Тибқи қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Комиссия оид ба танзим даровардани фаъолияти савдо ва бозорҳои вилоят таъсис дода шуд. Муовини якуми раиси вилоят раиси ин Комиссия интихоб шуд. Роҳбарони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо, шуъбаҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Раёсати рушди иқтисод ва дигар мақомоти дахлдор шомили комиссияи мазкур гардиданд. Дар ҷаласаи нахустини комиссия, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси вилоят Амрихудо Дамдоров ҷараён гирифт, вазифаи ҳар аъзо ва сохтори марбута ба таври мушаххас муайян карда шуд. Аъзои комиссия вазифадор гардиданд, ки дар марказҳои савдо, қаҳвахонаю тарабхонаҳо ва бозорҳои вилоят рейдҳои муштарак гузаронида, барои ба бозору нуқтаҳои савдо ворид нагардидани маҳсулоти пастсифат тадбирҳои амалӣ андешанд. Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят Пайшанбе Абутробов дар ҷаласаи Комиссия гуфт, ки кормандони Раёсат фақат дар моҳи январ дар нуқтаҳои савдо, бозору дигар муассисаҳои хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои назоратӣ 35 санҷиш гузарониданд. Дар натиҷа, 23 нафар барои риоя накардани талаботҳои гуногуни савдо ба маблағи қариб 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд. Ҳамзамон 560 шиша арақи пастсифат дар партовгоҳҳо нобуд карда шуд.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»