Зикри хайр

Дастовардҳои олиме, ки моҳияти байналмилалӣ доранд

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

SONY DSCҲамон рӯз дар миёни дардмандон ҳозир шудам, то донам дар бораи як қаҳрамони муосир  чӣ мегӯянд. Ҳар яке ба қабулгоҳ бо умеду ихлоси бепоён омада, ба назди профессор Раҳматулло Раҳмонов даромадан мехост. Назарҳо гуногун буданд: яке беист  менолид, дувумӣ ба даргоҳи Худо шукр мегуфт, савумӣ рӯҳафтодаву дилшикаста менамуд. Муҳтавои суханони аз чор се ҳисса ин буд, ки бо тавсияи профессор Раҳматулло Раҳмонов риояи реҷаи муайяни истеъмоли доруворӣ аз дарди нимсара раҳида, тансиҳатияшон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Дар замони шӯравӣ  хонаводаи амаки Абдулазизи Раҳмон  аз кӯҳистони Баландсари Сарихосор ба таҳдашт муҳоҷир шуданд. Нозу  неъмат ва файзу баракати кӯҳистонро партофта, дар деҳаи Лӯликӯтал (ҳоло Андароб) аз чӣ оғоз намудани корро намедонистанд. Қамишзори рӯида аз қади одам боло меомад. Хоҳ — нохоҳ мисли дигар муҳоҷирони иҷборӣ ба пахтакорӣ машғул шуданд.

Абдулазизи Раҳмон фарзандонашро дар рӯҳияи саводомӯзӣ, ватандорӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, мехост, ки дар ҷомеа ҷойгоҳу мартабаи хосса ёбанд. Аз овони наврасӣ Раҳматулло мисли бародарони хушзеҳну бузургсолаш Абдулло, Абдуҷаббор ва Абдуғаффор бо ҳидояти падари бузургвор амал мекард.

Дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Раҳматулло Раҳмонов фаъолиятро аз пизишки интерни кафедраи бемориҳои асаби Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии рақами 3 (ҳоло Маркази миллии тиббии Тоҷикистон) оғоз намуда, тайи солҳои 1987-1988 ба дунёи пурасрори илм роҳ пеш гирифт. Роҳбарияти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ  қобилият ва талоши беандозаи ҷӯяндагии вайро ба назар гирифта, барои кори доимӣ ба ҳайси мудири шуъбаи асаб ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб фиристод. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри номбурда чанде ба донишҷӯён дарс гуфт.

Соли 1992 аз касофати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми сохтори давлативу ҷамъиятӣ фалаҷ гашт. Маҳз дар ин давраи пурихтилоф (солҳои 1990-1993) Р. Раҳмонов унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи ирсиятшиносии шаҳри Томски Федератсияи Россия  буд. Вақте ки ба Ватан баргашт, мутахассиси касбиро сардори Раёсати равобити иқтисоди берунии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таъин карданд.

Ба диёри тоҷикон нидои сулҳ омад, зиндагӣ тадриҷан ба маҷрои пешин баргашт. Раҳматулло муддате ба ҳайси ҳамоҳангсози миллии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фаъолият намуда, аз дастовардҳои илмии  шахсиятҳои соҳа омӯхт ва кӯлборашро бо донишҳои назариявӣ ғановат бахшид.

Ӯ дар ҷодаи илмомӯзӣ академик Абдумаҷид Пӯлодовро пири маънавӣ меҳисобид. Устод ба монографияи шогирдаш  «Пешниҳоди ҳозиразамон доир ба асосҳои клиникӣ-генетикӣ ва молекулярии Миодистрофияи Дюшен» соли 2001 навишта буд: «Ин асар ба рафъи муҳимтарин мушкилоти неврогенетикӣ бахшида шуда, арзиши баландро молик мебошад. Мабдаи генетикии ин масъаларо ҳанӯз соли 1861 асабшиноси фаронсавӣ М. Дюшен таҳти унвони «Миодистрофияи аввалини ирсӣ» бармало сохта буд, ки баъдҳо дар адабиёти ҷаҳон ба исми асосгузори он Миодистрофияи Дюшен ёд мегардад».

