Дар суҳбати соҳибдилон

Роҳи мард

№44 (4306) 08.04.2021

ыХеле сол буд аз суҳбаташ баҳравар нагардида будам. Дар зиндагӣ аз вай бисёр чиз омӯхтам. Марди дурандешу соҳибтаҷриба буд. Пайваста панду андарз мегуфт. Хоксорона мезист. Парвои молу сарват ­надошт. Мардум ӯро эҳтиром мекарданду дӯст медош­танд. Чанд бор ба суроғаш рафтам. Дӯстон гуфтанд, ки гоҳ-гоҳ меояд. Баъд аз ба нафақа баромадан аксар вақтро дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Аммо тасодуф дидорбинӣ муяссар шуд. Ба аёдати беморе ба ноҳияи Тоҷикобод рафтам ва нафаре аз дӯстон дар омади гап гуфт, ки акаи Аббос ба деҳа омадаасту бемор аст. Ҳамроҳи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Дилшод Амиров ба деҳаи Шавриқиён  рафтем. Саҳни ҳавлӣ болои кат такяи болишт бозии набераҳояшро тамошо дошту ба андеша рафта буд. Чашмаш ки ба мо афтод, ҳимои хестан кард, аммо мадораш нарасид. Баъди пурсупоси маъмулӣ наздаш нишастем. Табъаш хуш буд. Ба наберагонаш, ки саҳни ҳавлӣ беғамона машғули бозӣ буданд, нигаристу табассуми дардолуд ба лаб гуфт:

- Бачаҳои саодатёру фирӯзбахтанд. Ҳасад мебарам ба онҳо. Шукри ин давлату сулҳу амонӣ. Шукр, ки акнун тифлони тоҷик чӣ будани дарду ғамро намедонанд. Азоби гуруснагию урёниро намебинанд. Бояд ҳар нафас шукрона кунем.   Бачаҳои хушбахтро мебинаму бачагиам ба хотир меояд. Аҷаб рӯзҳое…

Ҳарфаш дар даҳон мемонад. Гиря банди гулӯ шуд. Дилшод ба вай пиёлаи чойро дароз кард. Як қулт нӯшид. Дасташ ларзид. Мехоҳам суҳбатро ба дигар мавзӯъ барам. Бо даст ишора карду овози дардолудаш баланд шуд.

- Одам, ки пир шавад, нозук мешудааст. Он зӯру тавони ҷавонӣ намонд, он неруе, ки муқобили азоби зиндагӣ устувор меистод, рафт. Ба ҳаштоду як қадам гузоштам.

Агар бачагиамро ёд биёрам, хоб чашмонамро тарк мегӯяд. Азобҳои кашидаам пеши рӯ меояду дарди ҷонгудоз панҷа ба дили пиру афгорам мезанад. Хонаводаи мо камбағалона мезист. Соли аввали ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дунё омадам. Яксола будам, ки падарам пайи иҷрои вазифа ба кадом кишвари дигар сафар карду барнагашт. То ҳанӯз маълум нест, ки қабри ӯ дар куҷост. Худо раҳматаш кунад, корманди Кумитаи давлатии бехатарии давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯро қатори чанд тан барои иҷрои супоришҳои махсус мефиристоданд. Ду-се сол ғайб мезаду баъд меомад. Дар хона мисли меҳмон буд. Моҳе ё рӯзе чанд мемонду боз ғайб мезад, вале бори охир барнагашт. Ман падарамро надидаам. Модарам бароям аз рӯзгори гузаштааш пора-пора қисса мекарду ашк мерехт. Дар бораи раҳматии падарам бо муҳаббату ифтихор мегуфт. Мегуфт, ки падарат Ҳисорӣ марди ватандӯсту поквиҷдон, ҷасуру донишманд буд. Бо меҳнати ҳалол нон мехӯрд. Барои амонии мардум пайваста ҷонашро дар хатар мегузошт. Ту ҳам калон шудӣ, мисли падарат шав. Бо меҳнати ҳалол номи ӯро зинда кун. Рӯҳашро шод гардон.

