«Бо ҷасорат менавишт ва имзо мегузошт»

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Gaffor-Mirzo-1Сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб дар мақолаи «Имзо ва мавқеъ» дар сафи сутунҳои шикастнопазири адабиёти тоҷик Сад­риддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода  номи шоири тавоно Ғаффор Мирзоро низ зикр кардааст. Шоире, ки дар сухан ва мавқеаш чун санг устувор буду ҳамчун коммунист зода ва чун коммунист ҷаҳони фониро тарк гуфт.

Ба қавли адабиётшинос Соҳиб Табар, «Ғаффор Мирзо шоири якрӯ, яктан буд. Аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз сари тарс надошт. Бо ҷасорат менавишт ва имзо мегузошт».

Шоиронеро медонам, ки бо чанд шеъраки хому хатал, 1-2 китобчаи 20-саҳифагии бо кумаку дастгирӣ нашр кардаву аллакай ба «устодӣ» расидаанд. Онҳоро чунон бо эҳтиром ба забон меоранд, ки ногуфтанӣ. Вале аз фавти шоири мумтоз Ғаффор Мирзо чанд даҳсола нагузашта, аллакай аз сабаби, ба қавли халқ, «дар маърака одам надоштан» фаромӯш шудааст.

Ҳама фаъолияти эҷодии вай дар Душанбе гузашта, дар ҳамин ҷо хок шуда, аммо ба номи баъзе аз касони «аз нӯги шох» афтода мактаб, кӯча ё муассисаи истеҳсолӣ, фарҳангӣ гузошта шудаасту Ғаффор Мирзо ба ёди касе намерасад.

Ғаффор Мирзо ятимбачаи бекасукӯй, тарбиягирандаи Хонаи бачагони деҳаи Тебалай ва Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб аст. Сипас, донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) мегардад. Вай дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробари таҳсил дар курсҳои маҳви бесаводӣ ва тайёрии муаллимони мактабҳои ибтидоӣ дарс медод. Ходими муассисаҳои маданию маърифатӣ, рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» буд. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгорӣ ҳамчун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» низ фаъолият кардааст. Аз ҳама муҳим Ғаффор Мирзо котиби масъули Кумитаи муҳофизати сулҳи ҶШС Тоҷикистон буда, чун устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода барои пойдории сулҳ, тинҷию осудагии модарону кӯдакони ҷаҳон мубориза бурд.

Дар баробари ҳама заҳмат вай шоир буд. Шоири навҷӯю навовар ва сермаҳсул, муаллифи 50 маҷмӯаи ашъор. Аввалин маҷмӯаи ашъори Ғаффор Мирзо соли 1952 бо номи «Аз самими дил» ба табъ расида, шеъру достонҳои минбаъдааш дар маҷмӯаҳои «Ҳазор раҳмат», «Дил дар кафи даст», «Давлати меҳнатрӯзӣ», «Рӯи сурх», «Нору нур», «Меҳри мубориз», «Аз гаҳвора то майдон», «Ҳангомаи дидор», «Бо изтироби фарзандӣ» ва ғайра ба нашр расидаанд.

Аксар ашъори ӯ фалсафӣ, маърифатӣ, таълимӣ ва панду ахлоқӣ мебошанд. Ӯ аз солҳои 50-60-и асри ХХ бо ашъори пурғановат ва мақолаҳои илмиаш («Баъзе мулоҳизаҳо дар масъалаи назм», «Вазифаи асосии мо омӯхтан ва маҳорати худро баланд бардоштан аст») ва ғайра, барои ростгӯӣ, ҳақталошӣ, тасвири мушаххасу воқеӣ ва ошкоргӯӣ дар назм мубориза бурда, адибони ҳамсафашро даъват мекард, ки ҳақбину ҳақҷӯ бошанд. Майли шоир Ғаффор Мирзо ҳамеша ба сӯи навҷӯию сухани тоза гуфтан буд. Вай дар достони «Тоҷи давлат» равияи тозаи достонсароиро ба вуҷуд меорад. Ин достони аз ҷиҳати шакл нав, достони ғиноии пурҳиссиёт буда, сафарномаю асари тарҷумаиҳолиро мемонад.

Солҳои кӯдакӣ, ятимӣ, бекасию дарбадарӣ тарбия ёфтану ба камол расидани як насли тоҷик дар хонаи бачагон, ки дар солҳои наврасии Ғаффор дар аксар манотиқи Тоҷикистон вуҷуд дошт, дар достони «Асрор» ва романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» муфассал тасвир ёфтааст. (Бояд бигӯям, ки дар адабиёти тоҷик касе чун Ғаффор Мирзо дар назм роман нанавиштааст). Дар достони «366 паҳлу», ки иборат аз ду ҷилд аст, шоир кӯшидааст, паҳлуҳои гуногуни зиндагиро тавсиф карда, камбудию норасоиҳоро ошкоро баён намояд. Дар китоби «Бо изтироби фарзандӣ», ҳамчунин, масъалаҳои истиқлолияти миллӣ ва озодӣ тасвир шудааст.

