Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули низоми бонкии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда, бо истифода аз имконоти мавҷуда бонкҳоро дастгирӣ менамояд, зеро фаъолияти самараноки бонкҳо, ки аз рӯйи моҳият муҳаррики иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбанд, метавонад ба рушди тамоми бахшҳои ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад. Вобаста ба ин масъала, 26 апрели соли 2013 зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр намуд: «Пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба афзоиши маблағгузорӣ ва таъминот бо воситаҳои гардон вобастагӣ дорад ва ин нишондиҳанда, ки ҳамзамон сатҳи бо пул таъмин будани иқтисодиётро инъикос менамояд, дар давоми 7 соли охир нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 14 то 23 фоиз афзоиш ёфтааст».
Ҳамагон шоҳид будем, ки соли 2008- замони доман паҳн намудани буҳрони ҷаҳонии молиявӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо роҳбарияти Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ мулоқот намуда, ҳамрадиф бо ироаи дастуру ҳидоятҳо баҳри беҳбудӣ бахшидани фаъолият дар қиболи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ омодагии Ҳукумати ҷумҳуриро баҳри дастгирии низоми бонкӣ иброз дошта буд. Ба андешаи коршиносони умури бонкӣ, маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони фавқуззикрро бидуни осеби ҷиддӣ паси сар намояд. Агар ин масъаларо амиқ ва бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ мавриди пажуҳиш қарор диҳем, муътақид хоҳем шуд, ки дар ҷаҳони муосир дастгирӣ ёфтани бонкҳои тиҷоратӣ аз ҷониби давлат падидаи маъмулӣ ва мусбӣ маҳсуб ёфта, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Нуктаи муҳим он аст, ки на ҳар бонк имкони баҳравар гардидан аз ин дастгириро дорад ва на ҳар давлат доир ба ин масъала иқдом менамояд, зеро чунин тасмим баъд аз омӯзиши амиқу ҳамаҷониба ва бо назардошти нақши бонк дар пешрафти бахшҳои гуногуни ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ гирифта мешавад.
ҶСК «Агроинвестбонк», ки яке аз пешсафони низоми бонкии кишвар маҳсуб меёбад, ба ҳама дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи аввалинҳо ҳамовозӣ менамояд. Бешубҳа, ин муассисаи бонуфузи молиявӣ ҷузъи муҳими низоми бонкии кишвар маҳсуб ёфта, вазъи молиявӣ ва раванди фаъолияташ кафолати устуворӣ ва дар сатҳи муътадил қарор доштани низоми бонкии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аксари лоиҳаҳое, ки ҶСК «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ намудааст, ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тариқи дастгирии бахши кишоварзӣ, ки дар шароити кунунӣ барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад, нигаронида шудааст.
Чанде пеш Ҳукумати ҷумҳурӣ ҶСК «Агроинвестбонк»-ро дастгирӣ намуд. Дастгирии давлатии ин муассисаи молиявӣ идомаи мантиқии раванди ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ маҳсуб ёфта, аз дурнамои нек баҳри рушди ҷомеа шаҳодат медиҳад. Боиси таассуф аст, ки ин иқдом дар баъзе воситаҳои ахбори оммаи кишвар таҳрифомез инъикос ёфтааст. Ҳол он ки ҳадафи асосии ин тасмим эмин доштани як муассисаи молиявии ватанӣ аз тамоюлҳои манфӣ ва таъмини фаъолияти муназзаму пурмаҳсули он аст, на чизи дигар. Масъулини бонки зикршуда муътақиданд, ки аз ҷониби давлат мавриди дастгирӣ қарор ёфтани ҶСК «Агроинвестбонк» марҳилаи нави фаъолияти онро ифтитоҳ мебахшад. Шиносоӣ бо фаъолияти он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои ҶСК «Агроинвестбонк» бо Ҳукумати мамлакат дар ҳама самтҳо, аз ҷумла амалӣ намудани барномаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои ҷомеа нигаронида шудаанд, дар сатҳи баланд қарор дорад ва маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки бонк дастгирӣ ёбад.
Аз шиносоӣ бо фаъолияти бонк бармеояд, ки маҳз дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат фаъолияти бонк рушду тавсеа ёфта, нишондиҳандаҳо дар ҳама самт ҷавобгӯйи талаботанд. Ҳоло бонки мазкур бо 62 филиал, 26 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 91 нуқтаи интиқоли маблағ ба мизоҷон номгӯйи васеи хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ пешниҳод намудааст. Ҷойгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» дар бозори бонкии мамлакат низ хос буда, мизоҷонаш ҳамвора зиёд мешаванд. Айни замон 20 фоизи ҳаҷми умумии дороиҳои низоми бонкии кишвар, 32,2 фоизи сандуқи амонатҳо (депозитҳо), 8,1 фоизи сармояи маҷмуӣ ва 19,2 фоизи сандуқи қарзии бонкҳои ҷумҳурӣ маҳз ба ин муассисаи бонуфузи молиявӣ тааллуқ дорад.