Мо панҷ нафар будем. Ду нафарамон солҳои қаҳтӣ фавтиданд. Бародари калониам Сайёҳ 12-сола буд, ки ҳамроҳи хешони дури модарам ба шаҳри Когон рафту ҳамон ҷо монд. Чанд сол пас ба мо пул мефиристодагӣ шуд.  Ману апаам бо азоби алим мезистем. Нон набуд, либос набуд. Модари бечораам гӯё марди хона буд. Ман фарзанди хурдӣ будам. Агар тобистон ба кӯча баромаданӣ мешудам, модарам аз рӯзномаҳо бароям «курта медӯхт». Курта барои як-ду соат. Ҳамонро пӯшида мебаромадам. Як эзори карбосӣ доштам, ки аз дарбеҳ ҷойи холӣ надошт. Сол аз пайи сол медавиду аҳволи мо беҳтар намегашт.

Дар мактаб аълохон будам. Модарам пайваста ҳамроҳам дарс тайёр мекард. Кампири Ҳамида дар ҳамсоягии мо мезист. Раҳматӣ зани хуб буд. Гоҳ-гоҳ назди модарам медаромад. Як бурда нони ҷавин ё косаи ҷурғот меовард. Бо навозиш сарамро сила мекарду мегуфт, ҳамин хел хонӣ, одами калон мешавӣ. Бачаҳои дигарро ҷанг мекарду мегуфт: «Аз сағираи Ҳисорӣ ибрат гиред. Бачаи заҳматкаш аст. Фақат бо баҳои панҷ мехонад. Ҳисории раҳматӣ одами андак набуд. Паҳлавон буду ватандӯст. Марди хушқаду қомат. Он қадар зебо буд, ки дидагӣ одам ҳайрон мешуд. Як хандааш ба хироҷи мамлакат меарзид. Ҳайф, ки ғарибгӯр шуд. Худо умри сағираҳоша дароз кунад…».

Аз ҳарфҳои вай намеранҷидам. Чаро ранҷам? Маълум буд, ки дилаш ба ҳоли мо месӯзад, аммо аз дасти вай коре намеомад. Ӯ ҳақиқатро мегуфт…

Акаи Аббос дубора сукут меварзад. Мо дигар ба ӯ халал намерасонем. Қиссаи оғозшударо шунидан мехоҳем. Сар боло мекунаду ба чеҳраи ҳар кадомамон менигарад. Табассум дар лабонаш гул мекунад.

- Узр, мабодо аз шунидани саргузашти як бачаи ранҷдида малол нашавед? Намедонам, чаро хостам ба шумо саргузаштамро қисса кунам. Шояд набераҳои  саодатмандамро дидаму рӯзгори бачагиам пеши рӯ омад. Шояд диламро холӣ кардан мехоҳам. Дили одам, ки пур шуд, бояд онро холӣ кунад, вагарна буғз мегираду ғамбода мешавад.

- Не, раиси муҳтарам, — мегӯям ба ӯ. — Мо ба ҷое рафтанӣ нестем. Ба зиёрати шумо омадем ва хуб шуд, ки гузаштаи рӯзгоратро барои мо баён мекунӣ. Ин қиссаи танҳо як Ҳисорӣ нест, он солҳо садҳо тифл ба ин рӯз гирифтор буданд. Хоҳиш дорем, то охир ҳикояатро бароямон нақл кун. Қиссаи ибратбахш ва шунидани он барои насли ҳозира хуб аст. Ҷавонҳо саргузашти шуморо шунаванд, ба қадри сулҳу оромӣ, ватану ватандорӣ мерасанд.

- Акаи Аббос, ман кайҳо мехостам саргузашти шуморо аз забони худатон шунавам, — илова мекунад Дилшод. — Аз забони дигарҳо пора — пора шунида будам.

Ӯ қаноатмандона сар меҷунбонад ва оҳиста ба болишт такя мезанаду риштаи суханро аз нав ба даст мегирад.

