Муҳокимаи парламентӣ

Дар саргаҳи об ташналабӣ ҷоиз нест

№35 (3181) 09.04.2014

Муҳокимаи ошкорои парламентӣ, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев баргузор шуд, муайян намуд, ки сарфи назар аз иқдомоти амалишуда, дар раванди татбиқи «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 қабул шудааст, камбудиҳои зиёд мавҷуданд.

DSC_0252

Чоруми апрели соли 2014 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев муҳокимаи ошкорои парламентӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷиҳати татбиқи «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 қабул шудааст, баргузор гардид.

Ба муҳокимаи ошкорои парламентӣ роҳбарони вазорату идораҳои марбута, муовинони раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

Баъд аз тасдиқи рӯзнома муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев суханронӣ намуда, минҷумла гуфт, ки масъалаҳои марбут ба об, захираҳои обӣ-энергетикӣ, дастрасӣ ба оби нӯшокии ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯй ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо талошу ташаббусҳои Сардори давлат дар сатҳи байналмилалӣ соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об  — барои ҳаёт» муқаррар гардид. Ҳамчунин, дастрасии аҳолии кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати дохилии давлатамон низ маҳсуб мешавад.

Мусаллам аст, ки ҳамаи дастоварду пешравиҳо дар ҷумҳурӣ таҳти таъсири нерубахши Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

Боиси тазаккур аст, ки ғояи асосӣ ва марказии Паёми Сарвари давлатро саломатии ҳамагонии миллат ва беҳдошти рӯзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон ташкил менамояд.

Бо назардошти ҳамин нуктаҳо, дар ҷаласаи имрӯза масъалаи иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷиҳати татбиқи Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, баррасӣ мегардад.

Сиҳатии аҳолӣ неруест, ки барои беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди инсон шароити мусоид фароҳам меорад ва давлату Ҳукумат онро ба сифати яке аз ҳадафҳои аслии худ қарор додааст. Дурнамои дастрасшавӣ ба ин ҳадаф, албатта, бо чораю тадбирҳои гуногун таъмин карда шудаанд, ки яке аз онҳо қарори фавқуззикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи қабулгардида мебошад.

Мақсади асосии Барнома бо оби нӯшокии ба саломатии инсон безарар таъмин намудани аҳолии кишвар мебошад, чунки вазъи кунунии таъмини оби нӯшокӣ бо сабаби маблағгузории нокифоя аз ҳамаи сарчашмаҳо дар ҳолати ташвишовар қарор дорад.

Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ яке аз омилҳои аввалиндараҷаи паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ низ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо боварӣ гуфта метавонем, ки татбиқи дурусту саривақтии Барномаи мазкур барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва пешгирии он дар кишвар мусоидат менамояд.

Барои амалӣ гардидани Барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила аз соли 2008 то соли 2020 аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3 миллиарду 324 миллиону 844 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намудааст.

Аз он ҷумла, 498 миллиону 727 ҳазор сомонӣ баробар ба 15 фоиз  аз маблағҳои мутамарказ, 332 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баробар ба 10 фоиз аз буҷетҳои маҳаллӣ, 2 миллиарду 327 миллиону 391 ҳазор сомонӣ баробар ба 70 фоиз аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва 166 миллиону  242 ҳазор сомонӣ баробар ба 5 фоиз аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидории  соҳа мебошанд.

Нуктаи муҳим он аст, ки ин нишондиҳандаҳо ғайр аз маблағгузории ҷории ҳамасола аз буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷро намудани Барномаи мазкур корҳои зерин дар амал бояд татбиқ шаванд:

- тайёр намудани кормандони техникӣ ва роҳбарикунандаи соҳа, баланд бардоштани маданияти истифодабарии об, ҷалби маблағгузории ҷамъиятӣ ва шахсӣ  дар соҳаи таъминот бо оби нӯшокӣ;

- азхудкунии технологияи нав, намудҳои азнавсозӣ, усулҳои ҳозиразамони безараргардонии оби нӯшокӣ, автоматикунонии шабакаи идоракунӣ ва назорати сифату ҳисоби хароҷоти об, бунёди озмоишгоҳҳо барои ташхиси сифати об;

- истифодаи мақсадноки сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, азхудкунии технология ва таҷҳизоти самарабахш;

- пурзӯр намудани фаъолияти ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ-истеҳсолӣ;

- сохтани шабакаи алоҳидаи обтаъминкунӣ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ки дорои чашма, рӯд, дарё ва обҳои зеризаминии миқдоран кифоя  ва сифатан баланд доранд.