Маҷмӯаҳои «Санговдавак», «Баррача рӯяд аз замин», «Як туҳфаи майдекак», «Чилдухтарон», «Гунҷишкак», «Достак», «Шайтони бекалушу маҳсӣ», «Як қатра офтоб», «Кадом ҳунар беҳтар»?, «Гулҳои даста баста»-и ӯ асарҳои дӯстдоштаи бачаҳо буда, барои боодобу хушахлоқ тарбия ёфтани онҳо ҳиссаи арзишманд гузоштаанд.

Ғаффор Мирзо шоири мумтоз, вассофи беҳамтои халқи тоҷик аст. Вай дар достону шеърҳояш ҳаёти одамони одӣ: деҳқонон, коргарон, зиёиёнро тараннум карда, аз ҳар кӯдак, кампираки докабасар, мӯйсафедони саллабасар шоирона сухан мегӯяд. Масалан, вай марди ҷелакпӯш, даҳмарда, пахтакор, ҳатто дар бораи мусиқӣ — думбраю ғижак, баъзе аз расму оину таомҳои тоҷикӣ бо тамоми эҳсосот сухан мекунад, онҳоро тараннум менамояд.

Шоир дар шеъри «Суҳбат бо деҳқони пахтакор» мегӯяд:

Берун шуд аз майдони кишт,

Бар суффа каҷпаҳлу бизад,

Он гаҳ нигоҳам роҳгум

Дар абрӯвони ӯ бизад.

Он донаҳои чистанд,

Дар бехи абрӯвони ӯ?

Гарди хазина рехтаст,

Аз муҳраи ҷонони ӯ?

Ин лавҳа ба назар одӣ намояд ҳам, тасвири олист. Шоир ибораҳои майдони кишт, гарди хазина ва калимаи каҷпаҳлуро басо зебо истифода бурдааст.

Миёни халқ мақолҳои «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад» ва «ҳар сухан 366 паҳлу дорад» машҳур аст. Шоир Ғаффор Мирзо достони «366 паҳлу»-ро аз мазмуни ҳамин мақолҳо гирифта, гуфтанӣ аст, ки на танҳо сухан, балки ҳаёт низ 366 паҳлу дорад: «Ана, боз як соли дигар сипарӣ шуд — 366 паҳлу гузашт. Ман онҳоро чӣ тавр гузаронида бошам?» — фикр мекунад. Ӯ рӯзҳои соли гузаштаро ягон-ягон аз лавҳи хотир мегузаронад ва худ ба худ мегӯяд: — Яке нек, дигаре бад, яке пур, дигаре холӣ, яке сафед, дигар хира, яке ҳалол, дигаре ҳаром…

Китоби «Рӯи сурх»-и Ғаффор Мирзо соли 1971 ба табъ расида, 64 қисса, шеър­ҳои гуногунмавзӯъро дар бар мегирад. Ба гумони ғолиб, номи китоб аз як шеъри шоир «Рӯи сурх, рӯи сиёҳ» гирифта шудааст.

Шоир иброз медорад, ки вақте Ҳазрати Парвардигор дар ибтидои офариниш бар ҷонзоди олам рангҳои гуногуну бешуморро тақсим намуд, одам ду ранг — сурх ва сиёҳро интихоб кард. Он гоҳ одам гуфт, ки агар ман бонангу номус, бовафо, боэътимод, ростқавл, устувору одил шавам, илоҳо, рӯям сурх бод ва агар дасту дилам қалб (фиребгар, сохтакор), хиёнаткору маккор шаваму бадандешӣ кунам, он гоҳ рӯям сиёҳ шавад;

Одами дурӯя чӣ? – пурсанд шояд ногаҳон,

Дӯстони бовафо,

- Одами дурӯя ҳам як рӯй дорад, дӯс­тон,

Рӯи ӯ – рӯи сиёҳ!

Шоир гуфтанист, ки одамӣ бояд як рӯ дошта бошад. Одами дурӯя на танҳо хиёнаткор, балки охири охирон рӯсиёҳ мегардад.

То ҷое ман медонам, шоир чунон зиндагӣ ба сар бурд, ки рӯяш сурх буд, сурхи сурх!

Дар шеъри дигари ҳамин китоб шоир бо ифтихор ва сарбаландӣ мегӯяд:

… Сикка ба рӯи ахтарон

Ман назанам, кӣ мезанад?

Рахна ба оламе ҳазор

Ман накунам, кӣ мекунад?

Нони ҳалоли умрро

Ман нахӯрам кӣ мехӯрад?

Аз амали худ ифтихор

Ман накунам, ки мекунад?..