- Ба синни чордаҳ қадам мондаму қатори мардони деҳ ба кори колхоз мерафтам. Попӯшӣ надоштам. Бегоҳ аз кор меомадам, модарам пойҳои хуншору дастони обилакардаамро мебӯсиду ашки шашқатор рухсораҳои заъфарониашро тар мекард. Бо алам зери лаб пичиррос мезад: «Ҳисорӣ, куҷоӣ, ки ҳоли бачаатро бинӣ?!» Колхоз моҳона намедод. Ба музди меҳнат ғалла мегирифтему равған. Солҳои баъди ҷанг ҳам вазъ хуб набуд. Солҳои барқароркунӣ буд. Як шаб сарамро ба зонуи модар мондаму ба чеҳраи заъфарониаш нигариста, хеле фикр кардам.

- Очаи ҷон, — билохира ҷуръат карда гуфтам ман. — Ин хел зиндагӣ ба ҷонам зад. Рухсатам деҳ, то назди бародарам биравам. Дунёро бинаму кор кунам. То кай ҳамин хел меистем?

Модарам ҳарфе ба забон наовард. Ашки шашқатор рухсораҳои заъфаронашро шуст. Бо дастони ларзон сарамро сила мекарду  муҳри сукут ба лаб зада буд. Саҳарии барвақт маро аз хоб бедор кард. Механдиду ҳазлу шӯхӣ мекард. Сару либосамро пӯшидам ва як пиёла чой нӯшидам. Ният кардам, ки ба кори саҳро меравам. Модарам дастамро дошту гуфт. Сабр кун, Аббосиддини ҷон. Ту назди бародарат рафтан мехостӣ. Иҷозатат медиҳам, лекин хонданро фаромӯш накун. Рӯҳи падари шаҳидатро маранҷон. Хону соҳибкасб шав. Ғами маро нахӯр. Хешу табор, мардуми деҳа аз аҳволам бохабарӣ мекунанд. Кор кун, пул ки ёфтӣ, таҳсилатро идома бидеҳ. Агар гуфтаамро кунӣ, дар ду дунё аз ту розӣ ҳастам.

Баъди иҷозаи модарамро гирифтан ҳамроҳи ду-се нафар аз ҳамдиёрон ба мардикорӣ рафтам. Бародарам Сайёҳ дар шаҳри Когони Ӯзбекистон кор мекард. Ӯро суроғ карда ёфтам. Одами баобрӯ будааст. Дар як корхонаи машҳур бригадир. Узви бюрои вилоятии ҳизби коммунист. Бо маслиҳати вай ба корҳои сохтмонӣ машғул шудем. Барои хонаи истиқоматии шахси давлатманде хишт мерехтем. Дар як рӯз то ҳазор дона. Бори аввал музд гирифтам. Се ҳазор сӯм. Ин барои ман пули калон буд. То охири сол кор кардаму назди модарам баргаштам. Барои модараму апаам куртавор харидам. Модарам либоси овардаамро ба даст гирифт ва фиғони ӯ сақфи хонаро ларзонд. Гиристу сарамро ба оғӯш кашида, бӯсаборонам кард.

Охири ҳамон сол ҳамсари акаам дар Когон аз дунё гузашт. Аз ман хоҳиш кард, ки модарамро гирифта, наздаш равам. Рафтем. Се фарзанди беочаашро модарам тарбият кард. Соле, ки ба ҳаждаҳ қадам гузоштам, ба номам аз Комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад. Аз шаҳри Когон ба хизмати Ватан рафтам. Моро ба ҷумҳурии Украина бурданд. Қисми ҳарбии мо дорои ракетҳои байниқитъавӣ буд. Ман нишонгир будам. Ракетаҳо одӣ набуданд, овозаи онҳо дунёро пур карда буд. Соли 1961 вазъ дар Куба бад шуд. Ҳукумати Шӯравӣ барои ёрӣ ба Куба лашкар фиристод. Мо бо киштӣ рафтем. Ракетаҳоро таги киштиҳо ҷой дода буданд. Касе бори моро дида наметавонист. Байни аскарон як тоҷик будам. Умуман, аз мардуми Осиёи Миёна намояндагӣ мекардам. Анқариб се моҳ дар Куба будам. Амрикоро тарсонд ракетаи Иттиҳоди Шӯравӣ. Аз Куба даст кашид. Ин қиссаи дигар аст. Агар дар бораи ҳамқисматҳоям ва корномаи онҳо қисса кунам, як ҳафта гӯш карданатон лозим меояд. Соли нави 1962 — ро дар Куба пешвоз гирифтем ва дар синаи шаб ҷониби  қароргоҳи доимии хеш таноби роҳ кашидем.