Олими ҷавон пайи дарёфти бозёфти илмӣ ранҷ кашида, аз пайдо кардани афкори тоза меболиду онро ба дафтар менигошт. Ниҳоят,  аз имтиҳони олимони сахтгир гузашта, соли 1996 дар мавзӯи «Таҳлили ирсию клиникӣ ва молекулярии касолати мушакфарбеҳии ҳозиби Дюшен дар Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Осеби сории силсилаи аъсоби кӯдакон, ки неруҳои масъунияшон бештар ҷисмро аз сироят эмин дошта наметавонанд, аз ҷанбаҳои таҳқиқнашуда буд. Олимон А. Пӯлодов ва Р. Раҳмонов перомуни он таълифи тозаеро зери унвони «Амрози сорӣ ва сорӣ — гармбодии силсилаи аъсоб» рӯи кор гирифтанд. Таҳқиқ нишон дод, ки ҳангоми сарсом адади ҳуҷайраҳо якбора меафзояд. Гоҳи сарсоми римнок шумораи он ба даҳҳо ҳазор, вақти сарсоми зардобӣ бошад, миқдоран ба садҳо дар 1 мкл. мерасад.

Ба андешаи муҳаққиқон, хурӯҷи вогири сарсоми менингококкӣ (майнаю ҳароммағз) дар фаслҳои баҳору зимистон рӯй медиҳад. Вале эҳтимол меравад, ки бо роҳи сироят аз шахси бемор ё ҳомили вирус, бештар василаи ҳавоӣ-қатраӣ хурӯҷи беморӣ ҳар гоҳ сар занад. Ин беморӣ метавонад тавассути истифодаи ашё сироят бикунад. Воридгоҳи беморӣ одатан ҳалқум аст, ки аз он ҷо менингококк ба хун ворид шуда, боис ба бактеримия мегардад. Бо василаи ҳематогенӣ ба пардаи мағзи сар гузашта, илтиҳоби вазнин ба вуҷуд меорад. Дар фазои зеранкабутӣ назҳи зардобиву фасодӣ ва охируламр фасодии тамом таҳдид мекунад.

Дар ҷараёни таҳқиқоти арзишманд олимон собит намуданд, ки гирифторони бемории сарсоми менингоноккӣ рангпарида ва нафастанг мешаванд. Одатан дар қисми секунҷаи биниву лаб аксаран кабудшавии пӯст (сианоз) ба мушоҳида мерасад. Набзи номураттаб ва садои дил паст ба гӯш расида, иштиҳо баста мешавад. Дар сабти кардиограммаи барқӣ нишонаҳои осеби мушаки дил аён мегардад. Бар асари ин беморӣ менингококкокемия авҷ гирифта, ҳарорати баланд ва зоҳиршавии нишонаҳои заҳролудӣ ҳолати беморро вазнин мегардонад. Пас аз 6-15 соат дар беморон доначаҳои ҳархелаи хуншор болои пӯст пайдо мешаванд. Дар ин ҳол ба ҷуз пардаи зулолии бандҳо, инчунин, андарунпардаи дил, ғилофи дил, ғуддаи болои гурда ва пӯст осеб хоҳанд дид.

Муҳаққиқон А. Пӯлодов ва Р. Раҳмонов усулҳои муолиҷаи сарсоми римнокро бо далелҳои боварбахшу муътамад тавзеҳ дода, андешаҳои бикр пеш оварданд. Аён гашт, ки навъҳои гуногуни сарсоми римнок, аз қабили вогири менингококкӣ, римноки сония, зардобӣ, энтеровирусӣ, паротитӣ, силӣ, ҳодда (энцефалитҳо), ҳодда вогири Авиценна-экономо, ҳоддаи канагӣ, ҳоддаи бисёрмавсимӣ, ҳодда ҳангоми сирояти ҳамагонӣ, ҳоддаи баъди моякӯбӣ, ҳоддаи тарбодӣ ва дигар бемориҳои шабеҳи фалаҷи атфол мавҷуд буда,  ба ҷисми одамон хатари ҷиддӣ расонида, то дараҷаи ҳалокат мерасонанд. Ба хотири рафъи онҳо усулҳои ҷадидан илмӣ тавсия дода шудааст.