Дар қарор ва Барнома сарчашмаҳои маблағгузорӣ, чораю тадбирҳои мушаххас ва доираи муайяни субъектони масъул дақиқ муқаррар шудаанд. Азбаски Барнома барои муҳлати нисбатан тӯлонӣ пешбинӣ гардидааст ва ба категорияи барномаҳои миёнамуҳлат дохил мешавад, он натиҷагирии фосилавиро низ тақозо мекунад. Бинобар ин, таҳлили натиҷаҳои татбиқи Барнома барои як ё ду сол мувофиқи мақсад шумурда мешавад.

Ба назардошти ҳамин нукта ва муҳимияти масъала, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти баргузор намудани муҳокимаи парламентиро доир ба ин мавзӯъ баррасӣ карда, барои баргузории он иқдом намуд, — гуфт дар фарҷоми суханронии ифтитоҳиаш Амиршо Миралиев.

ЁқубзодСипас, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод масъалаи мавриди баррасиро таври муфассал шарҳ дод. Зикр шуд, ки буҷети давлатӣ механизми азнавтақсимкунии захираҳо ба воситаи ташкил додани фонди буҷетии мамлакат ва амалисозии хароҷоти буҷетӣ дар чорчӯбаи таъминоти молиявии соҳаи буҷет ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, танзими рушди соҳаҳо ва минтақаҳои мамлакат ба шумор меравад.

Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди  иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан  ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким  бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа, амалӣ гардидани барномаҳои қабулгардидаи давлат, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд».

Мақсади асосии ҷаласаи имрӯза дар баробари муайян кардани дастовардҳо, инчунин ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва омилҳое мебошанд, ки садди роҳи иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ ва амалӣ гардидани барномаҳои қабулгардида шудаанд.

Бояд гуфт, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» корхонаи бисёрсоҳавӣ буда, тибқи оиннома «Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» фаъолият  намуда, нигаҳдошти фонди манзил, таъминоти об, баровардани пасобҳо, ободонӣ ва кабудизоркунӣ, тозагии санитарӣ, ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо ва ғайраро амалӣ менамояд.

Ҳамчунин корхона беш аз 30 намуд хизматрасониро ба уҳда дорад, ки ба рушду таҳкими фаъолияти ҳаёти шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ равона шудааст.

Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Роғун, Норак, Сарбанд, Чкалов, Қайроққум ва ноҳияҳои Файзобод, Спитамен ва Шуғнон идоракунии обтаъминкунӣ ва канализатсия аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешавад. Дар шаҳру навоҳии боқимонда моликияти корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия ҷумҳуриявӣ буда, аз  ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» идора карда мешавад.

Дар сохтори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 36 корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия, 21 корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки қитъаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия доранд ва Муассисаи давлатии Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» фаъолият менамояд.

Соли 2013 корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба маблағи 108 млн. 768,7 ҳазор сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 22,8 фоиз ё ба маблағи 20 миллиону 204,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Хурсандиовар аст, ки корхонаҳои тобеъ дар соли 2013 ба маблағи 4 млн. 174,7 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардаанд.

Дар ҳамин росто, корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар соли ҳисоботӣ аз маблағи даромадшуда ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 18 млн. 017,6 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд, ки нисбат ба соли 2012-ум 1 миллиону 871,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2014 маҷмӯи бақияи қарзҳои дебетории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 27 миллиону 594,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2013-ум 603,5 ҳазор сомонӣ кам шудаанд. Ба санаи номбурда бақияи қарзҳои кредиторӣ маблағи 25 миллиону 382,4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш маблағи 22,0 ҳазор сомонӣ кам шудаанд.

Дар давраи татбиқи Барномаи мазкур, солҳои 2007-2013 дар миқёси шаҳру маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи нақша бояд 313 млн. 435 ҳазор сомонӣ маблағ равона мешуд, вале то ин замон  дар доираи инкониятҳои мавҷуда 232 миллиону 490 ҳазор сомонӣ (74,17 фоиз)  маблағ ҷудо гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ баҳри рушд ва тараққиёти он як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ фаъолият менамоянд.

Муассисаи давлатии Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот»-и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли 2013 дар ҳудуди хизматрасониаш истеъмолкунандагонро дар ҳаҷми 17 миллиону 543,8 ҳазор  метри мукааб бо оби  нӯшокӣ таъмин намуд, ки дар маҷмӯъ 101,7 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағи даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои корхонаҳо дар деҳот соли гузашта 2 миллиону 901,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 100,2 фоиз мебошад.

Корхонаҳои истифодабарии оби нӯшокии деҳот бо мақсади иҷрои талаботи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 2 миллиону 531,3 ҳазор сомонӣ равона кардаанд, ки баробар ба 8,0 фоизи иҷрои маблағҳои талаботӣ мебошад.

Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» дар  соли  2013 баҳри  бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Барномаи мазкур ба маблағи 2445,0 ҳазор сомонӣ дар иншооти обрасонӣ корҳои сохтмониро анҷом  додааст.

Бино ба гуфти Саиди Ёқубзод, бо сабаби сари вақт амалӣ нашудани корҳо баҳри ҷалби сармоягузорон ва дар сатҳи паст қарор доштани ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор солҳои сипаригашта ва соли равон азхудкунии маблағҳо, хусусан дар самти ҷалби маблағҳои сармоягузорон барои корҳои сохтмонию барқарорсозӣ иҷро нашудааст.

Дар баробари ин, дар соҳа норасоиҳо низ ба назар мерасанд. Дар аксари шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нисбати фаъолияти корхонаҳои соҳа оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва сифати он эродҳои ҳаққонӣ вуҷуд доранд.

На ҳама иншооти обтаъминкунӣ ва канализатсияи системаро комилан мувофиқ ва эътимоднок шуморидан мумкин аст. Дар шаҳрҳо тахминан 50 фоизи аҳолӣ оби ба хона кашида доранд ва тахминан 32 фоиз аз оби ба саҳни ҳавлии хонаҳо овардашуда истифода мебаранд. Дар деҳот танҳо ба 20 фоизи аҳолӣ обтаъминкунии марказонида дастрас аст, дар баробари ин, одамон асосан аз колонкаҳои обтақсимкунии ҷамъиятӣ истифода мебаранд. Ташвишовар аст, ки на дар ҳама манотиқи хизматрасонии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» об шабонарӯзӣ ва давоми сол мунтазам дода мешавад. Ин норасоиҳо ва пурра маблағгузорӣ нашудани соҳа аз тарафи буҷетҳои маҳаллӣ боиси бад гаштани ҳолати молиявии корхонаҳои соҳа гаштааст.

Баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушд, ки дар Ҳадафҳои Ҳазорсола муайян шудаанд, то давраи соли 2015 дар ҷумҳурӣ фарогирии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ то 79 фоизро бояд ташкил медод. Аммо афсӯс, ки ин  нишондиҳанда  ҳамагӣ ба 49 фоиз расидаасту халос.

Барномаи зикргардида маҷмӯи чораҷӯйиҳои фаврии беҳтар намудани обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот, аз ҷумла таъмир, барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти нави системаҳои обтаъминкунӣ, баланд бардоштани фаъолияти пурмаҳсули корхонаҳои обтаъминкунӣ, кам кардани талафоти об, беҳдошти дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизмати коммуналӣ, ислоҳоти тарифҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Маблағгузории Барнома аз ҳисоби сармояи ватанию хориҷӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми умумии он 3324844 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағҳо 2327391 ҳазор сомонӣ, яъне 70 фоизро, сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил менамояд.

Дар давоми се соли охир ва соли 2013-ум талафоти оби нӯшокӣ дар иншоот зиёда аз 37,0 миллион метри мукааб истеҳсолшударо ташкил менамояд, ки аз рӯйи ҳисоби миёна маблағи солонаи он 10,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар вақти андозбандӣ ин омил ба назар гирифта нашуда, андозҳои давлатӣ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли оби нӯшокӣ ситонида мешавад.

