«Дастгирӣ мекунем, тараққӣ медиҳем, муттаҳид месозем»

№34 (3180) 08.04.2014

12

Таҳти ин шиор чанде пеш  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  якҷоя бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес- симпозиуми занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид.

Бизнес-симпозиумро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нигина Абдуллоева оғоз намуда, суханро ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дод.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ дар баромади худ, аз ҷумла зикр намуд, ки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамеша ба масъалаҳои марбут ба занон ва баланд бардоштани обрую эътибори онҳо дар ҷомеа эътибори махсус медиҳанд. То имрӯз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ ба тасвиб расидааст, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тадриҷан беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият- мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеӣ мегузоранд.

Ҳадафи асосии Бизнес- симпозиум ташкили равобити корӣ байни соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи муаммоҳои асосиву имкониятҳое, ки бо рушди соҳибкории занон вобаста аст, ба ҳисоб меравад.

Дар Бизнес- симпозиум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова, намояндагони парлумонҳо ва созмонҳои соҳибкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, занони фаъоли соҳибкор, роҳбарони созмонҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз ҳисоби занон ширкат варзида, дар ҷараёни кори Бизнес- симпозиум андешаҳои худро иброз карданд.

Бояд зикр кард, ки Бизнес- симпозиум бо иштироки беш аз 250 нафар иштирокчиёну меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон гузаронида шуд.

Дар кори Бизнес- симпозиум вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева, узви Комиссияи иқтисодии Парлумони Афғонистон Файзия Насриёл, сардори клуби занони соҳибкори Қирғизистон Азиза Юлдошева,  ҳамоҳангсози лоиҳаҳои СММ Вилоят Мирзоева ва дигарон суханронӣ карданд.

Дар Бизнес- симпозиум роҳбари Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова оид ба саҳми соҳибкорзанон дар рушд ва идораи бизнеси хурд баромад намуда, минҷумла иброз дошт, ки симпозиум зери шиори «Дастгирӣ мекунем, тараққӣ медиҳем, муттаҳид месозем» ташкил гардида, ба дастгирии маҳз соҳибкорӣ миёни занон бахшида шудааст.

Рӯзи аввали Симпозиум иштирокчиён талабот ва муаммоҳоеро, ки соҳибкорзанон дар мавриди оғоз ва ё рушди бизнеси худ рӯ ба рӯ мешаванд, муҳокима карда, оид ба мавзӯъҳои асосӣ дар рушди соҳибкории занон, саҳми шарикони рушд дар рушди соҳибкорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт, барои занону духтарони соҳибкор ва дастгирии молиявиии соҳибкории занон мубодилаи андеша карда, барои беҳтар намудани ин соҳа тавсияҳо таҳия намуданд.

Рӯзи дуюм масъалаҳои дурнамо ва нақшаҳои минбаъдаи дастгириву рушди соҳибкории занон ва ҷанбаҳои гуногуни рушди соҳибкории занон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор ёфт.

Ҳамчунин дар Бизнес- симпозиум Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ғолибони озмуни «Беҳтарин бизнес –нақша байни занони ҷавони Тоҷикистон»- ро муаррифӣ намуда, оғози Озмуни навбатии Беҳтарин зани соҳибкори сол «Фараҳ -2014»- ро эълон намуд.

 Н.ТИЛЛО, «Садои мардум». Суратгир В. УМАРОВ