Намоишгоҳи байналмилалӣ дар пойтахт
ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Сеюми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон — «Баҳор 2014» ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои кишвар, ширкатҳои тиҷоратӣ ва саноатии ватанию хориҷӣ ҳозир буданд. Тайи се рӯз зиёда аз 40 ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Федератсияи Россия ва якчанд давлати Аврупо дар ин ҷо молу маҳсулоти хешро манзур менамоянд. Намоишгоҳ то 5-уми апрел идома меёбад.
Омодагӣ ба ниммарафони байналмилалӣ
ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)Дар доираи омодагиҳо барои таҷлили шоистаи ҷашни 90- солагии шаҳри Душанбе бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев 19 апрели соли ҷорӣ Ниммарафони V байналмилалӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз чорабинии мазкур таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии варзиш, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ мебошад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории ин мусобиқа ва мутобиқ намудани он ба сатҳи байналмилалӣ Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанберо вазифадор намуд.
Бозори байнимарзӣ дар Ванҷ
ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар минтақаи сарҳадии мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ, роҳбарони вулусволиҳои наздимарзии Бадахшони Афғонистон, тоҷирони тоҷику афғон ва сокинони ду вилояти ҳаммарз бозори байнимарзӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин чорумин бозори байнимарзӣ миёни Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Афғонистон мебошад, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ҳоло чунин бозорҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ фаъолият доранд. Дар бозорҳо барои фаъолияти тоҷирону кормандони бахшҳои хизматрасонӣ тамоми шароит фароҳам аст.
Рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона
ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, ҳамчунин бобати иҷрои Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014» тасмим гирифт, ки 5 апрели соли равон «Рӯзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона»-ро баргузор намояд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон дар қатори дигар самтҳои соҳаи сайёҳӣ, туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографиро низ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон намудааст. Дар ин хусус аз Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ
ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО «Садои мардум») Тибқи нақшаи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар назди бинои шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид. Дар он аз ҷониби даҳ корхонаю ташкилоти ноҳия 44 ҷойи кори холиро ба корҷӯён пешкаш карданд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндагони бахши Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шаҳристон иштирок карда, барои ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳо аз ҳисоби ҷавонони дар ярмарка иштироккарда корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузарониданд. Дар ярмарка аз 50 нафар иштирокдорон чор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, даҳ нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт.
Сафи ихтиёриён меафзояд
ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Рӯзи нахустини даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷавононе, ки хизмати модар -ватанро қарзи виҷдонии хеш ҳисобида, ихтиёран ба саҳни комиссарияти ҳарбии ноҳия ҷамъ омада буданд, ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Ҷамъомадро раиси ноҳия Бароталӣ Юсуфов ифтитоҳ бахшида, ба ҷавонон роҳи сафеду хизмати бошарафона таманно намуд.
Тибқи маълумоти комиссарияти ҳарбии ноҳия, дар даъвати навбатии баҳорӣ сафи ихтиёриён нисбатан афзудааст. Суханронии падари яке аз ихтиёриён - Қурбон Умаров, ки то ин вақт чор фарзандаш бо ихтиёри худ хизмати модар — ватанро пуршарафона ба иҷро расонидаанд, дарси ибрат барои онҳое буд, ки аз хизмати ҳарбӣ дурӣ меҷӯянд.
Ҳашари умумишаҳрӣ
ЧКАЛОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳри Чкалов бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, атрофи корхонаву идораҳо ва мавзеъҳои оммавӣ бо ҷалби ҷомеаҳои меҳнатии соҳаҳои хоҷагии халқ ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов хабар доданд, дар ин рӯз беш аз 3200 нафар кормандони муассисаҳои тандурустӣ, соҳаи маориф, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии «Востокредмет» ва ташкилоту муассисаҳои дигари шаҳр дар қатори шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд.
Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.