Зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки 31 марти соли равон сурат гирифт, масоили байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
- Робитаи байнипарлумонии ҳар ду кишвар 20 соли охир таҳким ёфта, дар доираи он сафарҳои мунтазами гурӯҳҳои парлумонии Тоҷикистону Покистон доир гардиданд. Чунончӣ, 25 июни соли 2006 бори нахуст гурӯҳи парлумонии Покистон бо сарварии Раиси Сенат ҷаноби Муҳаммад Мия Сумру бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Инчунин, бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба 15-18 марти соли 2016 бо даъвати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сардор Аёз Содиқ сафари расмии ҳайати парламентии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон доир гардид, ки дар ҳошияи он ҷаласаи аввали Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон сурат гирифт, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҷонибҳо аз ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам равнақ додани он талош хоҳанд кард.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон