Суманак

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Шарбаташ аз сабзаи тар,

Лаззаташ лабҳои духтар.

Оби ӯ аз ҳавзи кавсар,

Лахчааш монанди ахтар.

Маснадаш болои минбар,

Дар даруни деги тафсон,

Чеҳрааш чун хирмани зар.

Лоиқи сад достон аст,

Суманак ин шаҳди Ховар.

Нури чашму қувваи ҷон,

Мешавад бар ту муяссар.

Гар чашӣ, эй ҷони ширин,

Чумчае з – ин шарбати тар.

Давлати Султон