Суннатҳои наврӯзӣ дар Кобул

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

afganistanКобул пойтахти кишвари ҳамзабони мо Афғонистон буда, яке аз шаҳрҳои бостонӣ мебошад, ки дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ аз он ёдоварӣ шудааст. Дар осори бостошиносӣ, таърихӣ ва адабӣ низ ишоратҳо рафта, ки аз замонҳои бостон дар Кобул Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҳоло низ мардуми Кобул ошиқона, бо кору пайкори махсус, ба пешвози Наврӯз мебароянд.

Кобулиҳо, пеш аз ҳама, ба монанди дигар минтақаҳои ҳавзаи Наврӯз аз поккорӣ шурӯъ менамоянд. Аввал ба таври ҳашар ҷойҳои умумиро ба тартиб ва танзим меоваранд, баъдан, ҳар фарди хонавода, ҳамсояҳо, дастаҷамъона ба рӯбучини ҳавлию кӯчаҳои шаҳр мепардозанд. Хона, ӯҷоқ, дегдон, ошпазхонаро дар Кобул ҳатман бо хокаи махсуси сафед тамиз мекунанд. Мардуми Кобул ба он боваранд, ки тозагию покизагӣ ба хонавода баракат меорад. Муқаддас шумурдани ошпазхона, дегдон, оташдон ҳамон нишонаҳоест аз оини ниёгон, аз ҷумла зардуштӣ.

Занҳо чиниворӣ ва дигар зарфҳои дар хонабударо мешӯянд ва пок менамоянд. Дег, зарфи мисӣ ё филизиро, ки дар зимистон сиёҳ шуд ва мавриди истифода қарор гирифт, ҳатман бо хокистар сафед мекунанд. Дегҳоро ба гулхани оташ гузошта, тамиз менамоянд.

Дар гузашта мардуми Кобул пеш аз омадани торикӣ, шаб чароғҳои хонаашонро рӯшан мекарданд. Дар рӯзҳои Наврӯз дӯкондорон дӯконҳоро озинбандӣ карда, чароғи зиёдро рӯшан менамуданд. Ҳам шамъ, ҳам фонус, ҳам чароғҳои нафтӣ мегузош­танд, ки то рӯшноӣ рангоранг ба назар бирасад. Онҳо бовар доштанд, ки агар шабҳои наврӯзӣ рӯшноӣ бештар бошад, тамоми сол рӯзгорашон чароғону бобаркат хоҳад шуд.

Солҳои 1981-1985 нигорандаи ин сатрҳо дар шаҳри Кобул кор ва зиндагӣ кардам ва дидам, ки растаҳои дӯконҳоро бо тасвири манзараҳо, ­пӯсти ҳайвонҳои ба мисли палангу хирс, сӯзаниҳо, қолинчаҳо, табарзин, качкӯл, бо навъҳои оинаҳои булӯр, чилчароғ, лаълиҳо, гулҳои коғазӣ оро медоданд. Пас аз ороиш дӯконҳо яке аз дигар зеботар мешуданд. Фурӯшандаҳо хушлутфу меҳрубон буданд. Онҳо бо шириниҳо, шарбати ҳафтмева, шарбати ширин, кулчаҳои наврӯзӣ, анвои шириниҳои хушмаза ҳар касро, ки вориди дӯкон мегашт, пазироӣ менамуданд. Гоҳе суханони гуворои лутфомез мегуфтанд. Дар Кобул дӯкондорони ҳиндӣ зиёд буданд, онҳо ба забони тоҷикии дарӣ хушсуханӣ карда, моро маҷбур мекарданд, ки ҳатман аз ҳалвою шириниҳои наврӯзӣ бичашем.

Ҳоло низ пеш аз Наврӯз пазандаҳои ҳунарманди Кобул анвои гуногуни ҳалво ва ширинӣ ва дигар хӯрданиҳои хушмазаро махсус барои ҷашни Наврӯз мепазанд. Аз ҷумла, кулчача, ширинӣ, нахӯдбирез, нуқлу бодом, ҳалвои пашмак, ҳалвои мағз, ҳалвои суҳонак, ширпира, лавзия, порасамарқанд, пула ва амсоли ин, ки дар дӯконҳои Кобул фаровон мебошанд.

Сабзифурӯшҳо аз доманаи кӯҳу дашту даман ва ҳам аз кишти замини деҳқонон навъҳои сабзаҷот ва даркориро барои пухтупази ҷашни наврӯзӣ пешкаши мардум менамоянд. Яке аз сабзаҳо исфаноҷ аст, ки онро чун нишонаи шодмонӣ ва сарсабзӣ пешкаши мардум мекунанд. Кобулиҳо аз исфаноҷ хӯришҳои хушмазаи наврӯзӣ омода менамоянд, ки хеле лазиз аст. Дар айни замон низ мардум аз ин чизҳо харидорӣ карда, дастархони рангини идонаи наврӯзиро рангинтар месозанд.