Баъди бозгашт аз фармондеҳон ба номи модарам ва роҳбарияти ноҳияи Тоҷикобод сипоснома фиристоданд. Маро ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карданд. Ба гуфти сардори қисми ҳарбӣ, бояд ордени «Ситораи сурх» мегирифтам. Бо сабабҳои номаълум дигар дар ин бора гап нашуд. «Ту хафа нашав, — гуфт баъди гузаштани панҷ — шаш моҳ. — Дар зиндагӣ ҳар кор шуданаш мумкин. Бахт омад накард…». — Намеранҷам, — посух додам ман. — Агар бахт ёри ман мешуд, ятим ба дунё намеомадам.

Баъди адои хизмат ба зодгоҳам баргаштам. Мехостам мисли падарам корманди мақомот бошам, аммо маълумот надоштам. Он солҳо мактаби шабона фаъолият дошт. Рӯз кор мекардаму шаб таҳсилро дар деҳаи Фатҳобод идома медодам. Шукр, ки зеҳни хуб доштам. Баъд аз гирифтани шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна ба Душанбе рафтам. Ба факултети ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супурдам. Бачаҳо гуфтанд, ки зӯрат намерасад, ба ягон факултети дигар супор. Розӣ нашудам. Имтиҳони якумро бо баҳои чор супоридам. Бовариам ба худ зиёдтар шуд. Кӯтоҳи гап, имтиҳонҳоро бо баҳои чору панҷ супоридам, аммо рӯзона таҳсилро идома дода натавонистам. Ба шуъбаи ғоибона гузаштам.

Ба кор даромадам. Фаъолиятро ба ҳайси омӯзгори варзиш ва мураббӣ дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №39 оғоз кардам. Он дар деҳаи Тоҷикобод ҷойгир буд. Соли 1966 маро котиби шӯрои деҳоти «Зарафшон» интихоб намуданд. Ҳашт сол дар ин вазифа кор кардам. Дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон баъзан дахолат мекардам ва ба тарафи муқобил ҳақиқатро исбот менамудам. Бовар надоштам, ки рӯзе ба зинаи болотар мебароям. Дар баъзе аз ҷамъомадҳо мутахассисон дар бораи истеъдод ва фаҳмишу дониши ман гап мезаданд. Мегуфтанд, ки агар соҳибдор мешуд, ба мансабҳои баланд мерасид.

Дунё батадриҷ дигар мешуд. Мардуми бонангу ори Давлати Шӯравӣ харобиҳои ҷангро зуд бартараф карданд ва соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳод. Зиндагӣ рӯз ба рӯз беҳ мегардид. Модарам шукрона мекард. Шукрона мекард, ки акнун орому осуда кору зиндагӣ дорем.

Дар курси панҷум таҳсил мекардам, ки маро ба Прокуратураи ноҳияи Ғарм даъват карданд. Ду — се сол пештар ноҳияи Тоҷикобод барҳам хӯрду ба ноҳияи Ғарм ҳамроҳ шуда буд. Марди наҷиб буд прокурор. Дурудароз саволборонам кард. Ба саволҳояш ҷавобҳои пухта додам.

- Мо ба хулоса омадем, ки шуморо ба кор гирем, вале ҳанӯз таҳсилро ба анҷом нарасонидаед, — гуфт дар хатми суҳбат. — Ин масъала дар болои боло ҳал мешавад, ба ангушташ ҷониби осмон ишора кард ӯ. Дар Душанбе не, дар Маскав. Агар Прокуратураи генералии ИҶШС розигӣ диҳад, шумо дар ояндаи наздик корманди мақомоти мо мешавед. Кош, бахт ба рӯятон хандад. Лекин дар ин мавзӯъ ба касе лаб накушо.  Ман дархост менависам, ҷавобаш ояд, баъд маслиҳат мекунем.

