31 марти соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Халқии Хитой Чан Вансюанро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Хитой баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон давлати Хитойро «ҳамсояи наку, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо он, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, мисли терроризму экстремизм истиқбол намуд.
Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлу дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд.
Ӯ, ҳамчунин таъкид дошт, ки «Ҷумҳурии Халқии Хитой минбаъд низ аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тақвияти қудрати дифоӣ ва омодагии зиддитеррористии он пайваста дастгирӣ хоҳад кард».
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳолати кунунию дурнамои Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
www.prezident.tj