Хӯрокҳои гуногуни баҳориро бо омезиши анвои сабзаҷот мепазанд, ки аз онҳо бӯи баҳор ба машом мерасад. Дар он рӯзҳо пухтани моҳӣ, гиёҳҳои сабз, нону самбӯсаҳо маъмул аст. Таҳияи анвои нонҳои равғанӣ, шириниҳои дастпухт, кулчаҳои хушмаза ва фатирҳои бомазаро занҳо нишонаи хайру баракати хонавода медонанд. Занҳои кобулӣ кӯшиш менамоянд, ки дар Наврӯз маҳоратро дар пухтупаз нишон диҳанд. Барои саргармии кӯдакон, наврасон ва ҳатто ҷавонон чизҳои хос ба монанди бозичаҳо, бодбаракҳо, аспаку хараку шутурак ва филак омода менамоянд.

Мардуми Кобул тибқи оинҳои ниёгон, пеш аз ҷашн ба ҳаммом мераванд ва шустушӯ мекунанд. Дар рӯзи Наврӯз ҳатман либоси нав ба бар менамоянд. Модарон барои кӯдакон либосҳои сабзу сурх мепӯшонанд. Либоси онҳоро бо ҳар гуна гулҳо оро медиҳанд. Ба ҳар ҷои либоси онҳо, аз ҷумла гиребону остин, нишонаҳои «чанги шер», «чашми муҳра» ва гулакҳои баҳорӣ медӯзанд. Ин маънии онро дорад, ки онҳоро дар ҷамъомадҳо Худо аз чашми бад нигоҳ дорад ва ҳамеша шод бошанд. Дасту пои духтараконро ҳино мебанданд.

Кобулиҳо пеш аз шурӯи ҷашни Наврӯз ҷумъаи охири соли куҳна аввал ба ҷойҳои муқаддас мераванд, дуо мекунанд. Аз ҷумла, ба зиёратгоҳҳои дарун ва беруни Кобул, ба мисли Ошиқону Орифон, Шуҳадои Солеҳин, Шоҳи Душамшера, Бобои Худӣ, Бобокидонӣ, Хоҷа Рӯшноӣ, Хоҷа Сабзпӯш, Хоҷа Равош, Хоҷаҳои Сафо, Хоҷа Чошт ва чанд ҷойи дигар. Ба қабристон рафта, ба ёди рӯҳи наздикони фавтида фотиҳа мехонанд ва ба гӯшаи қабр арзан мерезанд. Ҳатман исфанд дуд мекунанд, ки дар соли нав аз онҳо офату балоҳо дур шавад ва мегӯянд: «исфанд-исфанд, балобанду бегазанд, ба ҳақи шоҳи Нақшбанд, чашми меш, чашми хеш, чашми бадандеш, бисӯза ба оташи тез».

Калонсолон мегӯянд, ки солҳои гузашта мардум як моҳ пеш аз фаро расидани Наврӯз ба истиқболаш мебаромаданд. Хонаводаҳо ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ ҳар ҷумъа аз шаҳр берун мерафтанд. Дар Кобул ва атрофи он ҷойи зиёди сайргоҳҳо, майдонҳо, теппаҳо мавҷуд аст, ки ҳар гурӯҳ дар он ҷо машғули шодиву сурур мешаванд. Аз ҷумла, минтақаи Хайрхонаи Кобул, аз замонҳои пеш яке аз ҷойҳои муҳими ҷашни Наврӯз будааст. Ҳанӯз ҳам мардум ба ин минтақа барои барпо намудани ҷашни наврӯзӣ мераванд. Ба гуфти Аҳмади Ҷовид, асли вожаи Хайрхона (Хурхона – хонаи хуршед), яъне ибодатгоҳи офтоб будааст. Бостоншиносон аз як тоқи тарошидаи кӯҳи он макон муҷассама пайдо намуданд, ки гӯё марбути оини меҳрпарастӣ аст. Макони дигари ҷашни Наврӯз ва тафреҳгоҳи мардуми Кобул ҷойҳое ба номҳои Теппаи Сахӣ, Боғи Бобур, Шуҳадои Солеҳин, Ошиқону Орифон, Хоҷасафо ва ҷойҳои дигар мебошад. Ба гуфти мардум ва пажӯҳандагон, номи қадимии Боғи Бобур Боғи наврӯзӣ будааст. Пас аз он ки ҷасади ӯро аз Агра ба Кобул оварда, дафн карданд, маъруф ба Боғи Бобур шудааст.