Ғаффор Мирзо бузургтарин шоири қарни ХХ буда, ҳама паҳлуи он давронро дар назми пуробурангаш ифода карда тавонист. Шоирест, ки аз ҳеҷ ҳар чӣ, аз нобуд буд сохта тавонист.

Қиссаи машҳуре вуҷуд дорад. Худованд оби ҳаётро ба зоғ дод. Зоғ оби ҳаётро ба даҳон бигрифту бирафт, бар сари арчаи сарсабзи зебое биншаст. Ба зебоии он мафтун шуда, «ваҳ, чӣ хел зебо» — гӯён «қар» гуфт. Об бар сари арча рехт. Аз ҳамон рӯз арча 1000 сол умр мебинаду одам 50-60 сол.

Тақдири одамро ба дасти касони бефаросат додан мисли оби ҳаётро ба зоғ бовар кардан аст. Вақте ки тақдири одамонро ба дасти чунин ашхоси бефаросат медиҳанд, на истеҳсолот пеш мераваду на тобеон рӯзи беҳ мебинанд. Шоир мегӯяд:

Гарчи ин афсона аст, аммо чунин сардорҳо

Ҳаст, ки бо дасти чап сад гуна фармон медиҳанд,

Гоҳ-гоҳ аз содаву нодону бепарво будан

Қисмати одам ба дасти зоғи нодон медиҳанд…

Китоби «Нору нур», ки соли 1976 ба табъ расидааст, силсилаи шеър ва достонҳои он ба тасвир, тавсифи дирӯз ва имрӯзи ҳаёти мо, Тоҷикистон, синфи коргар, дӯстии халқҳо бахшида шудааст.

Шоир дар шеъри «Наҷмҳои мозию хуршеди истиқболи ман» иброз медорад, ки ман ғосибу яғмогар не, балки ориёиам ва аз гузаштаам ифтихор дорам. Аз он фахр дорам, ки кирдори баде аз авлоди пурифтихори гузаштаи ман сар назада, ки маро хиҷил дорад.

Тоҷикам ман,

Ифтихорам аз гузашта бо дами шамшер нест,

Ифтихорам тохтан не, сӯхтан не, ғорату тасхир не,

Се ҷиҳозам буд аз рӯзи азал дар рӯзгор,

Се силоҳи зиндагонӣ – хомаю ною сипор…

Дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик достонҳои зиёд гуфта шудааст. Шоирони тавоно қувваю истеъдодашонро дар достонсароӣ санҷидаанд. Вале, агар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро сарфи назар кунем, дар адабиёти тоҷик касе то ҳол романи манзум нагуфтааст. Аммо шоир Ғаффор Мирзо бо назм роман офарида, ки хонандаро ба ҳайрат меорад.

Ғаффор Мирзо ба адабиёти тоҷик хизмати беминнат ва содиқона кардааст. Ӯ ба мавзӯъҳои наву тоза даст зада, онҳоро чунон шоирона ва моҳирона ба риштаи назм кашида, ки хонандаро мафтун месозад. Вақте ки вай барои калонсолон менависад, олами тасвиру нигоришаш рангу бӯи дигар, вале, вақте ки дар бораи наврасону ҷавонон менигорад, қалами ӯ тобиши дигар дорад.

Ғаффор Мирзо тамоми ҳаёт бо устод Мирзо Турсунзода дар як саф истода, барои тозагии забону афкор, сулҳу субот, озодии бани башар, ободии Тоҷикистон мубориза бурдааст.

Дар китоби «Аз гаҳвора то майдон»-и шоир се китоби барои бачаҳо, наврасон ва ҷавонон навиштаи ӯ: «Гулҳои дастабаста», «Асрор» ва «Нору нур» дар як муҷаллад гирд оварда шудаанд. Шоир қаҳрамони лирикиашро аз тифлӣ то ҷавонӣ марҳила ба марҳила дар рӯҳияи ташаббускорӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намуда, ба камол расонида, ӯро ба майдони васеи адо кардани қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандӣ мебарад. Ҳамин тавр, китоби «Аз гаҳвора то майдон» дар тарбия ва ба камол расидани бисёр кӯдакон — наврасон ва ҷавонон ҳиссаи калон гузоштааст.

Ҳамчунин, китоб шеърҳое аз қабили «Як туҳфаи майдекак», «Гунҷишкак», «Афсонаи сесона, се мурғи дари хона», «Баррача рӯяд аз замин», «Дос­так», «Раҳмат ба ту, эй Офтоб», «Шайтони бе калӯшу маҳсӣ», «Рустамро кӣ Рустам кард?», «Як қатра Офтоб», «Кӯҳи чилдухтарон», «Шаби бехобӣ»-ро дар бар мегирад, ки ҳатто номи ҳар кадоми онҳо диққатҷалбкунанда буда, наврасонро ба ваҷд меоранд. Масалан, ба мазмуни шеъри «Як туҳфаи майдекак» таваҷҷуҳ намоед: Хирсак асалдӯздӣ меравад, Хирсакро ору (занбӯр) мегазад. Ӯ дод гуфта мегурехт, харгӯшбача ба ҳоли ӯ механдад.