Алъон бонк бо ҷалби сармояи давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ фаъолият намуда, раиси тозаинтихоби Раёсати он Суюнхон Рустамов баҳри боз ҳам беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ нақшаҳои зиёд дорад, ки афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва занони соҳибкор, ҷорӣ кардани шаклҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба мисли ташкили роҳҳои нави интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ (коркарди механизми интиқоли маблағҳо тавассути кортҳои пардохтӣ), овердрафт, кортҳои қарзӣ, пардохти хизматрасониҳои ҷамъиятиву маишӣ ва ғайра, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид баҳри ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, кушодани марказҳои амалиётии нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва барориши кортҳои пардохтӣ аз ин ҷумлаанд.
Дар Паёми Роҳбари мамлакат ба мақоми олии қонунгузори кишвар ҳамчунин зикр гашта буд, ки «Бояд ҷиҳати афзун намудани шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ, чораҷӯӣ карда шавад. Таъкид менамоям, ки ба масъалаи дастгирии субъектҳои соҳибкории маҳалҳои дурдасти кӯҳистон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии хурди имтиёзнок ба онҳо дар оянда низ аҳамияти махсус дода мешавад».
Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки ҶСК «Агроинвестбонк» дар таъмини дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасту кӯҳистони кишвар ба хизматрасониҳои бонкӣ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад, зеро айни замон дар баробари фаъолияти пурмаҳсули 62 филиали бонк дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин теъдоди зиёди нуқтаҳои интиқоли маблағ ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамрадиф бо 8 филиал, 12 нуқтаи интиқоли маблағ ва як маркази хизматрасонии бонкӣ дар дурдасттарин минтақаҳо, ки сокинонаш пештар чунин сатҳу сифати хизматрасонии бонкиро танҳо орзу менамуданд, фаъолияти пурмаҳсул доранд. Таъсиси нуқтаҳои интиқоли маблағ аз ҷониби бонк вобаста бо тақозои замон амалӣ шудааст. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин нуқтаҳо шароит фароҳам овардааст, ки ҳамватанони мо маблағҳои аз ҷониби пайвандонашон интиқолгардидаро сари вақт дастрас намуда, дар ҳолати зарурӣ ба хориҷи мамлакат низ маблағ интиқол диҳанд. Дар ҳамин радиф 26 маркази хизматрасонии ҶСК «Агроинвестбонк» дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Махсусияти фаъолияти чунин марказҳо дар он зоҳир мегардад, ки агар дар нуқтаҳои интиқоли маблағ ба мизоҷон танҳо хизматрасонии интиқоли маблағ пешниҳод гардад, пас дар марказҳои зикргардида шаҳрвандон имкони аз номгӯйи нисбатан васеи хизматрасониҳои бонкӣ баҳравар шудан доранд. Сафи мизоҷони бонк ҳамасола афзун шуда, ба ҳолати охири соли 2013 зиёда аз 3 670 552 нафарро ташкил медиҳад. Ҷалби пасандозу амонат, пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, интиқоли маблағ, маблағгузории тиҷоратӣ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, мубодилаи асъор ва дигар намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумлаи маҳсулоти асосии пешниҳодшаванда ба шумор мераванд. Бонк бо 14 низоми байналмилалии интиқоли маблағ ҳамкорӣ намуда, тавассути онҳо маблағҳои интиқолиро ба шаҳрвандон дастрас менамояд. Давоми соли 2013 аз тарафи бонк ба 2 800 366 мизоҷ хизматрасонӣ шудааст. Маблағҳое, ки бо хоҳиши мизоҷон берун аз ҷумҳурӣ интиқол дода шудаанд, 166,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Айни замон бонк барои зиёд намудани иқтидори захиравиаш бо ҷалби пасандозҳои аҳолӣ тавассути пешниҳоди 15 номгӯй маҳсулоти пасандозии бонкӣ, ки ба талаботи ҳама табақаҳои мизоҷон ҷавобгӯй аст, диққати калон медиҳад. Самараи чунин иқдомот буд, ки бақияи сандуқи пасандозҳо (пасандозҳои дархостшаванда, амонатӣ, муҳлатнок) ба ҳолати охири соли 2013 нисбати нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли 2012-ум 17,6 фоиз бештар аст. Давоми соли 2013 аз тарафи аҳолӣ зиёда аз 50 ҳазор ҳисобҳои пасандозӣ истифода шуда, маблағҳои ба ин ҳисобҳо воридшуда зиёда аз 251,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фоизҳои амалкунандаи пасандозҳои бонк ба талаботи бозори пасандозии ҷумҳурӣ мутобиқ буда, боварии аҳолӣ низ ба бонк ҳамвора зиёд мешавад.
