31 марти соли равон коршиносони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон — раисикунандаи СҲШ дар соли 2021 таҳия гардидааст, аз тариқи конференсияи видеоӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои сомонаи «Инфошос», конференсия таҳти раёсати Тоҷикистон сурат гирифта, лоиҳа бо дарназардошти эрод ва пешниҳодҳои расида баррасӣ шуд.
Зимни он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки ҷаласаи нахустини сарони мақомоти ваколатдор оид ба кор бо ҷавонон, ҳамчунин, Шӯрои ҷавонони СҲШ дар шаҳри Душанбе доир карда шавад. Пешниҳодро иштирокчиён якдилона тарафдорӣ карданд.