Банди дуюм: — рӯбоҳи рӯмолсурх гуфт, ки дигар гӯшти мурғ намехӯрам, зеро ба даст овардани он кори мушкил аст. Беҳтараш занбурӯғ мехӯрам, ки он устухон надорад. Аз ин рӯ шоир ба қаҳрамони асар хитобан мегӯяд:

Накун, Дилишҷон, бовар,

Ба рӯбоҳи фиребгар.

Банди сеюм: — Санҷоб дар сабадча сето кулча меорад. Яктои онро худаш, яктои дигарашро занаш мехӯрад.

Яктои дигари он

Барои кӣ, Дилишҷон?

Банди чорум: Дилишҷон, муш чой мехӯрад? Ҳа, пӯдиначой мехӯрдааст:

Чойи кабуду фомил,

Хӯрад, агар мемурдаст.

Банди панҷум: -

- Ду санҷобу як хирсак аз чӯб арғунчак месозанд:

Арғунчак дар таги бед,

Чӯби арғунчак сафед.

Ба андешаи инҷониб, барои бачаҳо аз ин беҳтарашро бофтану гуфтан хеле сангин ва душвор аст.

Ё бигирем шеъри «Гунҷишкак»-ро. Шоир ва муҳаррири китоб Бурҳон Фаррух онро шеър гуфтаанд. Вале ман дос­тони комил мегӯям:

Якта гунҷишкак будаст,

Пешониш қашқа будаст.

Гӯши чапаш хоридаст,

Як ҳафта барф боридаст…

Барфи баланд, қади як одам. Гунҷишкак гушна мондааст. Хеле ҷустаст, дар ягон ҷо дона нест. Ба дарахт нишаста, аз гӯшнагӣ карахт шудаст. Дар шох хобаш бурдаст. Хоб дидаст, ки фасли тобистон аст, обу дон, арзан, ангур, алаф, малах фаровон… Баъд гунҷишк аз хоб бедор шуда, чашмонашро кушода, мебинад, ки дар болои барф афтодааст. Ӯро гурба дида, дар даҳонаш гирифта хона мебарад. Гурба меандешад, ки он ҳоло карахт асту гӯшташ сахт, агар ӯро хӯрад, мемурад. Онро гарм карда хӯрдан лозим.

Як духтараку як писараки шашсола – Наргису Парвез гурбаро дошта, гунҷишкро дар таги кӯрпа гарм карда, назди бухорӣ мемонанд. Вақте ки гарм мешавад, ба ҳаракат медарояд. Ба ӯ обу дон медиҳанд. Гунҷишк аз шодӣ гиря карда, ба бачаҳо раҳмат гуфта, дар хона зиқ мешавам, — гуфтааст. Бачаҳо дарро кушода гунҷишкро сар медиҳанд. «Ба гунҷишк», «хайр» гуфтанд. Хонаро медонӣ, ҳар вақт ки гушна мондӣ, биё – илова карданд, онҳо. Шеър аҳамияти тарбиявӣ дорад.

Назми Ғаффор Мирзо саршор аз идеяҳои фалсафӣ ва мантиқи боқувват аст. Аз ин рӯ, ҳанӯз дар вақти барҳаёт буданаш асарҳои ӯ ба бисёр забонҳо тарҷума шуда, дастраси дӯстдорони назм гардидааст. Ҳамчунин, нафақат асарҳои вай ба забонҳои ғайр тарҷума шудаанд, балки вай низ аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ асарҳои зиёдеро баргардондааст. ӯ аввалин шахсест, ки романи «Модар»-и А. М. Горкийро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Сабаб ҳамин аст, ки забони асарҳои насрии вай чун назмаш ширадор ва писанди ҳама аст. Дар вақташ асарҳои назмию насрии вай китоби дӯстдоштанӣ ва рӯимизии ҷавонону наврасон буд. Зеро дар тарбияи маънавӣ ва идеявии онҳо нақши муҳим бозидаанд.

Китоби насрии Ғаффор Мирзо «Марди майдон» ҳаҷман калон нест. 83 саҳифа буда, соли 1963 навишта шуда, соли 1968 ба нашр мерасад. Он дар бораи савораи «Аспи Гули бодом» Саидаҳмад Каримов, ки савори ҳамон асп аз Ховалинг то Берлини фашистӣ рафта, ба тухми лашкари Гитлер қирон оварда буд, нақл мекунад.

- Фаъолияти сарбозӣ ва ҷангии Саидаҳмад Каримов, — менигорад Ғаффор Мирзо, — соли 1935 оғоз шуда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома меёбад. Тирамоҳи соли 1935 аскарони округи ҳарбии Осиёи Миёна дар Бойсун аз тайёрии сиёсӣ, ҷангӣ ва варзишӣ имтиҳон месупориданд. Ба имтиҳон шамшерзани беҳтарини мамлакат, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ С. М. Будёний назорат мебурд. Ана, дар ҳамон имтиҳон бахши комсомолони Саидаҳмад Каримов дар округи Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намуда, сазовори мукофот гардид.

