Ҳамватанони азиз, бародарону хоҳарони гиромӣ, ҳамкорону ҳамсангарони содиқ ва ошноёни қадршинос аз кишварҳои дуру наздик!
Аз ҳар яки шумо барои қадршиносӣ ва таваҷҷуҳу эҳтироматон сипосгузорам.
Аз остонаи рӯзи таваллудам ва Рӯзи Артиши миллӣ то ҷашни Наврӯз ҳазорон ҳазор табрикоту таманниёти самимонаи ҳузурӣ ва ғоибонаи шумо бароям рӯҳияи тоза бахшид. Ин ҳама меҳру муҳаббат ва алоқа аз сӯи шумо барои як сарбози Ватан мояи ифтихору сарбаландист. Миннатдорам. Саломат бошед!