Шукр ба ҳастӣ кунем

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Бӯйи баҳорон расид,

Накҳати борон расид,

Атри гулистон хуш аст,

Бар нафаси ҷон расид.

 

Ин саҳар аз сӯйи кӯҳ

Ҷӯш зада ҷӯйи кӯҳ,

Масту хиромон равон

Духтари хушрӯйи кӯҳ.

 

Бод ба тезӣ гузашт,

Шод ба тезӣ гузашт.

Атри гули лоларо

Дод, ба тезӣ гузашт.

 

Дашту даманро нигар,

Тарфи чаманро нигар.

Рӯйи Ватан гул барин,

Рӯйи Ватанро нигар.

 

Базми тараб во шуда,

Тантана боло шуда.

Парчами Наврӯзи мо

Машъали дунё шуда.

 

Рӯйи ҷаҳонро нигар,

Оламу одам дигар.

Ҷӯш занад аз фараҳ

Тантана шому саҳар.

 

Зуҳрапарастӣ кунем,

Шукр ба ҳастӣ кунем.

Бода ба каф оварем,

Якшаба мастӣ кунем.

 

Некии Зардуштро,

Ҳикмати ҳафт пуштро

Нек ба ёд оварем

Зӯри даҳ ангуштро.

 

Оинахоҳӣ кунем,

Ҷилванамоӣ кунем.

Чашм ба кайҳон диҳем,

Мадҳи Ашоӣ кунем.

 

Даст ба омин кунем,

Ҳурмати ойин кунем.

Пок шавем зоҳиран,

Покиза ботин кунем.

Ҷӯрабек МУЪМИН