чунин буд хулосаи иштирокчиёни муҳокимаи парламентӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
31 марти соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов муҳокимаи парламентӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» доир гардид.
Ба муҳокимаи парламентӣ масъулини вазорату идораҳои марбута, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд. Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов зимни шарҳу баёни масъалаи мавриди баррасӣ минҷумла гуфт, ки мувофиқи қисми 258 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон доир намудани муҳокимаи парламентиро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба нақша гирифт.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», бо дар назардошти принсип, мақсаду вазифа ва самтҳои асосии ин зинаи таҳсилот, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бармеоянд, бо мақсади муайян кардани сиёсати давлат, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию молиявии он таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
Тазаккур додан бамаврид аст, ки ҷараёни таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти муҳассилин, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад, ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯи талаботи замон зарурат дорад.
Дар робита ба ин, ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи имрӯза муҳокимаи ҳаматарафаи лоиҳаи қонуни мазкур такмили он маҳсуб меёбад.Таклиф ва тавсияҳое, ки аз тарафи иштироккунандагони ҷаласаи имрӯза пешниҳод мешаванд, мавриди баррасӣ қарор меёбанд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилов таври мухтасар лоиҳаи мавриди баррасиро шарҳ дод.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 25 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таълимӣ, низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисони муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муҳлат ва шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ, маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дигар масъалаҳо ҷой дода шудаанд.
Татбиқи амалии лоиҳаи қонуни номбурда баҳри рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ мусоидат намуда, ҳамзамон масъулияти оиларо низ дар ин самт баланд мебардорад.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев низ қабули лоиҳаи қонуни фавқуззикрро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи соҳаи маориф ва рушду инкишофи он, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Зимни суханрониҳояш Сарвари давлат масъалаҳои умдатарини соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба бурду бохти соҳа изҳори ақида менамоянд ва оид ба беҳтар шудани сифати таълим, робитаи падару модар бо мактаб, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз бар кардани илмҳои муосир, ташаккули тафаккури техникӣ, ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид шудани муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд, ки мо кормандони соҳаи маориф онҳоро сармашқи кори худ қарор дода, иҷрояшонро таъмин менамоем.
Нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду такомули соҳаи маориф назаррас мебошад. Ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда, дар солҳои охир зиёда аз даҳ масъалаи марбути соҳа якҷо бо вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се зинаи таҳсилоти касбӣ фаъолият менамояд, ки ду зинаи таҳсилот -ибтидоӣ ва олии касбӣ дорои қонунҳои танзимкунанда мебошанд. Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баҳри васеъ гардидани доираи имкониятҳо ва ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян шуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ муқаррар шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов, Домуллоҷон Ҷабборов, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатов, сардори раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Исупов, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳон Сайфиддинов, директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Самариддин Яқубов, директори барномаҳои бахши маорифи Институти «Ҷомеаи кушода», «Бунёди мадад» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокира баромада, пешниҳодоти хешро манзур намуданд.
Дар охир мутобиқи банди 277- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар раванди муҳокимаи парламентӣ зикр гардиданд, қарор қабул гардид.
Далер МЕРГАНОВ. «Садои мардум».
Суратгир А. Исоев