Проблема ва мулоҳиза

Коғазро сарфа бояд кард

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

Когаз1Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва хушбоду ҳаво буда, дорои шароити хуби экологӣ мебошад. Дар он барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳар сол садҳо ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд.

Дар баробари ин, сол то сол ифлосшавии муҳити зист ба назар мерасад, ки яке аз сабабҳои он зиёдшавии партов аст. Тибқи маълумоти оморӣ, қариб нисфи партовҳоро маснуоти коғазию картонӣ ташкил медиҳад. Ҳар рӯз дар партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо миқдори зиёди коғазу картонро месӯзонанд, ки ин, албатта, ба ифлосшавии  муҳити зист оварда мерасонад.

Дар деҳоти кишвар мардум барои гарм кардани манзили истиқоматӣ, баробари ангишту ҳезум, аз картону коғаз низ истифода мебаранд.

Дар гузашта мардуми тоҷик ба коғаз эҳтиёткорона ва сарфакорона муносибат менамуданд, зеро коғаз маҳсулоти камёфт ва ниҳоят зарурӣ маҳсуб меёфт. Мувофиқи маълумоти муаррихони араб, коғази босифати Осиёи Марказӣ, ки харидори зиёд ­дошт, ба кишварҳои зиёди дуру наздик содирот мешуд. Лозим ба ёдоварист, ки маркази асосии истеҳсоли коғази навъи беҳтарин шаҳри Самарқанди бостонӣ буд.

Дар корхонаҳои коғазбарории давлати абарқудрати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 11 навъи коғаз истеҳсол мешуд, ки беҳтаринаш коғази чопӣ барои рӯзномаю маҷаллаҳо, китобҳо ва харитаҳои ранга ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди бисёр будани коғаз ва маснуоти картонӣ онро сарфакорона истифода мебурданд. Дар ҳама шаҳру ноҳия нуқтаҳои қабули коғазпора фаъолият доштанд. Дар ташкилоту идора ва муассисаҳо маъракаҳои ҷамъоварии китобу дафтарҳои куҳнаю фарсударо доир менамуданд.

Хуб дар ёд дорам, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию асосӣ соле ду-се маротиба маъракаи ҷамъоварии оҳанпора, латтапораю коғазпора ва китобу дафтарҳои куҳна гузаронида мешуд. Аз тариқи онҳо хонандагони муассиса садҳо килограмм коғазпора ҷамъоварӣ намуда, соҳиби маблағи муайян ва ашёи хониш мегардиданд. Мутаассифона, он ташаб­бусҳо аз байн рафтаанд. Шаҳрвандоне ҳастанд, ки китобҳои куҳна, рӯзномаю маҷалла ва коғазпораҳоро бо нархи 1-2 сомонӣ барои тайёр кардани коғази ташноб месупоранд, аммо на ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти коғазӣ.

Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, соли 2020 дар шаҳру навоҳии вилоят 360 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Хуб мебуд, ки ҳангоми гузаронидани чунин чорабиниҳо коғазпораю китобҳои куҳна ҷамъоварӣ шуда, ба ширкатҳои истеҳсоли коғаз ё ширкатҳои миёнарав супорида шаванд.

Боварӣ дорам, ки дар ҳар хонавода ба ғайр аз коғазпора даҳҳо бастаи рӯзномаю маҷалла ва дафтарҳои куҳнаю фарсуда мавҷуданд. Метавонем онҳоро ба нуқтаҳои қабули коғаз супорем. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки соле садҳо тонна ашё барои истеҳсоли коғази нав ҷамъоварӣ шавад. Ба гуфти коршиносони соҳа, коғазро то 6 маротиба коркард намудан имконпазир аст.

Соли гузашта, ҳангоми сафари хизматӣ ба ноҳияи Муъминобод дар ҳуҷраи кории сардори идораи ҳифзи муҳити зист даҳҳо табару дигар асбобҳои бурандаи дарахтонро дидем. Масъулини соҳа бо нигаронӣ иброз доштанд, ки онҳоро аз шаҳрвандоне, ки ҳангоми буридани ҷангалзорҳо ба даст афтоданд, мусодира намудаанд.

Бояд табиатро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Вагарна табиат низ қассос мегирад. Ба туфайли шинонидани дарахтони гуногун ва бунёди боғу ҷангалзорҳо дар талу теппа, кӯҳҳо ва мавзеъҳои назди дарёҳо обу ҳаво тоза шуда, фуромадани ярч, обхезӣ, биёбоншавии замин пешгирӣ мегардад.

Ҳар сол дар дунё наздики 350 миллион тонна коғаз истеҳсол мешавад. Дар кишвар корхонаи истеҳсоли коғаз надорем. Онро асосан аз Федератсияи Россия ва Чин ворид менамоем, ки нархаш гарон аст. Барои мисол, як тонна коғаз наздики ду ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад. Федератсияи Россия аз ҷиҳати сарвати ҷангал ниҳоят бой буда, дар дунё дар ҷои сеюм меистад. Президенти он кишвар Владимир Путин якчанд сол пеш ба фармоне имзо гузошт, ки тибқи он, бояд шаҳрвандон ба коғаз сарфакорона муносибат намоянд. Аз ҷумла, кормандони мақомоти давлатӣ (хизматчиёни давлатӣ) ҳангоми навиштани маърӯзаю ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ дастур гирифтанд, ки аз ҳар ду тарафи коғази сафед истифода баранд. Моро низ мебояд, ки коғазро сарфакорона истифода барем.

Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошингарди Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ ва Қубодиён  кас муътақид мешавад, ки воқеан ҳам, баъзеҳо ба қадри коғаз намерасанд. Дар шафати ин роҳҳо (мумкин дар дохили хоҷагиҳо аз ин ҳам зиёдтар бошад) садҳо гектар боғи анор бунёд гардидааст. Аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ барои парвариш ва гирифтани ҳосил ҳар як меваи онро бо мақсади ҳимоя аз офтоби сӯзон ва гарду чанг бо варақи сафед пӯшонидаанд.

Қазоват кунед, ки дар садҳо гектар анорбоғ чӣ қадар коғаз истифода ва исроф гардидааст?

Тавре зикр намудем, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо мақсади нигоҳ дош­тани ҳавои тоза ва ҳифзи муҳити зист партовҳо коркард мешаванд. Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо низ ояндаи наздик корхонаҳои коркарди партовҳо ба кор оғоз менамоянд.

Директори корхонаи Лоиҳаи партовҳои сахти маишии шаҳри Бохтар Зафар Ғиёсов иттилоъ дод, ки моҳи марти соли равон коргоҳашон ба кор шурӯъ хоҳад кард. Номбурда афзуд, ки корхона тавассути шартномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо харҷи 4,9 миллион доллари амрикоӣ эъмор шуд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда коғазпораҳои дар партовгоҳ ҷамъшуда коркард шаванд. Дар назар аст, ки оянда чунин корхонаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ бунёд мегарданд ва аз бунёди онҳо норасоии коғаз ҳалли худро меёбад ва муҳити зисти кишвар тозаю озода боқӣ мемонад.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор