Тафаккури ифротии гурӯҳу созмонҳои террористӣ хатар ба амнияту суботи аксар кишварҳои мусулмоннишин мебошад. Ташкилотҳое, ки хусусияти экстремистиву террористӣ доранд, бо номҳои нав ба нав зуҳур карда, мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Масалан, дар Паймони миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун Паймони зиддимиллӣ шинохта мешавад, ҳамон ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат қарор дорад ва дар Аврупо фаъолияти ихтилофандозиву фитнагароиро ба роҳ мондааст. Сокинони кишвар аз корҳои зишти он кайҳо огоҳанд.
Даъвои гурӯҳҳои мухолиф он аст, ки гӯё дар Тоҷикистон раванди демократӣ татбиқ намегардад, ҳуқуқбунёдӣ ва шароити ҳуқуқӣ мавҷуд нест, суботи кишвар таъмин карда намешавад. Ин ба ҷуз дасиса ва сиёҳ кардан дигар чизе нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз беҳтарин кишварҳои амну осоишта ба шумор меравад ва мардуми шарифи Тоҷикистон, хушбахтона, дар фазои ором озодона умр ба сар мебаранд.
Гумроҳон, ки ангуштшуморанд, дар симои саркардагон ва аъзои дигари ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ба вартаи парешонӣ кашида, қасди нобудии миллат ва мақсади ғулом гардонидани мардуми тоҷикро доштанд. Охир, чӣ гуна метавон Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати пойдор, озодиву осоиштагӣ, амнияту иттиҳод, ҳамдилию ҳамгироии давлати ободро нообод пиндошту эътироф накард?
Зимнан, ТТЭ ҲН бархе аз ташкилотҳои ифротӣ, аз қабили «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд», «Анҷумани озодандешон», «Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ», «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ»-ро ташкил намудааст, ки берун аз кишвар фаъолият дошта, зинҳор аз ободиву созандагӣ, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошт сухан намегӯянд. Ба минбар ки баромаданд, лофи ватандорӣ мезананд.
Роҳбари фирорӣ ва дигар аъзои ТТЭ ҲН аз шумули ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, Ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи задухӯрд дониста, баъзе аз афродро фиреб доданд. Ё дар ҳар даврае хоҷаашон луқмаи ноне гузошт, сагвор ҷониби он давон шуда, супоришҳои душманони миллатро иҷро намуданд. Онҳо ҳаргиз муваффақияти дигаронро чашми дидан надоранд ва пайваста мехоҳанд зиндагии осудаи мардумро аз нав ноором созанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони кишвар ҳаргиз фирефтаи «мубаллиғон»-и ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки манфиатҳои хоҷагон ва хориҷиёнро пуштибонӣ менамоянд, намешаванд ва ҳамеша сулҳу субот, мероси ниёкон ва дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро ҳифз хоҳанд кард.
Парвиз БАҲРИДДИНЗОДА,
ходими илмии АМИТ