Ба пешвози баҳор

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Даври бераҳмии дай рӯ ба завол аст, эй дӯст,

Вақти гулбандии ҳар навданиҳол аст, эй дӯст.

 

Шохаи пургули бодом гувоҳӣ бидиҳад,

Охири марҳалаи яъсу малол аст, эй дӯст.

 

Ранг дар ранг шавад нашр баёзи гули ӯ,

Интишороти чаман боз фаъол аст, эй дӯст.

 

Боғи ороста донишкадаи зебоист,

Вақти омӯхтану касби камол аст, эй дӯст.

 

Чашми хӯгар ба сиёҳии ғаматро бикушой,

То бубинӣ ҳама ҷо нури ҷамол аст, эй дӯст.

 

Лола афрохта парчам ба сари гӯристон,

Туву пажмурдадилӣ? Оҳ, чӣ ҳол аст, эй дӯст?

 

Рӯи мизат қаламу коғази нав мунтазиранд,

Рез барномаи нав, аввали сол* аст, эй дӯст.

 

*Аввали сол-ишора ба Наврӯз

Толиби ЛУҚМОН