Профессор Р. Раҳмонов муттасил дар роҳи омӯзиши паҳлуҳои нокушодаи илм қарор дошту барои толибилмон, интернҳо ва магистрҳои ояндаи соҳаи тиб дастурҳои таълимиву методӣ иншо менамуд. Чунки бемориҳои зиёди асаб, ки маъмулан марбут ба даҳону рӯй мебошанд, ба дарди ҷоғу рӯ ва дандон шабоҳат доранд. Биноан, шиддати невралгияи асаби сетора гоҳ ба сурати хориши пӯст дар қисми муайяни рӯй ва гоҳ ба шакли биҷир-биҷири пӯсти бадан ё парестезияи дигар шурӯъ мегардад. Сӯзиши дарди мазкур дар ҷисми бемор ба сурати ҷараёни барқ мегузарад. Эҳтимол аст ин дард ба ду шохаи боқимонда паҳн шуда, ҳиссаи дард ба нимаи дигари рӯй хоҳад гузашт. Аксаран ҳаракати вобаста ба хоиш ё ба забон мачмачсозӣ, ашксорӣ, тарашшӯҳи бошиддати луоби бинӣ сурат мебандад. Бо гузашти фурсати давомнок ҳангоми расиш ба пӯсти бадан, шустушӯ ё таҳрики равонӣ беморӣ такрор меёбад. Бемор дар қабзаи дард тапида, наметавонад хотирашро болои чизе тамаркуз бидиҳад, зеро неруяш ба сомони амал намерасад.

Ба иддаои профессор Р. Раҳмонов, аснои мавҷудияти невралгияи асаби сетора ду роҳи табобат истифода мешавад. Яке муолиҷаи бемории асосӣ ва дувум илоҷи симптоматикӣ.

Зимни ковишҳои илмӣ Р. Раҳмонов дарди симпталгияи рӯй, асабдарди уқдаи болшакли ком ва асаби биниву миҷгон, невралгияи ганглияи зонушакл, асаби забон, алоими Россолимо-Мелкерсон-Розентал, алоими Шегрен, стомалгия (глассалгия, глоссодиния), иллатнокшавии ганглияҳои наботии рӯй, гиреҳҳои зери ҷоғ ва ломиро ошкор намуда, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои муолиҷаи онҳоро равшану возеҳ тафсир дод.

Асари мукаммали доктори илмҳои тиб Р.  Раҳмонов «Асабшиносӣ» (бо ҳаммуаллифии А. Пӯлодов)  қимати волои илмиро молик буда, чун китоби рӯимизии донандагони соҳа пазируфта шудааст. Муаллифон мактаби асабпизишкиро шурӯъ аз Фаронса ва Россия, дар симои намояндагони барҷастаашон мухтасаран ташреҳ дода, то дастранҷи илмии мутафаккирони бузурги тоҷик Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино расидаанд. Лозим ба ёдоварист, ки таъсиси кафедраи равонпизишкӣ ва асабшиносӣ дар назди ДДТ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба соли 1941 рост меояд, ки сарварии онро олими намоёни рус М. Серийский ба зимма дошт.

Фаъолияти илмиву ҷамъиятии номбурда батадриҷ тақвият ёфта, баромадҳои пурмуҳтавояш дар симпозиумҳои байналмилалӣ ба доираи пайравони Синои бузург таҳрик андохт. Ҷустуҷӯ, талош ва навовариҳояшро дида, сарварии шуъбаи бемориҳои асаби Маркази миллии тиббии ҷумҳуриро ба ӯ вогузоштанд. Тайи солҳои 2003-2006 фаъолияти марказ рӯ ба беҳӣ ниҳода, теъдоди раҳпӯёни илм афзоиш ёфт. Олими  ҷавону пуркор ва дастгири ҳампешагон мутобиқи қавонини амалкунанда Ҷамъияти асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Нейрон»-ро таъсис дод, ки дар он то ҳол пизишкони асабшиноси кишвар муттаҳид гаштаанд.

