Чанде пеш дар ноҳияи Кечиорени шаҳри Анқара ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид, ки дар он аз ҷумла сафирони кишварҳои «Ҳавзаи Наврӯз» низ иштирок доштанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён зимни баромад ҳозиринро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари тоҷик меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Ҷашни Наврӯзи бостонӣ бо баргузории саҳнаҳои шеърхонӣ, барномаи консертӣ, намоиши маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ руҳияи ҳозиринро шод гардонид. Ҳамчунин, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, суманак, сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулотҳои тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аъзои «Шӯрои донишҷӯёни тоҷик» муаррифӣ карда, ба меҳмонон дар бораи таърих, расму оин ва фарҳанги волои тоҷикон маълумот доданд.
Далери ҶӮРАХОН