Об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад. Муайян шудааст, ки то 70 дарсади бадани одам ва қисми зиёди таркиби рустанӣ ва меваю сабзавот низ аз об иборат мебошад. Муҳити гидросфера дар сайёра ниҳоят бузург аст, вале 96 дарсади онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Ба ҳиссаи оби нӯшокӣ 2,5 дарсади ҳаҷми умумии гидросфера рост меояд. Талабот ба оби нӯшокӣ дар ҳоли афзоиш буда, баъзе аз давлатҳо солҳост, ки ба хариду фурӯши он сарукор доранд.
21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.
Бо ифтихор метавонем иброз намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаю сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар ҳамчун давлати рӯ ба инкишоф эътироф ва ободу зебо гардид.
Чор маротиба бо ибтикори Пешвои миллат чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ оид ба масоили беҳдошт ва захираҳои оби ошомиданӣ доир гардида, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, моҳи августи соли 2013 ва ҳамоиш оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», моҳи июни соли соли 2015 гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Сардори давлат дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд, ки нархи об дар ҷаҳон аз нархи нефту газ боло меравад. Пешниҳодоту таъкидҳои Президенти мамалакат ба нафъи башар нигаронида шудаанд, зеро об омили муҳими ҳаёт дар сайёраи Замин ба шумор меравад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд. Аз ҳисоби нӯшидани оби ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯнабуда беш аз 5 миллион нафар вафот карда, 3 миллион кас ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Инчунин, зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз одитарин шароити беҳдоштӣ маҳруманд.
Сол то сол дар ҷаҳон ҳаҷми оби ошомиданӣ коҳиш меёбад ва захираҳои об нисбатан кам гардида истодааст. Ба хотири раҳоии инсоният ва табиат аз ин буҳрони азим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди судманд манзур сохтанд, ки ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Ин ҷанба боис ба ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буда, ҳамакнун зарур аст дар ҳифзи муҳити зист барои дигарон намуна бошем.
Истамҷон ОДИНАЕВ,
мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон