Наврӯз яке аз идҳои суннатии халқҳои Шарқ, бахусус, тоҷикон аст. Таърихи он то ба замони қадим расида, хусусиятҳои фарқкунанда дорад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои аввалин рӯзи сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ ибни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» мегӯяд, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки нишонии соли нав аст».
Бо вуҷуди солҳои тӯлонӣ аз давлатдориаш маҳрум гаштани халқи тоҷик, ин иди қадима побарҷо монд, ташаккул ёфт ва ҳоло чун рӯзи соли нав, оғози баҳор ва иди миллии умумихалқӣ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Ҳатто даврони шӯравӣ шаҳомату бузургии Наврӯз ва меҳри ин маъракаи аҷдодӣ аз дили мардум дур нашуд. Агар иди Наврӯз он замон аз тақвимҳои расмӣ бароварда шуда бошад ҳам, вале дар ҳаёти мардум ҷойгоҳ дошт ва онро бо номҳои иди деҳқон, иди оғози киштукор, сайри лола ва ғайра таҷлил мекарданд. Пас аз солҳои 60-уми садаи ХХ бо ҷоннисориҳои адибону равшанфикрони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бӯринисо Бердиева, Бозор Собир, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, роҳбарони вақт Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва дигарон иди Наврӯз аввал бо номи сайри гул ё сайри лола ва баъдан бо номи таърихиаш — Наврӯз эҳё гардид.
Бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Наврӯз додани мақоми иди миллӣ ва чаҳор рӯзи аввали онро рӯзҳои истироҳат эълон намудан, муттасил дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва дар маҳалҳо бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи файзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва сиёсати пайгиронаи ватандӯстонаи Сарвари давлат мебошад.
Пешниҳод ва ташаббуси наҷибонаи Президенти мамлакат буд, ки ин иди файзбахш баъди касби Истиқлолияти давлатӣ аз ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ расида, ниҳоят, ҷаҳонӣ эътироф гардид. Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба Феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид намуд ва моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 64-умаш қароре ба тасвиб расонид, ки дар асоси он 21 март-Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ дар ҷаҳон таҷлил мешавад.
Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маънои нав пайдо карда, бунёдкории солҳои охир, сулҳу салоҳ дар ҷомеа, ободонӣ ва ба дараҷаи баланд гузаронидани оғози кори деҳқонӣ боис гардид, ки он ҷавҳари ҳама амал ва корҳои тарбиявӣ гардад.
Аммо як нуктаро дар назар бояд дошт: Ҳеҷ гоҳ Наврӯз ва дигар иду маъракаҳоро ба ҷамъомади одамони бешумор, ташкили намоишномаҳои оммавии дар назар манфиатовару дар амал назарфиреб табдил додан нашояд, зеро ин гуна амал аксар маврид ҳусну моҳияти идро коста мегардонад.
Ҷашни Наврӯз агар дар ҳар маҳалла, хона, бино, кӯча, деҳа, ҷамоат, хоҷагӣ, ноҳия ё шаҳри алоҳида, дар асоси суннатҳои қадимаю баъд пайдошуда ҷашн гирифта шавад, хуб мебуд. Дар варзишгоҳ ё идгоҳ барои худнамоӣ ҷамъ овардани ҳазорҳо одам, дар барномаҳои идӣ ҷалб намудани тифлону мактаббачагон танҳо фиреби назар аст, на нишон додани оммавияти маърака. Агар дар варзишгоҳ ё идгоҳ 15-20 ҳазор одамро ҷамъ наоварда, ин маърака дар маҳалҳо гузаронида шавад, шояд то 100-200 ҳазор нафар дар он бе монеа иштирок намоянд.
Мутантанӣ, худнамоишдиҳӣ ба худфиребӣ оварда, ҳусни ҷашнро мекоҳонад ва ба он аҳамияти тарбиявӣ-маърифатӣ дода наметавонад. Мутаассифона, дар маҳалҳои алоҳидаи кишвар кор то ба ҷое расидааст, ки ба ҷои чор рӯзи тақвимии иди Наврӯз, дар маҳаллаҳо, деҳот, ҳатто ноҳияҳо, бо пайравӣ ба якдигар тамоми моҳи март ва ҳатто моҳи апрел маъракаҳои наврӯзӣ меороянд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Наврӯз чор рӯз ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвар давлати ҳуқуқбунёд аст ва бинобар ин, риояи қонун муқаддам аз ҳама мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»