Дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Истак ном мавзее ҳаст, ки то ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта идгоҳи мардуми шаҳри Хуҷанд буд. Бино ба иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, дар қарнҳои пешин хуҷандиён иди Наврӯзро дар ин мавзеи хушбоду ҳаво таҷлил мекарданд.
Соли 1989 бо кӯшишу эҳтимоми шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вақти он, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ иди Истак бо расму суннатҳояш эҳё ва бо иштироки беш аз даҳ ҳазор нафар, аз ҷумла, меҳмонон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, доир гардид.
Баъд аз 29 сол, моҳи марти соли 2018 масъулини деҳот азм карданд идро дар мавзеи таърихиаш барпо намоянд. Ҳарчанд мавзеи зикршуда, бинобар бунёди ҳавлиҳо, хеле танг шудааст, вале иштироки аҳлонаи мардум ба он шукӯҳу шаҳомат бахшид.
Яке аз муаллифони сенарияи ид, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Ҳоҷибоева он рӯз изҳор дошт, ки «ин қадами нахустин дар эҳёи иди қадимаи Истак маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар аст. Минбаъд мекӯшем, онро дар макони нисбатан васеътар ва фароҳамсозии шароит ба намоиши маҳсули дасти ҳунармандони халқӣ барпо намоем».
Мутаассифона, се сол мешавад, ки он аз нав ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст. Хуб мебуд, масъулин баҳри эҳёи он кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро эҳёи расму суннатҳои қадима аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»