Дар доманаи Кӯҳи Хоҷасафо дарахтони арғувонии хушранг аст, ки барои истироҳати мардум макони дилрабоест. Дар Боғи Чилсутун, баробари расидани баҳору Наврӯз, шукуфаҳои бодом мешукуфанд. Ҳамон замон ки гулҳои бодом мешукуфанд, мардум ба боғ омада, сайругашт менамоянд, дар ҳамон ҷо анвои кабобҳо мепазанду лаззат мебаранд. Метавон бо самимият ёдовар шуд, ки кобулиҳо дар рӯзҳои ҷашн қаймоқи чойиро бо кулчаҳои намакину ширин нӯши ҷон менамоянд.

Дар Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул, одат аст, ки ҳар гурӯҳи табақоти ҷамъият ҳангоми «Мелаи гули сурх» дар макони муносибе шодмонӣ намоянд. Сарватмандон, косибон, баззозон, тоҷирон, табақаи миёнаҳол, қассобон хуллас, ҳар кадом бо ҳамнишинаш ҳангоми расидани баҳор ва шукуфтани гулҳои арғувонӣ дар дашту даман, теппаву дараю кӯҳ, боғҳои мусаффои Кобул ва берун аз он мераванд. Ҳар табақаи ҷамъият мувофиқи расму оинашон дар баҳорон дар Хоҷасафо, дар мавсими шукуфтани наргис дар Боғи Боло ва Чилсутун ҷоеро интихоб карда, лаҳзаҳои баҳории зиндагиро бо шодмонӣ мегузаронанд. Мардум дар зери дарахтон уҷоқе таҳия намуда, «дегчапазонӣ» мекунанд. Аз хӯрокҳои пухта ба якдигар таоруф менамоянд ва ҳар гурӯҳ дар ҳалқаи хеш бо шодиву сурур, бо навозиши созу сарояндагӣ ва бозиҳо машғул мешаванд. Наврӯзу баҳор на фақат ҷашни суруровар аст, балки мардуми Кобулро ба якдигар пайванд намуда, ҳамдилу иттиҳод мебахшад.

Занон низ ҷудогона ба гурӯҳи худ ба рӯи сабзаҳои чаману саҳро, домани кӯҳҳо қадам мезананд, ки инро дар Афғонистон «сабзалагад» мегӯянд. Шафтал ва панирак мехӯранд. Гул мечинанд ва барои пухтани таоми «булонӣ» сабзаҳои навруста ва гандумак ҷамъ меоваранд. Дар гузашта рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва аввали баҳор дашту дамани Кобул лолазор мешудааст, ки дар ин бора адибон дар навиштаҳояшон ишорат намудаанд. Бобур дар навиштаҳояш аз 32 навъ лолаи кобулӣ ёд мекунад, ки худаш чидааст.

Бо вуҷуди нооромиҳои ҳозира низ дар минтақаҳои Кобул шодиву сурури пиру ҷавон ва бахусус занону духтаронро метавон ҷудогона дид. Онҳо ба рӯи сабзаҳо медаванд ва бо шодмонӣ дафу доиразанӣ карда, суруд­хонӣ менамоянд. Гурӯҳе бидуни сози мусиқӣ бо садои оҳангдор, ба истилоҳи маҳаллӣ, «чорбайтӣ», «кӯчабоғӣ» (дубайтӣ) месароянд. Дубайтиҳои зерини баҳорию наврӯзӣ дар байни занону духтарон машҳур аст:

Худат гуфтӣ ки ваъда дар баҳор аст,

Баҳор омад дилам дар интизор аст.

Баҳори ҳар касе ид аст Наврӯз,

Баҳори ошиқон дидори ёр аст.

Хӯроки асосии шаби иди соли нав гӯшти мурғ, «сабзичлав» ва ё «қурмасабзӣ», моҳӣ аст, ки онҳо нишонаи сарсабзии зиндагианд.

Шаби чоршанбе низ дар Кобул баъзе анъанаҳо дошт. Мардум аз бозор, махсус барои ин шаб, кӯзаи нав мехариданд ва ба он об намеандохтанд. Баъд кӯзаро дар ҳамон шаби чоршанбесурӣ аз болои бом ба замин мепартофтанд ва бо садои баланд мегуфтанд: «бало рафту сафо омад». Ин гуна оини мардумӣ то чандсад сол пеш дар аксар минтақаҳои Афғонистон маъмул буд, ки дар ашъори Мавлонои Балхӣ низ, нишонаҳои он хеле зебо ва бо таровати махсус инъикос ёфтааст:

Баҳор омад, баҳор омад, баҳори хушузор омад,

Шафо омад, шафо омад, шафои ҳар низор омад.

Бунафша пеши нилуфар даромад, ки муборак бод!

Ки зардӣ рафту хушкӣ рафту умри пойдор омад.

