Андешаи хос

Шумо бигӯеду мо хомӯш шинем?

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

коллаж чбАслан, ман ба баҳсу бозиҳо ҳамроҳ шуданро дӯст намедорам. Медонам, ки онҳое супориш иҷро мекунанд ва дастмуздро «ҳалол» кардан мехоҳанд, гап гуфтану гап гузаронидан фоида надорад. Аз ин рӯ, вақте ки сомона ва нашрияҳои зиддидавлатӣ ё ашхоси алоҳида матолиби баҳсовару буҳтонангез, аксар бепояву дурӯғ паҳн менамоянд, дилам аз қаҳру ғазаб мешӯрад ва баъд худро ба ҳамин андеша ором менамоям. Ҳатто ҳайрон мешавам, ки чаро баъзе аз ҳамватанон дар зери ниқоби «дилсӯзиву хайрхоҳӣ ба миллат» барои онҳое, ки Ватанро ба фурӯш монда буданд ва саркӯб шуда, ҳоло охирин кӯшишҳои оҷизонаашонро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопок истифода мебаранд, хидмат менамоянд.

Аслан, ба ин амали онҳо даст афшондан низ нашояд. Ба ҳайси рӯзноманигор чил сол боз мушоҳида дорам, ки дар куҷо будему ба куҷо расидем, кӣ дӯст асту кӣ душман. Солҳои бесарусомониро хуб ба хотир дорам. Ба ман аҳволи мардуми вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб, ки ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикис­тони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») дар он ҷо кор мекардам, хуб аён буд. Ҳар рӯз аз хонае овози гиря меомад, дар мошинҳо ҷасади мурдаҳоро меоварданд ва аз ҳар гӯшае воҳимае паҳн мешуд. На танҳо дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, балки дар ҷумҳурӣ аҳвол бад буд. Тавре аз омори расмӣ бармеояд, дар 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар 150 ҳазор кас кушта, миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Ҷанг ба иқтисодиёт беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро чанд даҳсола ба ақиб партофт.

Он вақт зиндагӣ даҳшат буд. Касе аз фардо умеди некиро намедид. Одамон рӯҳафтода буданд, ҷои меҳрро ғазаб гирифт. Даҳшати вазнинтарину азоби сахттарин бенонӣ буд, ки ҷомеаро фаро мегирифт. Шахсан ман он солҳо аввалин бор фаҳмидам, ки барои одамизод ягон чизе ҷои нонро иваз карда наметавонистааст.

Шояд барои насли ҳозира, ки, шукрона, давраи сериву фаровониро аз сар гузаронида истодааст, аз нон танқисӣ намекашанд, он вазъият ҳоло афсона намояд. Дар асл, хеле даҳшатнок буд гуруснагӣ, бенонӣ… Ва боз чанд соли дигар, то давраи аз тарафи Сарвари давлат тақсим кардани замин ба деҳқонон ва вусъат ёфтани кишти ғалла идома ёфт.

Ҳоло аниқ шудааст, ки мақсади таҳмил ва ташкили он ҷанг дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани исломӣ сиёсӣ ва ба ин васила бунёди давлати исломӣ буд. Хоинони миллат, ки гурӯҳе аз онҳо зери ливои Ҳизби наҳзати исломӣ муттаҳид шуда, дар амал ячейкаи терроризми байналмилалӣ буданд, ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманона- таркондани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд. Ана ҳамон боқимондагони онҳо то ҳол дастуру супоришҳои хоҷагони берунаашонро иҷро менамоянд. Ба ибораи дигар, онҳое, ки дар он замон ҷанги воқеиро ба дӯши мардум бор карда буданд, ҳоло ҷанги таҳмилии иттилоотиро роҳандозӣ кардаанд. Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзе аз қаламбадастон аз дохилу берун, фаҳмидаю нафаҳмида, бо гумроҳӣ ба боғи зебову шукуфони миллат нияти санг андохтан доранд. Онҳо барои хоҷагонашон, ки бо андешаҳои душманона нияти таъсир расонидан ба истиқлоли ақлӣ, торик намудани ҷаҳонбинии ватандӯстонаи аҳли ҷомеа ва таъсир расонидан ба фазои сиёсии кишварро доранд, чун баландгӯяк хидмат менамоянд.

Ҳоло аз оромиву сулҳу субот, рушду тараққиёти ватан, гунаҳои сурхи мардум қаноатманд, аз ин кирдори мавҳуми қаламбадастон ба ташвиш, ҳатто ба ғазаб меафтам. Мехоҳам бо суханони одӣ, ки аз саргузашт ва тақдири миллат дар солҳои сипаришуда иқтибос шудаанд, ба баъзе аз онҳо, ки дар он замон ҳам, ба мухолифини миллат, бале миллат, на давлат, хидмат менамуданд ва ҳоло чун буқаламун ранг тағйир дода, гӯё дилсӯзи миллатанд, аз ҳар ҳолату вазъият истифода бурда, боз ҷомеаро ба нооромӣ кашиданиянд, хитоб намоям, ки: номаъқул мекунед!!!

Баъзеҳо дар зери ниқоби «демократӣ» чеҳра ниҳон дошта, ҳатто қабул ҳам надоранд, ки Доналд Туск, сарвари вақти Шӯрои Аврупо дар ҳаққи Пешвои миллати мо гуфта буд: «Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи чунин сарваранд».

Матолибе, ки чанд рӯзи охир дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар баъзе аз расонаҳо, аз ҷумла радиои «Озодӣ» чоп намуданд, аз зумраи ҳамон гуфтаҳост. Ман ҳайрон мешавам! Агар Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфта бошад, ки чаро зиёиён ва рӯзноманигорон барои посух гуфтан ба мунтақидони Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд ё гуфта бошад, ки бо ному насаби аслӣ ҷавоб гӯянд, хато аст магар?! Ин шахс вазифаашро иҷро кардааст.

«Мунтақидони Ҳукумат» чизе хоҳанд бигӯянду аҳли зиё, аз ҷумла, рӯзноманигорон бояд хомӯш нишинанд? Он арзишҳои миллиро, ки дар солҳои истиқлолият ба даст овардаем, хоса давлатеро, ки дар он зиндагӣ доранд, тарафдорӣ накунанд!? Ҳарзаҳоро бояд беҷавоб монанд? Не, ин хел намешавад! Ин давлатеро, ки аз байни хуну хокистар ба по хезондаем, тавассути он ҳоло миллатро мешиносанд, обрӯву нуфузи байналмилалиаш рӯз то рӯз меафзояд, дар ҳама сангар, аз ҷумла, дар сангари ҷанги иттилоотӣ низ, ҳифз хоҳем кард.

Ман шахсан ба гуфтаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҳарчанд ӯро аз наздик намешиносам ва боре ҳам ҳамсуҳбат нашудаам, пурра тарафдорам. Тарафдорам, ки ҳар фарди тоҷик, алалхусус зиёиён, ки ин хоку ин диёрро Ватан мехонанд, агар лозим ояд ҳам, бо яроқ ва ҳам бо қалам бояд дар ҳифзи оромиву суботи мардуми он бошанд. Пеш аз ҳама худи ман!

Нозир ЁДГОРӢ,

нависанда ва журналист