…Дасти худ ба шайтон додем

№33 (3179) 04.04.2014

Ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсие, ки дар қиболи ҳангомаофарӣ ҳадафҳои худро матраҳ мекунанд, оқибат аз ҷониби аҳли ҷомеа ва қонунҳои нонавиштаи ҳаёт маҳкум гардида, мавриди муҷозоту нафрат қарор мегиранд.

Тайи чанд соли охир, ки ҷиноятҳои аъзои ҲНИТ бо ҷурми таҷовуз ба номус, қатлу куштор ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ошкор гардид, далели гуфтаҳои фавқ аст.

Ба болои ин ҳама ҷурму хатоҳои нобахшидании нафратзои наҳзатиён дар ҷашну маъракаҳои мардумиву динӣ шаҳрвандонро ба дастбӯсиву ба дидаҳо лаби доманмолӣ ва бо гиря розу ниёз гуфтан ба «пирон»  водор кардаанд, ки ин дар доираи зиёдаравӣ паҳн кардани ширку хурофотпарастӣ маҳсуб мешавад:

Мо мартабаи Худо ба пирон додем,

Афсӯс ба бод нури имон  додем.

Дар ширк фурӯ шудем аз  ин бебасарӣ,

Сад вой, ки  дасти худ ба  шайтон додем.

Дар ҷанозае, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид (наворҳо дар сомонаи интернетӣ), ҳангоми ворид шудани эшони Нуриддинҷон, Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳиддин Кабирӣ мардум мурдаро як сӯ гузошта, ба «тутхӯрӣ» пардохтанд. Баъзе содалавҳон мақому мартабати эшони Нуриддинҷонро ба арш гузошта, аз лаби остину доманаш мебӯсиданду сар ба китфаш мезаданд. Гӯё, эшони Нуриддину бародараш бо омаданашон мурдаро зинда мекарда бошанд. Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ  бошад, дар мақоми коҳини маъбади омун миёни издиҳом роҳкушоӣ мекард. Дар назар чунин менамуд, ки гӯё воизони мазкур аз осмони ҳафтум омадаанду зиндагии дубораи майитро дар биҳишт эҳсос кардаанд. Ва бо оҳанги таскиндиҳанда ба наздикони майит вазъ гуфтанро оғоз карданд, ки хайрият эмомхатиби масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ лаҷоми эшони Нуриддинро бо эътирози ҷиддӣ кашид.

Гар пир салоҳи кори моро  донад,

Асрори даруни қалбҳоро  хонад.

Пас уқда зи кори худ чаро  накшояд?

Дар ҳалқаи мушкилоти  худ дармонад.

Ана ҳамин аст фаъолияти ширкпарастиву зиёдаравии ҲНИТ.  Дар ин росто ба кадом тараф бурдани ҷомеа чун ойина равшан аст.  Аз ин рӯ, ҳар фарди дилогоҳу худшиноси тоҷикро зарур аст, ки дар муқобили амалҳову нақшаҳои зишти ҳангомаофарони ҲНИТ сар аз домани андеша нагиранду тутро аз бед фарқ кунанд:

Фиреби тарбияти боғбон нахӯр, эй гул,

Ки об медиҳад, аммо гулоб мехоҳад.

Агар гузаштаи  на чандон дури Акбари Тӯраҷонзодаро ба ёд биёрем, чӣ амалҳову чӣ нақшаҳои зиштеро дар партави шахсияташ эҳсос мекунем. Галстукро замоне дар минбарҳои масҷид «тавқи лаънат» мегуфту худ галстукбандӣ кард, шаробро мамнӯъ элон мекарду ҳангоми муовини Сарвазир буданаш бо сармоягузорони ҷопонӣ қадаҳи май мебардошту ҳалқу ҷигарашро тар мекард. Шоҳбайти Хоҷа Ҳофиз маҳз ба унвони  Акбари Тӯраҷонзода гуфта шудааст:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд.

Байти дуюми ҳамин ғазал ба Эшони Нуриддин маҳсуб мебошад:

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Абёти дигари ғазали фавқи  Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бозгӯйи аъмоли Муҳиддин  Кабирӣ аст:

Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,

К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Гуфтаанду боз мегӯем, ки  каломи шариф ва дини мубини  ислом ядрои тарбияи рӯҳи инсон аст ва таълимоти физикаву химия нест, ки ҳар лаҳза ба кашфиёти нав ба нав ниёз дошта бошад. ҲНИТ чун дигар созмону ҳаракатҳои иртиҷоии ҷаҳони муосир доғи сиёҳи домани дини ислом аст. Муқаллидони ҷараёнҳои радикалии олами фитна дар мисоли ҲНИТ зери пӯшиш ё ниқоби ислом барои манфиат ба ҳама кор қодиранд:

Бо риши дарозу ҳайрати  дастораш,

Овози дурушту шеваи  гуфтораш,

Дар минбари масҷидаш  Худо мегӯяд,

Мо дар аҷаб аз фасодии  кирдораш.

Дар фароварди мушоҳидаҳои мазкур, ки ҳамаи  мо эҳсос кардаему дидаем, байти машҳури Иқболи Лоҳуриро бо каме тағйирот ёдовар мешавам:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб зи ҳизби наҳзати  ислом аст.

 Шаҳриёр