Шашуми апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ анҷом дод.
Дар машварат масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, афзун намудани истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ, иҷрои Буҷети давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Дар оғози машварат ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8 фоиз ва кишоварзӣ 6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзун гардидааст.
Дар муҳлати ҳисоботӣ 28 корхонаи нави саноатӣ сохта, ба кор дароварда шудааст. Дар се моҳ ба маблағи як миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, ин нишондод, тибқи нақша то охири сол ба 5 миллиард сомонӣ бояд расонида шавад. Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят авҷ гирифтааст. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ин кор то охири соли равон анҷом хоҳад ёфт.
Нақшаи киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта, то 15 апрел ба анҷом мерасад.
Дар се моҳ 372,4 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 105 фоизи нақша мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорони ташкили Маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд арзи сипосу қадрдонӣ карда, таъкид дошт, ки ин гуна муассисаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ таъсис дода шаванд.
Бо баҳои баланд додан ба таъсисдиҳандагони корхонаҳои коркарди ширу гӯшт дар шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки чунин корхонаҳо низ бо ҷалб ва ҳавасмандсозии соҳибкорони ватанӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохта шаванд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба тезонидани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, афзун намудани ҳосилнокии пахта, ғалладона, картошка, сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавонон дода шуд.
www.president.tj