Зимни таҳлили матолибе, ки соли сипаришуда ба идораи рӯзнома ворид гардиданд, хусусан мақолаҳои танқидӣ ва проблемавӣ, ба хулоса омадем, ки баъзе аз масъулон дар татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, интизор мешаванд, то онҳоро касе ё ниҳоди дахлдоре гӯшзад намоянд, ки бояд ба мақолаҳои таҳлилию танқидӣ ҷавоб гардонанд.
Мақсади хабарнигорони нашрияҳо, аз ҷумла, нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум», аз чопи матлабҳои таҳлилию танқидӣ, ифшои мушкилоти мавҷудаи иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, ки ҳаллу фасли онҳо ба дӯши масъулони ин ё он ниҳоди дахлдор аст. Яъне, рӯзноманигор мехоҳад, ки ба дардҳои ҷомеа даво бахшида шавад. Роҳбарон инро дуруст дарк карда, бояд ба проблемаҳои ошкоркардаи журналистон бетафовут набошанд. Мутаассифона, бархе аз роҳбарони идораю муассиса ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо на рӯзномаҳоро варақ мезананду на зердастонашон муҳтавояшонро ба онҳо мерасонанд. Дар натиҷа, проблемаҳои бамиёномада ҳал намегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) қайд карданд: «…воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд. Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» нишон медиҳад, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқид ба шахсияташон пиндошта, изҳори норизоӣ ва ранҷиш мекунанд. Илова бар ин, вокуниши баъзе аз шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷуз худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест».
Воқеан ҳам, муносибати баъзе аз шахсони мансабдор нисбат ба матолиби танқидии нашрияҳо то ба ҳол ислоҳ нашудааст. Сарвари давлат бо ибрози андешаҳои боло, ҳамчунин, таъкид доштанд, ки танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад.
Соли гузашта илова ба матолиби зиёди расмӣ ва хабару гузоришҳо дар рӯзномаи «Садои мардум» беш аз 50 мақолаи танқидӣ, таҳлилӣ ва проблемавӣ ба нашр расид ва танҳо ба 22 матлаб масъулин вокуниш карданд. Яъне, аз нисф зиёди чунин мақолаҳо бе ҷавоб монданд. Аз 22 вокуниши ба идораи рӯзнома расида ҳам қисми зиёдашон бо огоҳӣ ва ё хоҳиши идораи рӯзнома фиристода шудааст. Фориғболию бетаваҷҷуҳии масъулонро ба назар гирифта, барои фаҳмидани фикру мулоҳизаҳои онҳо ба идораю муассиса ва мақомоти дахлдор нусхаи мақолаи чопшуда ва нома ирсол менамоем. Боиси нигаронист, ки вокунишҳо сатҳӣ навишта мешаванд, яъне, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба номаи расмии рӯзнома ҷавоб гардонанд. Ин дар ҳолест, ки бояд онҳо ба чунин номаҳо мунтазир нашуда, тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» сари вақт ба мақолаҳои танқидӣ, таҳлилӣ ва проблемавӣ ҷавоб гардонанд, фикру мулоҳизаҳояшонро баён созанд ва дар рафъи мушкилоти мавҷудбуда саҳм гузоранд. Фарз кардем, роҳбарон «вақт»-и рӯзномахонӣ надоранд, аммо қариб ҳар ниҳод масъули матбуот ва котибот дорад, ки вазифаи ҷониашон аст, то роҳбаронро бо муҳтавои матолиби ВАО шинос кунанд.
Чанде пеш хабарнигорамон Ёқуби Содиқ роҷеъ ба матолиби танқидие, ки аз ноҳияи Шаҳринав таҳия карда буд, омори ҷолиберо пешниҳод кард. Маълум гардид, ки қариб ба ягон мақолаи тайи ду соли охир чопкардааш масъулини ноҳия ҷавоб надодаанд. «Шаҳринав. «Терминал»-и нав дар роҳи куҳна» (19.01.2019,№139), «Ҳоли табоҳи варзишгоҳ дар Шаҳринав» (01.10.2019, №121), «Шаҳринав. Бетаваҷҷуҳӣ ба корхонаҳои азими саноатӣ»(10.10.2019,№121) ва «Асрор»-и бакортаъминкунӣ дар Шаҳринав», ки 30 апрели соли 2020, дар шумораи №53 (4159) нашр шуда буд, аз ҳамон қабиланд.
Ҳамон тавр, ба 30 мақолаи соли 2020 дар рӯзнома чопшуда, аз ҷумла, «Рашт. Монеаҳои рушди боғдорӣ кадомҳоянд?» (№8, 14.01.20), «Аз мантиқ ва адолат кор гирем» (№8, 14.01.20), «Аз вайронии роҳ азоб мекашем» (№11,21.01.20), «Кӯлоб. Ба ҷои қалъаву корхона макони вайрона» (№12, 23.01.20), «Чаро марказҳои мавҷпароканӣ заифанд?» (№14, 30.01.20), «Оё «ғор»-и Ғаюровҳо хатарнок нест?» (№58,14.05.20), «Мушкили матбааи вилоятии шаҳри Хоруғро кӣ ҳал мекунад?» (№84,11.07.20), «Шуҳрати токпарварони Муъминобод кай барқарор мешавад?» (№86, 16.07.20), «Қонуншиканиҳои марбут ба замин. Чаро тавозуни масъулият вуҷуд надорад?» (№107, 03.09.20), «Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем» (№131, 24.10.20), «Файзобод. Чаро масъулин бепарвоянд?» то ба ҳол вокуниш нишон дода нашудааст.
Боварӣ дорем, ки соли 2021 масъулон рӯзнома мехонанду ба матолиби танқидӣ ва таҳлилӣ сари вақт ҷавоб мегардонанд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»