Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№34 (3180) 08.04.2014

DSC_038711

7 апрели   соли  2014 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев  ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  ба тасдиқи  рӯзномаи ҷаласаи навбатии  Шӯро  қарор  қабул  кард.

Масъалаҳои зерини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда», «Дар  бораи  лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаи  коммуналии «Шуъбаи манзилию  коммуналӣ  ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода» ва Бонки Аврупоии Таҷдид  ва  Рушд», «Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода»  ва Бонки  Аврупоии Таҷдид  ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии  партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» ва «Оид ба Созишнома дар бораи дастгирии Лоиҳа (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни  шаҳри  Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А. Азимов, оид ба иқтисод ва молия С. Раҷабов ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

DSC_038011

Тибқи муқаррароти қарорҳои қабулкардаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои номбурда ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардиданд.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Охунов масъалаҳои зерини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии  исломӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки  миллии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  боҷи давлатӣ», «Оид ба Протоколи   факултативии   Конвенсия  дар бораи барҳам додани тамоми  шаклҳои табъиз  нисбати занон» — ро ҷиҳати баррасӣ  ба Шӯро пешниҳод намуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯйи масъалаҳои  мазкур қарорҳои алоҳида  қабул кард ва масъалаҳои номбурда барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои  хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Доир ба масъалаҳои охирини  рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»  қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,   «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