Саидаҳмад Каримов аз хизмати Армияи Сурх сазовори обрӯ баргашт. Қобилият ва истеъдоди ташкилотчигиашро ба назар гирифтаю санҷида, Бюрои КМ ЛКСМ Тоҷикистон ӯро котиби аввали Комитети комсомолии ноҳияи Ховалинг таъин кард.

- Вақте ки соли 1942 дар Тоҷикистон дивизияи 104 савора ташкил шуд, қобилияту истеъдоди Саидаҳмад Каримовро ба ҳисоб гирифта, — менависад Ғ. Мирзо, — ӯро командири эскадрон таъин карданд.

Соли 1942 баъд аз 5-6 моҳи тайёрӣ Каримов бо ҳамон эскадрон ба шадидтарин фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба фронти Сталинград сафарбар шуд. Ӯро дар рафти ҷанг командири разведкаи савора таъин карданд.

Саидаҳмад Каримов барои корнамои­ҳои бемисл дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи ду, ордени «Байрақи сурх», ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи якум, ордени «Александр Невский» сарфароз мегардад. Ӯ бо имзои командирон Маркарян, Белов, Константинов, Илин ду бор барои гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод мешавад. Ин ҳуҷҷат дар бойгонии Армияи Советӣ маҳфуз буда, як нусхаи он ба Саидаҳмад Каримов фиристода шудааст, вале таассуфовар аст, ки он унвон ба қаҳрамон дастрас нашудааст.

Саидаҳмад Каримов солҳои осоиштаи баъдиҷангӣ низ дар бисёр вазифаҳои ҳизбӣ ва истеҳсолӣ адои вазифа карда, номи нек ба ёдгор мемонад.

Бояд гуфт, ки устод Ғаффор Мирзо дар як очерки барои ҷавонону наврасон навиштааш зиндагиномаи ин фарзанди фарзонаи миллатро тасвир кардааст, ки он барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо нақши муҳим мебозад.

Дар адабиёти давраи нави тоҷик дар эҷоди асарҳои публитсистӣ Ғаффор Мирзо бо устод С. Айнӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода дар як саф меистад. Ҳатто очерк ва публисистикаи ӯ нисбатан бақувваттар аст. Масалан, китоби «Меҳнат мукофот аст»-и адиб аз 365 саҳифа иборат буда, 26 очерк­ро дар бар гирифта, масъалаҳои актуалии ҳаётро тасвир кардааст. Ӯ хонандаро ҳамчун роҳбалад аз сохтмон ба сохтмон, аз колхоз ба колхоз, аз дастгоҳ ба дастгоҳ, аз дидор ба дидор, аз дил ба дил мебарад ва бо аҳли меҳнат, бурду бохт, комёбиҳои меҳнатии онҳо шинос мекунад.

Шоир дар ҳар очерк дар бораи одамони одии заҳматкаш боифтихор ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ сухан мегӯяд, дастони пуробила, чеҳраи арақолуди онҳорро васф мекунад, симои меҳнаткаши озодро бо тамоми паҳлуҳояш дар пеши хонанда чун вассофи рӯҳи одам мекушояд. Аз ҷумла, китоб бо мақолаи «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ» оғоз шуда, дар бораи НБО-и «Норак», бунёдгузорони он ташаккули синфи коргари тоҷик, кумаки бевоситаю беғаразонаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ: рус, украин, ӯзбек, қазоқ, озарӣ сухан дар миён меорад. Аз ҷумла, деҳаи Норак, ки дар гузашта аз чанд хонаи фарсудаи гилин иборат буду он ба қавли халқ: аз гармои тоқатфарсо Норак — дӯзахи хурд (Нор-ак) номида мешуд, ҳоло ба шаҳри азими саноатии замонавӣ табдил ёфтааст, нақл карда мешавад. Норак нафақат пойгоҳи нур, балки он мактаби обутоби синфи коргари тоҷик, мактаби дӯстию рафоқат шуд. Мактабе шуд, ки барои сохтмони НБО-ҳои ояндаи тоҷик кадрҳои сохтмончӣ, мутахассисони баландихтисоси сохтмони НБО -и «Роғун»-ро тавлид кард.

- Сохтмони Норак, — мегӯяд дар охир шоир, — барои бинокорони имрӯзу фардои тоҷик ҳама чиз аст. Пеш аз ҳама, вай рамзи меҳнат шуд. Меҳнате, ки дастони ташнаи корро ба кор таъмин кард. Моҳияти он ба дил ҳамчун муҳаббат мерасад. Охири охирон меҳнат сарчашмаи зиндагонии ҳар тоҷикистонӣ, мактаби «Дӯстии халқҳо» гардид.