Яке аз самтҳои бартаридошта барои бонк пешниҳоди қарз барои соҳаи кишоварзӣ ва бахшҳои ба он алоқаманд мебошад, зеро ҶСК «Агроинвестбонк» ба нақшаҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба равнақи иқтисодиёт бетараф набуда, вазифаҳои бонк дар ин самт ба кам намудани хавфҳо ва зиёд кардани гардиши воситаҳои гузошташаванда равона шудааст. Соли 2013 ҳаҷми қарзҳои ҷудошуда дар низоми ҶСК «Агроинвестбонк» ба 1465,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, шумораи онҳо беш аз 48466 ададро ташкил додааст. Аз ҳаҷми умумии қарзҳое, ки дар ин давра дода шудаанд, маблағи 581,7 миллион сомонӣ ба қарзҳои хурдҳаҷм рост меояд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 61,6 фоиз зиёдтар мебошад. Бақияи қарзҳои тӯли соли 2013 аз тарафи бонк ҷудошуда ба соҳаҳои кишоварзӣ -154,4 миллион сомонӣ, саноат — 185,1 миллион сомонӣ, истеъмолӣ -137,8 миллион сомонӣ, сохтмон – 139,6 миллион сомонӣ, нақлиёт –5,7 миллион сомонӣ, тиҷорат – 707,6 миллион сомонӣ, хизматрасонӣ – 9,4 миллион сомонӣ, алоқа — 5,2 миллион сомонӣ ва дигар соҳаҳо –136,5 миллион сомонӣ рост меояд. Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бевосита ба беҳтаршавии вазъи молиявию иқтисодии навоҳии кӯҳистони ҷумҳурӣ алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, ҶСК «Агроинвестбонк» ба ин ноҳияҳо диққати махсус дода, дар давраи баррасишаванда ҳамагӣ ба минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ба маблағи 193,6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод намудааст.
Бо мақсади вусъат бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ ҶСК «Агроинвестбонк» бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Барқароркунии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо Бонки Рушди Осиё дар самти лоиҳаи «Рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ҳамкорӣ мекунад. ҶСК «Агроинвестбонк» аз соли 2008 то моҳи феврали 2013, яъне то анҷоми барнома, пешниҳоди қарз ба соҳаи кишоварзиро дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯйи лоиҳаи TAFF (Маблағгузории соҳаи кишоварзии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ меёбад, ба роҳ монда, то ин давра зиёда аз 48 миллион доллари ИМА қарз додааст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз моҳи октябри соли 2012 инҷониб дар ҳамкорӣ бо мутахассисони лоиҳаи TAFF пешниҳоди қарз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҷорӣ шуд. Соли 2012, зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буд: «Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари захираҳои қарзӣ зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода сифати хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардошта, оид ба танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чораҷӯӣ карда шавад».
Дар ҶСК «Агроинвестбонк» истифодаи технологияи ҷадид густурда роҳандозӣ шуда, омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад. Имрӯз дар фаъолияти бонк навтарин технологияи низоми бонкдорӣ мавриди истифода мебошад. ҶСК «Агроинвестбонк» дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ аз пешсафон маҳсуб ёфта, айни замон 103 банкомат ва 113 POS- терминали ин бонки бонуфуз ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор доранд. Миёни бонкҳои мамлакат яке аз аввалинҳо шуда, таъсис додани маркази протсесингӣ аз ҷониби ҶСК «Агроинвестбонк» ва барориши аввалин корти миллӣ бо номи КАД (Корти Аввалини Дохилӣ) далели собитқадам будани он дар самти дастрас намудани истифодаи кортҳои пардохтӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст.
Зимни суҳбат бо мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» онҳо омил ва сабабҳои маҳз ин муассисаи молиявиро ба сифати ҳамкор интихоб намуданашон ба сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ, обруву нуфузи баланд дар дохил ва хориҷи мамлакат, пешсаф будан дар самти истифодаи технологияи ҷадид, роиҷ будани муносибати хеле хуби кормандони бонк бо мизоҷон рабт медиҳанд. Кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» дар муносибат бо мизоҷон андешаи «мизоҷ ҳамеша ҳақ аст»- ро шиори фаъолияти хеш қарор додаанд.
Баъзан шоҳиди гуфтаҳое мешавем, ки гӯё бе шафоати «миёнаравҳо» ва пардохти маблағи муайян баҳравар гардидан аз қарзҳои бонкӣ ғайриимкон аст. Роҳбарияти бонк таҳти роҳбарии Суюнхон Рустамов умури назоратро тавре роҳандозӣ намуданианд, ки ин падидаи номатлуб дар ҶСК «Агроинвестбонк» умуман ҷой надошта бошад. Ҷолибтарин омиле, ки мо мушоҳида намудем, ин мавҷудияти лавҳаҳои иттилоотӣ бобати зуҳуроти номатлуб ва ҷиноят будани коррупсия дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии бонк аст. Омили мазкур гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти ин бонки муътабар муассир будани корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирии падидаҳои номатлуб ба хубӣ дарк ва аз он самаранок истифода менамояд.
Азми қавӣ ва ниятҳои неки раиси тозаинтихоби Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Суюнхон Рустамов далели возеҳи он аст, ки ин бонк дар ҳама самтҳо комёб мешавад. Мо ба онҳо барору комёбӣ таманно менамоем.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»