Талошу такопӯ ва ковишҳои илмии Р. А. Раҳмонов барабас нарафта, боирода сӯи фатҳи қуллаи мурод равон буд. Сареҳан, миёни ҳамкасбон иззату мартаба ва ҷойгоҳ пайдо карда бошад ҳам, чун дарахти мевадори сояафкан самаровар  мегашт. Ин буд, ки соли 2004 зери роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессори фахрии Донишгоҳи Гарвард (Вашингтон, ИМА), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ А. Пӯлодов дар мавзӯи «Бемориҳои ирсии системаи асаб дар Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Ӯ аз соли 2007  мудири кафедраи бемориҳои асаб ва асосҳои генетикаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва сармутахассиси Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ оид ба асабшиносӣ буд. Дар ин марҳила корҳои илмиву омӯзгорӣ маҷрои нав касб намуда, ҳамкорӣ бо донишкадаҳои илмиву тадқиқотии асабшиносӣ (шаҳри Москва) ва ирсиятшиносии шаҳри Томски Академияи илмҳои тиббии Россия густариш ёфт. Барқароршавии номи аввалаи кафедра дар Шӯрои олимон, таъсиси китобхонаи «Асабшиносӣ», ташкили фазои озоди эҷодӣ ва таълифу барномарезиҳои илмӣ ба забони давлатӣ ба мароми ин олими ҷӯянда рабт дорад.

Доир ба покизарӯзгорӣ, беҳдошти генофонди миллат ва шинохту ҳифзи арзишҳои миллӣ муҳаққиқ Р. Раҳмонов ҷиддан кӯшида, андешаҳои бикр изҳор доштааст. Ӯ дар партави дастгирии сиёсати ояндасози Сардори давлат маҷмӯаи «Издивоҷи хунӣ ва оқибатҳои он»-ро нигошта, яке аз роҳҳои пешгирии тавлиди тифли маъюб аз издивоҷи хуниро дар барпо намудани машваратҳои тиббиву ирсӣ медонист. Ин шакли хизмат ба нафъи оила ва ҷамъият равона шуда, дараҷаи тавлиди тифл бо хатари ирсӣ ва ба волидон фаҳмонидани хулосаи тиббиву генетикиро дар назар дорад.

Пӯшида нест, ки аз нигоҳи тиббиву равоншиносӣ никоҳи хешутаборӣ оқибатҳои ногувор дошта, мустақиман ба солимии ҷомеа ва давлат хатар меоварад. Дар ҷумҳурӣ 13 ҳазор кӯдаку наврасони маъюби то 18-сола бо нуқсонҳои гуногуни равонию ҷисмонӣ дар муассисаҳои тарбиявию муолиҷавӣ ба таълиму тарбия фарогиранд. Теъдоди зиёди кӯдакони маъюб дар оилаҳое ба дунё омадаанд, ки зану шавҳар бо ҳам пайванди хунӣ доранд ё хешу табори наздиканд. Хулосаҳои тиббӣ баёнгаранд, ки неруи ақлониву зеҳнии ин гуна кӯдакон дар муқоиса бо ҳамсолонашон сусту заиф ҳастанд. Ҳар як никоҳи панҷум дар ҷумҳурӣ никоҳи хешутабории наздик буда, ба ирсияти одам таъсири манфӣ мерасонад. Ҳолатҳои бенаслӣ, бачапартоӣ, маслуқии ҷанин, ноқисулақлӣ, қадпастӣ, кариву гунгӣ ва афзоиши фавти батнӣ аз ҳамин зовия маншаъ мегирад.