Дар китоби «Меҳнат мукофот аст» шоир Ғаффор Мирзо Заводи алюминийи тоҷикро «Ташвишобод» ном гузоштааст. Дар таърихи начандон тӯлонии Ҷумҳурии Тоҷикистон он солҳо ҷуз сохтмони азими Норак, Сарбанд, комбинатҳои ресандагию бофандагии Душанбею Хуҷанд дигар корхонаи азиме вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, чун дар Регар Корхонаи азими алюминийи тоҷик оғоз шуд, дар ҳақиқат он ташвиши зиёд дошт. Коргар кам буд. Синфи коргар оҳиста-оҳиста пайдо шуд. Ҷои зист намерасид. «Забон»-и кор фармудани технологияи заводи навро намедонистанд. Шароити истироҳату фароғати коргарон, мактабу яслию боғчаҳои бачагон, клуб, магазинҳо, қасри маданият аз ҳама бештар ташвишовар буданд. Сохтани майдончаҳои варзишӣ душворӣ меовард. Маҳз ба ҳамин хотир шоир очеркро «Ташвишобод» номидааст.

Дар ин корхонаи азим аввал коргарони баландихтисоси рус, ки дар заводҳои алюминии Россия сабақ ва таҷриба омӯхта буданд, омаданд. Онҳо ба ҷавонони тоҷик, ки майли дар завод кор кардан доштанд, сабақ омӯхтанд, чашми онҳоро кушоданд. Китф ба китф, даст ба дасти якдигар дода, ба бунёди корхонаи азим саҳм гузоштанд. Аз рӯзҳои аввал дар он ҷо дӯстию рафоқат амри воқеӣ шуд. Ана ҳамин ҷавҳари зиндагиномаи коргарӣ фалсафаи эҷоди шоир Ғаффор Мирзо гардид, онро дар ҳар сатри «Ташвишобод» ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст.

Нависанда дар «Ташвишобод» на ҳамчун журналист, шоиру нависандаи барҷаста, балки ҳамчун олими соҳа, ҳамчун донандаи беҳамтои фанҳои дақиқ-химия, физика ба назар мерасад. Вай дар бораи алюминӣ чунон менависад, ки ҳар донандаи соҳаро ба ҳайрат меорад.

- Алюминий, — мегӯяд шоир, — дар саноат монанди нон аст. Дар ҳар қадам мо ба вай дучор меоем. Масалан, аз коғази шараққосии шоколад то самолёт, аз қошуқчаи чойнӯшӣ то киштиҳои фалакпаймо. Дар ҳама ҷо вай вуҷуд дорад, вале ин фаровонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қадри онро паст намекунад. Баръакс монанди нони гандум истеҳсоли он сол то сол зиёд мешавад.

Тамоми саноати дунё алюминийро дӯст медорад. Зеро он сабук аст, мустаҳкам буда, занг намезанад. Барои он ки назар ба дигар металлҳо қувваи электрро хубтар мегузаронад.

Шоир Ғаффор Мирзо дар бораи тору пуд, гиреҳҳои кушодаю нокушодаи Заводи алюминийи Тоҷикистон бо ҳарорат сухан гуфта, дар охир ба вай бо забони назм дуои хайр медиҳад:

Аз сарои орзуҳои ту ин пайроҳаро,

То ба даргоҳи заводи алюминий сум задам.

Азми ин пайроҳа гар дар  дилат бедор шуд,

Шод меболам, ки дар тори дилат нохун задам.

Дар китоби «Меҳнат мукофот аст» очеркҳое ҷой доранд, ки адиб онҳоро ба мардони заҳматкаш бахшидааст. Аз ҷумла, очерки «Дар Данғара ҳам фидокорон бисёранд» ба сарчӯпони совхози «Данғара», Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Тӯрахон Тошев ва сарчӯпони ҳамин хоҷагӣ, депутати Шӯрои Олии ИҶШС (СССР) Шобиддин Кабутов бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки ин ҳокимони дашту ҳомун касонеанд, ки обрӯро аз меҳнати фидокорона, бедорхобиҳои шабҳои тӯлонии зимистон, сардиҳои тоқатшикани доманакӯҳҳо, аз ҷудоӣ аз дидори фарзандон пайдо намудаанд.

Ғаффор Мирзо, ҳамчунин, ҳамин гуна заҳматро дар симои Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, раиси овозадор, яке аз мардони баномуси кӯҳистон бобои Миралӣ Маҳмадалӣ, ки аз соли 1940 то дами вопасини умр ба колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ роҳбарӣ карда, ҳосилнокии ҳар гектарро ба 40-45 сентнер пахта расонида буд, ба риштаи тасвир мекашад. Бобои Миралӣ баробари баланд бардоштани ҳосилнокӣ барои ободию гул-гулшукуфии деҳаҳои хоҷагӣ саҳми арзанда гузошта, номи нек ба ёдгор монд.