Бинобар сари вақт пардохт нашудани андози ҳисобишуда, мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалиёти бонкии корхонаҳои обтаъминкуниро бозмедоранд, суратҳисоби бонкиашонро маҳкам карда, ба бақияи қарзҳо фоиз ва ҷаримаҳоро зам менамоянд, ки дар ин замина корхонаҳои обтаъминкунӣ ба мушкилиҳои зиёди молиявӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Баҳри пешрафт ва рушди иқтисодиёти кишвар масъулин вазифадоранд, ки ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои иловагии даромад ба буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва дар ин баробар бояд ҳолати истеҳсолӣ, молиявӣ ва манбаъҳои андозбандии корхонаҳоро дақиқ ва саҳеҳ муайян намоянд, то ки ба рушди иқтисодиёти онҳо зарар расонида нашавад.

Бинобар пурра ва сари вақт аз тарафи истифодабарандагон пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ва аз ҷониби буҷети ҷумҳуриявӣ рӯйпӯш нашудани маблағи қарзи шахсони имтиёздор, инчунин бо сабаби аз тарафи буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи талабот пешбинӣ ва пардохт нашудани маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ ба шахсони камбизоат корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои худро дар назди буҷети давлатӣ таъмин карда наметавонанд.

Бақияи қарзи кредитории корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи соҳа воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 дар назди буҷети давлатӣ 13 млн. 524,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки зиёда аз 70 фоизи онро фоизҳо ва ҷаримаҳо ташкил медиҳанд.Дар соли 2013 аз тарафи корхонаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 80 млн. 189,0 метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз ҳисоби мувофиқат накардани нархномаҳо ба иқтисодиёти онҳо зиёда аз 74,0 млн. сомонӣ зарар расонида шудааст.

Ҳамзамон, маблағҳое, ки аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ барои рӯйпӯш намудани ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои коммуналӣ ба шахсони имтиёздор пешбинӣ шудаанд, ҳар сол дар доираи то 50 фоиз ҷудо карда мешаванд. Дар давоми се соли охир ба 445 ҳазору 341 нафар шахсони имтиёздор ба маблағи 10 млн. 416,0 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонида шудааст. Аммо аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 4 млн. 956,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки 47,6 фоизи маблағҳои талаботиро ташкил медиҳад.  Бақияи қарзҳо аз ҳисоби шахсони имтиёздор ба ҳолати 1 декабри соли 2013-ум зиёда аз 8,5 млн. сомониро ташкил намудааст. Барои соли 2014-ум дархости маблағҳои номбурда 5 млн. 230 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, вале дар буҷети давлатӣ ҳамагӣ 2 млн. 200,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ин 42 фоизи талаботро ташкил медиҳад.

Инчунин аз тарафи шахсони камбизоат аз рӯйи ҳисоби миёна ҳар сол 3 млн. 500 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизматҳои корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия пардохт карда намешавад, ки бақияи қарзи аҳолии камбизоат аз ҳисоби истифодаи оби нӯшокӣ ба ҳолати 1 январи соли 2014 зиёда аз 12 млн. 800,0 ҳазор сомониро ташкил  додааст. Дар баробари ин, ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳар сол дар ҳаҷми пурра пешбинӣ ва ҷудо карда намешаванд.

Аз соли 2014 ва солҳои минбаъда муҳлати баргардонидани қарзи институтҳои молиявии байналмилалӣ, ки дар иқтисодиёти корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштаанду ин маблағ зиёда аз 148 млн. 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, муқаррар карда шудааст. Дар ҳолати пурра пешбинӣ ва ҷудо нашудани маблағҳои дар боло номбаршуда, пардохти қарз аз тарафи корхонаҳои номбурда ғайриимкон мегардад.

Мувофиқи моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» нисбати ташкилотҳои бахши таъмини оби нӯшокӣ, новобаста аз шакли моликияташон, дастгирии давлатӣ, аз он ҷумла имтиёзҳои андозбандӣ, кредитӣ ва намудҳои дигари имтиёзҳо муқаррар шудааст, инчунин мувофиқи моддаи 15 банди 1-уми қонуни номбурда, давлат таъмини ҳар як шахсро бо оби нӯшокии ба меъёрҳои муқарраршудаи сифат ва миқдор ҷавобгӯй кафолат медиҳад.