Зимни муоинаи гирифторони волидони бемории майдасарӣ аён гашт, ки дар 44,8 дарсадашон издивоҷи хешигарии хунӣ мавҷуд аст. Муҳаққиқи олмонӣ Вера Гофман собит кардааст, ки ин навъи беморӣ-майдасарӣ бештар дар вилояти Панҷоби давлати Покистон паҳн шудааст. Зеро бештари аҳолии Покистон бо такя ба урфу одати пешиниён никоҳи хешутабориро авлотар шуморидаанд. Уламои покистонӣ сари ин хулоса расидаанд, ки кӯдакон барои он майдасар таваллуд мешаванд, ки ду нусхаи гени ресессивиро аз волидон ба ирсият гирифтаанд, яъне барандагони гени  патологӣ падарону модарон маҳсуб меёбанд.

Чунин тадқиқоти илмиву омӯзиширо профессор Р. Раҳмонов дар мавриди бемории «ларзиши эссенсиалӣ» дар ҷумҳурӣ анҷом дод. Муайян гардид, ки дар 94 дарсади беморони омили пайдоиши он ба никоҳи хешутаборӣ асос ёфта, ба 6 дарсади дигар таъсири манфии беруна ҷой дорад. Ҳангоми назарсанҷӣ дар ноҳияи Исфара маълум гардид, ки баъзе аз оилаҳо аз чор то ҳафт пушт (насл)-ашон ба ҳамин беморӣ мубталоянд. Аз нигоҳи дини мубини ислом низ издивоҷи хешигарии наздик мамнӯъ дониста шудааст.

Дар робита ба издивоҷи хунӣ ва оқибатҳои он профессор Р. Раҳмонов бемориҳои ирсиро ташхис намуда, омилҳои пайдоиш, ташаккул ва роҳҳои рафъи онро ба таври илмӣ мушаххас нишон дода, ба гирифторони бемории ирсии асабию мушакӣ тавсияҳои судманд  додааст. Ҳамчунин, ҷанбаҳои муосири илмӣ, ахлоқиву сириштии машварати тиббиву ирсӣ дар асабшиносиро мавриди қазовати омма гузошт. Вазифаи масъулони соҳаи тибро дар гузаронидани чунин машваратҳо, таҳлили ситогенетикӣ, биохимиявӣ ё усули рекомбинатии КДН ва оқибатҳои хатари ирсият зарур ва ҳатмӣ мешуморид. Ҳадаф аз таъсиси бунгоҳи тиббиву ирсӣ озмоишест  ба хотири пешгирии тавлиди тифлони пурнуқс.

Умдатарин хусусияти фарқкунандаи пажӯҳандагии Р. Раҳмонов дар он буд, ки ӯ назарияи андӯхтаашро бевосита ба амалия пайваста, ба натиҷаи омӯзанда ноил гаштааст. Ҳар як таълифи ӯ сарчашма ва манбаи муътамад дошта, хонандаро ба қавияти афкори муаллиф дар кашфи авроқи нуҳуфтаи илми асабшиносӣ ва барқарории тарзи ҳаёти солим умед мебахшад. Вай баробари роҳбарӣ ба ҳайати бонуфузи кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ, дар ин ҳамоҳангӣ феҳристи тибби ҷаҳониро мавриди мутолиа қарор дода, андешаҳои гулчинро бо ҳам қиёс намуд ва ба нафъи омма истифода бурд.

Асарҳои бешуморе ба қалами профессор Раҳматулло Раҳмонов мутааллиқанд. Аммо дареғ, ки ин ғаввоси уқёнуси илм дар айни камолоти эҷодӣ аз дунё рафта, ҳампешагону шогирдон, ёру дӯстон ва пиру барнои деҳаи Андаробро дилхун кард.  Муболиға  намешавад бигӯем, ки осори таълифнамудааш хазинаи тиллоии тибби тоҷикро боғановат гардонид.

Амали хайр мебуд, агар ба номи олими варзида, профессори сатҳи ҷаҳонӣ Раҳматулло Раҳмонов кӯча, коллеҷи тиббӣ ё хиёбонеро номгузорӣ мекарданд.

Сипеҳри  Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,

нависанда