Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№41 (4303) 01.04.2021

51086020231_b7dbdc2229_o31 марти соли 2021 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни он «Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020» ва тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти сарфаҷӯии неруи барқ ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер ва «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимис­тони солҳои 2021-2022» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода шунида шуд.

«Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020» барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ, манъи буридани ҷангалу буттаҳо барои сӯзишворӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, таъсиси ҷойҳои нави кор ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ноҳияҳо равона карда шудааст.

Тибқи барнома, солҳои 2016-2020 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ҳамкорӣ бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» ва шарикони рушд дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ танҳо аз ҳисоби чорабиниҳои асосии барнома 9 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 2260 кВт ва арзиши умумии 127,9 млн. сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин, берун аз барнома 9 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 1 685 кВт ва бо арзиши умумии 31,7 млн. сомонӣ бунёд гардидааст. Илова бар ин, дар доираи барнома бо ҷалби шарикони рушд ва пажӯҳишгоҳҳои ватании лоиҳакаш пешнавишти асосноккунии техникию иқтисодии 45 неругоҳи барқи обии хурд таҳия гардида, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати дарёфти манбаъҳои сармоягузорӣ оғоз ёфт.

Дар натиҷаи сохта ба истифода додани неругоҳҳои хурд барои бо неруи барқ таъмин намудани 2231 хоҷагӣ, 21 мактаб, 15 бунгоҳи тиббӣ ва 93 иншооти гуногуни хоҷагии халқ шароит фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои таъмини пурра ва босифати «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020», татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории кам кардани талафоти неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ ва ҷорӣ кардани системаи муосир дар соҳа тадбирҳои мушаххас андешанд.

51082565173_45f5249598_oВобаста ба сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимис­тони солҳои 2021-2022 Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки миқдори зарурии ангишт, сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрок­ворӣ захира гардида, барои таъмини пурраи неруи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҳавасмандӣ ва ҷалби ҷавонон ба он дар кишвар мусобиқаҳо аз рӯи ҳама намуд дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шаванд.

Зимнан, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Ҳамчунин,  «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» ва «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор оид ба иваз намудани номи деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии «Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» дар солҳои 2021-2023», «Дар бораи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисоботи масъулон шунида шуд.

Дар охир Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи саривақтию босамари барномаҳои давлатӣ ва иҷрои ­дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

Вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маҳсулоти хӯрок­ворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастуру супориш дода шуд.

www.president.tj