Ғаффор Мирзо чун узви Кумитаи сулҳ дар ин бобат хизматҳои арзанда кардааст. Вай чӣ дар Ҳиндустон ва чӣ дар Булғория ё мулки Афғону Эрон пойдории сулҳу дӯс­тиро зиёд тарғибу ташвиқ мекард.

Шоир бо ҳарорат менависад: «Вақте дар ин ё он гӯшаи дунё алангаи оташи ҷанг бармехезад, мо аъзои Кумитаи сулҳу дӯстӣ ҳамчун оташхомӯшкунандагони фидокор ва нотарс ғами ҷонро нахӯрда, худро ба оташи ҷанг меафкандем, то ин ки он хомӯш гардад. Чаро дар ҷону ҷигари мо фикру хаёли дӯстӣ, сулҳ ва амният ҳамчун олиҳаи ягонаи ҳусн ва маънии ҳаёт ҷой гирифт? Магар мо нотавон будем? Магар аз ҳавои даҳани онҳое, ки бо забони аслиҳаи атомӣ ва ядроӣ ё бо кинояи ҳамчун мӯру малах зиёд будани худ ба мо таҳдид мекарданд, метарсидем? Не! Ҳаргиз!»

Ё бигирем дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро. Халқи тоҷику ӯзбек ҳамсоя не, — мегӯяд вай, — ду миллат дар як сарзамин, ду оила дар як ҳаёта, ду деҳқон дар як мазраъ рӯида ва зистаанд. Барои ҳамин ҳар баду нек, ҳар хушбахтӣ ва бадбахтӣ, ки меомад, ба сари ҳар ду меомад. Агар бурд мекард, ҳар ду бурд мекард, агар медод ба ҳар ду медод. Агар як борон меборид, ба кишти ҳар ду об медод, агар як жола мезад, кишти ҳардуро хароб мекард. Ду миллату як мубориза, ду миллату як орзу, ду миллату як роҳи ҳаёт, — ҳамин буд ва ҳамин аст таърихи мардуми тоҷику ӯзбек.

Аз мазмуну мундариҷаи 50 ҷилд китобҳои шоир бармеояд, ки аз рӯзҳои нахустини ятими дари хонаҳои мардум то дами нафаси охирин чун ятимӣ то вопасин лаҳзаи умр содиқона зистааст. Ҳатто замоне ҳам, ки сояи ӯро аз девор метарошиданд, ҷасуронаву нотарсона бо дили пок эҷод мекард. Ӯ дар зиндагӣ на тамаи мансабу унвон дошт, на умедвори пас аз марг ба ӯ ҳайкал гузоштан. Ҳама умеду орзуяш ҳаёти халқи одиро васф кардан буд.

Тавре зикр шуд, шеъру достонҳои барои наврасон эҷодкардаи Ғаффор Мирзо ба синну соли хонандаҳои мактабӣ хеле мувофиқ ва завқовар ҳастанд. Аз тарафи дигар аҳамияти калони тарбиявӣ ҳам доранд. Вале афсӯс, ки дар китобҳои таълимии мактабҳо ба шеърҳои бачагонаи шоир кам таваҷҷуҳ карда мешавад.

Ман таҳсилкардаи муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб, рақами 4 ба номи В. И. Ленин (ҳоло ба номи Санг Сайфиддинов) мебошам. Мактаби мо навтаъсис буд. Хонандагон аз чӣ бошад, қариб аз тамоми деҳоти навоҳии вилояти собиқ Кӯлоб дар он ҷо ҷамъ омада, буданд. Ҳатто омӯзгорони мо низ аз дигар кишварҳо буданд.  Масалан, устод Ризоев аз Бухоро, Ғафуров аз Хуҷанд, Ғулом Алиев аз Эрон, муаллимаҳои забону адабиёти рус, англисӣ, тарбияи ҷисмонӣ, нақшакашӣ ва физикаамон (аз чӣ бошад, фанни физикаро ба забони русӣ мехондем) низ аз Москва буданд. Муаллимон босавод, сахтгир ва ниҳоят меҳрубон буданд.

Солҳои 60-уми асри гузашта ба ҷуз аз шоиру нависандагони адабиёти классикию муосири тоҷик дар Кӯлоб дар даҳони хурду калон, мактабхону омӯзгор бештар номи устод Сайдалӣ Вализода, Ашӯр Сафар ва Ғаффор Мирзо чарх мезад. Аз ҷумла, устод Ризоев, ки дар солҳои ҶБВ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба Ғаффор Мирзо дарс мегуфтаанд, номи ӯро бо эҳтиром ба забон оварда, бошавқ дар борааш нақл мекарданд: — Бисёр бачаи ҷиддӣ, боғайрату ҷасуру далер буд. Ҳама дарсҳоро аъло мехонд. Он солҳо китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ кам буданд. Аксар дарсҳоро омӯзгорон аз русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, ба шогирдон таълим медоданд. Аз ҷумла, китоби фанни ҷуғрофия, ки ман таълим медодам, низ ба забони русӣ буд. Ана ҳамин китобро Ғаффор Мирзо нуқта ба нуқта ба забони русӣ аз ёд медонист ва нақл мекард.

Солҳои дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ҳисор таҳсил кардан Сангак Мухторов аз фанни риёзӣ ба мо дарс мегуфтанд. Азбаски номи ман Мухтору насаби муаллим Мухторов буд, маро ба ҳурмати номи падарашон эҳтиром мекарданд, дар нишастҳои хоса аз ҳар боб ба ман нақл менамуданд.

Боре қисса карданд, ки ӯ ва Ғаффор Мирзо дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таҳсил мекарданд. Ӯ дар факултети забону адабиёт мехонду ман дар факултети математика. Вақти таътили тобистона барои ба донишҷуёни ғоибхони  Омӯзишгоҳи педагогӣ дарс гуфтан моро ба Ғарм фиристоданд. Солҳои баъдиҷангӣ буд. Ҳанӯз гушнагӣ ва нодорӣ давом дошт. Пои пиёда то Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) базӯр омадем, тӯша ҳам надоштем. Идрорамонро дода бошанд ҳам, вале дар роҳи тӯлонӣ на мағоза буду на чойхона. Аммо ба мо зиракии Ғаффор кор дод. Дар роҳи сафар ҳар гоҳ хӯрданиамон тамом мешуд, ба ягон деҳаи сари роҳ даромада қаландарвор гадоӣ мекардем. Ғаффор суруд мехонду ман сари овози ӯро мегирифтам. Он қадар сурудро аз куҷо медонист, ман ҳайрон мемондам. Як суруд ё рубоии халқиро ҳеҷ гоҳ ду бор намехонд. Суруду таронаҳои вай мехондагӣ дар мавзӯи ғарибӣ, васфи диёр, бекасӣ буд:

Кӯлоб ғариб, дашти Кӯлоб ғариб,

Бемор шудам, дар сар надорам табиб.

Ку падару ку модар, ку хеши қариб,

Бегона чӣ донад, ки куҷо мурд ғариб.

Кампиракони аламдор, ки писар, додар ё каси наздикашонро дар ҷанг талаф дода буданд, сурудхонии Ғаффорро шунида, ба риққат омада, бо алам навҳа мекашиданд.

- Дар овозакотун ҷунуме, ку як таҳаки дига бихунен, — мегуфтанд онҳо. Ғаффор мехонд:

 Лаънат ба касе, ки бе бародар бошад,

Дар рӯи замин чу мурғи бепар бошад,

Доман пури зар кунену додар бихарен,

Ин додари зархарид чӣ додар бошад?

Ба як деҳа ворид шудем. Дар як хона оши худоӣ будааст. Моро биёед, қаландарбачаҳо, — гӯён боло гузарониданд. Муллое оят мехонд. Баъд ба мо ҳам таклиф карданд, ки «ку, қаландарбачаҳо, ягон чӣ бихонед. Дуои шумо бештар мус­таҷоб мешавад».

Ғаффор ба ман нигоҳ карду ман ба Ғаффор. Ниҳоят, ӯ чорзону заду дурудароз қироат кард. Ба пешамон он қадар пул рехт, ки як рӯмоли миён пур шуд.

Вақте ки аз деҳа баромадем, ба ман рӯ оварда гуфт: Сангалиҷон (вай маро Сангак не, Сангалӣ мехонд) Худо ризқи бандаша мерасонад, парво макун.

Вақте ки ба як деҳаи дигар расидем, он ҷо тӯй буд. Чун овози сурудхонии моро шуниданд, пешандоз карда, ба тӯйхона бурданд.

Шаҳро сурудхонон ба хонаи арӯс, арӯсро ба хонаи домод овардем. Шаб дар хонаи домод базми осмонкаф барпо кардем. Саҳар ба ҳардуямон яктогӣ рӯймоли миён, пулу тӯшаи зиёд дода, гусел карданд. Фардои он рӯз ба Ғарм расидем. Як рӯз дам гирифта, ба дарсҳо шурӯъ кардем.

Ғаффор Мирзо баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ифои вазифа дошт. Оид ба камбудию норасоии асарҳои адибони муосир мақолаҳои танқидӣ менавишт, ҳусну қубҳи асарҳояшонро ҷасурона ошкор менамуд. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ устод Боқӣ Раҳимзода Ғаффорро медиданд, ҳазлкунон мегуфтанд: — Ҳа, Абдуғаффор, бачам, шапида истодаӣ?! Ғаффор бошад: — ҳа, устод, дигар чӣ кор кунем? Устод: — Бишап, сахттар бишап, — мегуфтанд хандида.

Мухтор МИРЗО,

журналист