додаанд. Вале дар ҷодаи масъулиятшиносию серталабӣ Абдусалом устодаш собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон, профессор Ҳабиб Муродович Сафаровро мемонад. Ифтихор аз он дорад, ки мактаби роҳбариро аз он марди нек омӯхтааст ва ӯро устоди маънавӣ медонад.
Ҳамеша шукрона аз он мекунад, ки тақдир ӯро аз овони ҷавони то ҳол бо мардони кордидаю бофарҳанг ва бомаърифати миллат ҳамнишин гардонида, аз онҳо дарси ибрат омӯхтааст.
Чунин аст Абдусалом Мирализода — некрафтор, некгуфтор, нексиришт, некпиндор.
Абдуҷаббор САЛОМОВ