Боварам наомад. Аз пеши вай баромадаму пайи кору зиндагӣ шудам. Ростӣ, бовар надоштам, ки масъала дар боло ҳал мешавад. Ду моҳ баъд маро дубора ҷеғ заданд ва табрикам гуфтанд. Ба вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳия таъин шудам.

Шодравон Усмон Ҳасанов  роҳбари доно ва сахтгир буд. Агар касеро ба вазифа таъин карданӣ мешуд, якчанд моҳ фаъолияти меҳнатиашро меомӯхт. Фикри дигарҳоро гӯш мекард. Дар суҳбатҳо бо онҳо вақт сарф мекард. Донистан мехост, ки оё шахси ба мансабе пешниҳодшуда арзиш дорад ё на. Борҳо бо ӯ суҳбат доштам. Рӯзе маро ба дафтари кориаш даъват карду гуфт: «Кумитаи ҳизби ноҳия ба қароре омад, ки шуморо ба вазифаи раиси Суди ноҳияи Ғарм пешниҳод кунад. Шумо чӣ мегӯед?». «Аз уҳдаи иҷрои вазифа баромада наметавонам», — фаврӣ посух гуфтам ба вай. «Чаро? Дониши хуб доред. Дар зиндагӣ обутоб ёфтаед. Бовар дорем ба шумо». «Пеш аз ҳама, танҳоям, рафиқ котиб. Пушту паноҳе надорам. Хешу ақрабои наздикам қудратманд нестанд. Вазифаи раиси суд масъулияти сангин аст ва метавонад дар муҳлати кӯтоҳ одамро миёншикан кунад». Пушту паноҳи ту кумитаи ҳизби ноҳия. Агар аз рӯи адлу инсоф дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият кунед, бовар дорам, ки аз уҳдаи кор ба хубӣ мебароед. Ҷои қафогардӣ нест. Пагоҳ ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои суҳбат меравед».

Ноилоҷ мондам. Замони шӯравӣ касе наметавонист аз амри роҳбарияти ҳизб сар печад. Вазири адлия дар дафтари кориаш набуд. Ҳамроҳи Котиби якуми ҳизб  Ҷаббор Расулов ба Хуҷанд рафта буд. Маро назди Маҳмудов Шараф Ҷӯраевич бурданд. Марди хоксоре буд. Ба пешвозам аз ҷо бархосту бо чеҳраи кушод суҳбат намуд. Баъд аз суҳбати маъмулӣ саволборонам кард. Шояд сатҳи дониш ва фаҳмишамро донистан мехост. Дар анҷом ба вай гуфтам, ки бо ихтиёри худ наомадаам. Дар вазифаи раиси суд, гумон мекунам, кор карда наметавонам. Вай муддате сукут варзида, синчакорона ба чеҳраам нигарист ва баъд бо меҳрубонӣ пурсид:

- Чаро кор кардан намехоҳӣ?

Гуфтам, ки пушту паноҳ надорам. Бе падар ба воя расидаам ва дар зиндагӣ бо мушкилии зиёд рӯ ба рӯ омадаам. Аз чӣ бошад, ки бидуни ирода пора-пора саргузаштамро ҳузури вай қисса кардам. Суханамро набурид. Баъди он ки лаб аз гуфтор фурӯ бастам, аз ҷо баланд шуд ва болои сарам омаду дасташро ба китфам гузошта, бо меҳрубонӣ гуфт:

 - Аз ин соат ман бародари калонии ту. Кор кун. Миёнатро банду таҷриба ва донишатро танҳо барои адолат сарф кун. Агар мушкилӣ пеш ояд, муроҷиат кун, ёрӣ медиҳам.

Ҳамин тариқ, ба вазифаи раиси Суди ноҳияи Ғарм таъин шудам ва 11 сол кор кардам. Ҳар гоҳ ба мурофиаи судӣ мерафтам, таъкиди модарам ёдам меомад: «Дар зиндагӣ мисли падарат ҳалолкору боинсоф бош, бачам. Ҳеҷ гоҳ адолатро фаромӯш накун. Раҳматии Ҳисорӣ марди одилу ҳақшинос, ҷавонмарду покизарӯзгор буд». … Баъд дар ноҳияҳои Норак, Тоҷикобод, Ҷиргатол (Лахш) дар вазифаи раиси суд кор кардам. Судяи суди шаҳри Душанбе, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи таҳлиливу ҷамъбасти фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  будам.