Дар гузашта дар ҳар боғи Кобул ҳунармандони мардумӣ ба мисли масхарабозон, латифагӯён, қиссахонон, маймунбозон, фолбинон низ буданд. Ҳоло низ дар ҷашнгоҳҳо ҳунармандон маҳорату ҳунар нишон медиҳанд. Дар як гӯшае фолбинҳо ва дуонависҳо машғули коранд. Бахусус, кори ҷатҳо (лӯлиҳо) он рӯзҳо дар авҷ аст. Дар гирди онҳо занҳои хурофотпараст давра зада, сарнавишташонро донистан мехоҳанд. Гоҳе хурдсолон ин сӯ, он сӯ давида, фолбину ҷатҳоро масхара карда мегуфтанд: «фоли ту фол аст, нони ту дол аст, бини ту парда дора, Худо тура вардора» (аз бойгонии муаллиф).

Дар Афғонистон маймунро «шодӣ» ва гоҳе «бӯзина» низ мегӯянд. Шодивонҳо (маймунбозҳо) ё бӯзинабозҳо якчанд маймун доранд. Онҳо бӯзинаҳоро ба чӯббозак бозӣ медоранд. Ҳатто онҳоро бо тамошобинон вориди гуфтугӯ менамоянд. Яке аз онҳо ба назди тамошобине рафта, ба бӯзинаи худ чунин мегуфт: «пак-пак, пакарбозӣ, ана хусури ту, ба хонаи хусур мерӣ, ба оқоҷон (ба тамошобин) салом бидеҳ». Дар ин ҳолат бӯзина дасташро ба сараш гузошта, ба болои чӯббозак мепарад ва ба ҳар сӯ медаваду меҷаҳад. Маймун, ки ҳаракати зиёд мекард, маймунбоз мегуфт, ки «бозӣ ку, бозӣ ку, ханда ку, бидав, бозӣ-бозӣ, ҳа баракаллоҳ». Ӯ бо чӯби худ маймунро хала-хала мекунаду боз назди тамошобин мебарад ва мегӯяд: «пойи оқои худро «моч ку» (бӯса кун). Маймун сар ба замин мегузошт, тамошобинон хушҳол мешуданд ва барояш чизе медоданд. Маймунбозӣ дар Афғонистон аз замонҳои қадим будааст. Саноӣ гуфтааст: «Пас дар ин бозори дунё бӯзинабозӣ макун». Кӯдакони Кобулро дар рӯзҳои Наврӯз шодиву нишот бештар аст, ки онҳо бо бозиҳои коғазпаронбозӣ, гудибозӣ, гудипаронӣ машғул мешаванд.

Дар ҳар гӯшаи боғҳои Кобул, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз он ҷойҳо ба ­наврӯзгоҳ табдил меёбанд, саргармии зиёдест. Яке доира мезанад, чанд тан рақси атанро иҷро мекунанд, гурӯҳе каф мезананд, дар мобайн касе мерақсад, кӯдакон ба ҳар сӯ медаванду мепаранд. Масхарабозон, ширинкорҳо, далқакҳо, дорбозҳо дар майдонҳо ҳунарашонро пешкаши мардум менамоянд. Касе бо аробааш, ки вайро «карочиволо» мегӯянд, бо стаканҳои пур аз шарбат, дигаре бо машки дӯғ, сеюми ҳафтмева дар байни мардум бо садоҳои баланд ва ибораҳои қофиядор маҳсулоташро таблиғ менамояд.

Дар як гӯшаи боғ хирсбозӣ баргузор мешавад. Соҳиби хирс ҳам ба мисли хирс азимҷусса аст. Гурӯҳи тамошобинон дар гирди он ҷамъ меоянд. Мардум, ки зиёд мешаванд, соҳибаш бо хирс гӯштин мегирад, вайро ба рақс медарорад, ки ин барои кӯдакон ва наврасон хеле ҷолиб аст.

Солҳои 1981-1985, инҷониб, дар боғҳои Кобул ҳангоми сайругашти наврӯзӣ лаҳзаи фурӯхтани ҷувориро дида будам, ки хеле ҷолиб буд. Ҷуворифурӯшҳо агар 3-4 нафар бошанд, аз якдигар дар масофаи дуртар буданд. Онҳо вақти фурӯши ҷуворӣ таронаи «ҷувориҷон, ҷуворӣ»-ро месароиданд.

Хуллас, дар боғҳои шаҳри Кобул, дар кӯчаҳо, дар хонаҳо, дар дашту даман ва ҷойҳои дигари наздики шаҳр Наврӯз бо ҳашамати бузург ҷашн гирифта мешавад. Бо вуҷуди нооромиҳо, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, тибқи расму суннатҳои ниёгон, мардум оини наврӯзиро бо муҳаббат баҷо меоранд.

Равшан РАҲМОНӢ,

 профессори ДМТ