Аз он хурсандам, ки  дар Конференсияи байналхалқии судяҳои Суди Олии 170 давлати ҷаҳон, ки дар шаҳри Локнофи кишвари Ҳиндустон 4 декабри соли 2004 баргузор гардид, ширкат доштам ва аз минбари баланд чун намояндаи давлати озоди Тоҷикистон сухан кардам.

Солҳои дар ноҳияи Лахш кор карданам болои кишвар бало омад. Ҷанги шаҳрвандӣ мамлакатро хароб кард. Дар ноҳия ҳам бесарусомонӣ буд. Хунрезӣ буду ғоратгарӣ. Ҳамаашро медидему аз дастамон коре намеомад. Тифлони сарсону саргардонро медидаму хотираҳои айёми бачагӣ пеши рӯ ҷилвагар мешуд. Дигар дар ноҳия зистан душвор буд. Илоҷе карда, ба Душанбе рафтам. Як муддат дар вазорат кор кардам. Баъд маро судяи Суди Олӣ таъин карданд. То нафақа дар он ҷо кор кардам.

Амаки Аббос оҳи сабук мекашад. Шояд баъди холӣ кардани дил вазъаш тағйир ёфт. Андешамандона ба гирду атроф чашм давонд ва боз риштаи кандашудаи суханро гиреҳ кард:

Инсон дар зиндагӣ бояд намакшинос бошад. На танҳо қадри нону намакро донад, балки ба ҳар некӣ бо некӣ ҷавоб гӯяд. Ман дар зиндагӣ аз бисёриҳо некӣ дидаам ва сухани нек шунидаам, аммо онҳоро фаромӯш намекунам. Аввал қадрдонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро. Сарвари давлат аз аҳволи мардум бохабаранд. Ба қадри заҳмати ҳар кас мерасанд. Барои хизматҳои нокироям дар назди давлату миллат ба ман унвони генерал-майори адлияро лоиқ донистанд. Бо ордени Исмоили Сомонӣ сарфароз гардониданд. Бо обрӯ ва иззат ба нафақа гуселам карданд. Магар аз ин давлати бузург мешавад? Дуюм, нону намаки мардуми ноҳияи Ғармро. Ман дар байни ғармиҳо кор кардам. Хона обод кардаму фарзандонам он ҷо ба дунё омаданд. Мардуми бузурганд. Як умр аз онҳо миннатдорам. Сеюм, аз котиби ҳизби коммунисти ноҳияи Ғарм шодравон Усмон Ҳасанов, ки дар тарбияи кадрҳо хизмати сазовор кардааст. Чаҳорум, аз бародар ва устоди бузургворам Шараф Ҷӯраевич. Ифтихор мекунам, ки парвардаи мактаби ӯям. Ӯ ҳамеша дастгиру маслиҳатгарам буд.

Пайваста шукрона мекунам. Шукрона мекунам, ки ман ятимбачаи бекасу кӯй ба ҷое расидам. Бубинед, Худованд барои ман чӣ давлати бузургро насиб гардонд. Хонаи обод, шаш фарзанди солим, ки ҳоло ба халқ софдилона хизмат мекунанд. Мардуми ҳамдиёрам ба қадрам мерасанд. Ҳар рӯз аз дуру наздик ба аёдатам меоянду бо эҳтиром дастамро мефишоранд. Магар аз ин давлати бузургтар ҳаст?!

Ба набераҳои дӯстрӯякам менигараму суханҳои раҳматии кампири Ҳамида ба ёдам мерасад:

«Хонаи фалонӣ, ки равӣ, сағираи Ҳисорӣ чашмашро аз саҳифаи китоб намеканад, — мегуфт кампир. — Дар мактаб бачаи таърифист. Ҳам дониши хуб дораду ҳам ахлоқи ҳамида. Худо фарзандат, ки дод, мисли Аббос бошад.  Бовар дорам, ки сағира одами калон мешавад…».

Дар ангора гӯш ба ҳарфҳои ӯ даст ба гиребон медиҳаму шукрона мекунам.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»