Баҳри кам кардани қарзҳои мавҷуда КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо қарори ҷаласаи ҷамъбастӣ, роҳбарони корхонаҳои зертобеъро вазифадор кардааст, ки давоми соли равон ва дар оянда ҳама гуна хизматрасонии коммуналиро қатъиян дар асоси шартномаҳо ва дар ҳаҷми маблағҳои ба ин мақсадҳо пешбинишуда иҷро намоянд.

Боварии комил дорам, ки иштироки фаъолона ва мавқеи муайяни шумо дар ҳалли проблемаҳои соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва бо сифат ва самаранок амалӣ намудани Барномаи баррасишаванда таъсири мусбӣ хоҳад расонд, -хулоса намуд Саиди Ёқубзод.

ТағоймуродовДиректори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар заминаи таҳлили амиқу доманадор  вазъи кунунӣ ва мушкилоти соҳаро бозгӯйӣ намуд:

-Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамин давра ба истифодабарандагон ба миқдори 44 млн. 588,9 ҳазор мукааб оби нӯшокӣ дастрас намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 118,6 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин баровардани партовобҳои истифодабарандагон ба ҳаҷми 20 млн. 128,3 ҳазор метри мукааб таъмин шуд, ки ба 106,2 фоизи нақша баробар мебошад.

Маблағи даромад аз ҳисоби хизматрасониҳои соҳаи номбурда  44 млн. 444,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  2012-ум 33,5 фоиз афзудааст.

Дар санади ниҳоии Конфронси байналмилалии «Ҳамкориҳо дар соҳаи об», ки рӯзҳои 20-22 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «Об яке аз воситаҳои муҳими истеҳсоли неруи барқ маҳсуб мешавад ва дар навбати худ неруи барқ барои интиқоли об ба манотиқи зарурӣ истифода мегардад. Аз ин рӯ, ҳар ду иртиботи ҷудонашаванда доранд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки об неъмати бебаҳо буда, истифодаи бетартибонаи он метавонад башариятро дар ояндаи на чандон дур ба мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ кунад. Шароити кунунии ҷаҳон тақозо дорад, ки дар баҳрабардорӣ аз манбаи обӣ аз беҳтарин ва пешрафтатарин фанновариҳои рӯз кор гирифта, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сабабгори исрофи об шуд. Об ҷойгоҳи хосае дар раванди дастёбӣ ба ҳадафҳои «Ҳазорсолаи рушд» дорад.».

Соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи намояндагони аҳли ҷомеаи ҷаҳонро ба дастрасӣ надоштани аз се як ҳиссаи аҳолии рӯйи замин ба оби нӯшокии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй ҷалб карда буд. Аз ҳамон сол то ба имрӯз дар ин самт Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид якчанд барнома қабул намудааст, ки ба беҳтар намудани таъмини аҳолии кураи замин бо оби нӯшиданӣ нигаронида шудаанд. Яке аз чунин барномаҳо — Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 мебошад, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон қабул шудааст. Пас аз қабули ин ташаббус КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» муваззаф гардид, ки «Барномаи таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020»-ро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд. Барнома дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 тасдиқ гардидааст.

Тӯли солҳои 2007-2013 тибқи нақшаи маблағгузории Барнома, ки аз чор сарчашма — маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, сармоягузорон ва маблағҳои худии корхонаҳо сурат гирифтааст, хеле корҳо ба анҷом расидаанд. Вале имкониятҳо, хусусан имкониятҳои буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷиҳати татбиқи Барнома хеле фароханд. Тайи ҳафт соли татбиқи Барнома аз ҳамаи сарчашмаҳо дар миқёси шаҳру маркази ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи нақша бояд 313 млн. 435 ҳазор сомонӣ маблағ равона мешуд, вале дар доираи инкониятҳои мавҷуда 232 миллиону 490 ҳазор сомонӣ (74,17 фоиз) маблағ ҷудо гардид. Аз он ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба ҷойи 46 миллиону 966 ҳазор сомонӣ — 41 миллиону 028 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба ҷойи 31 миллиону 356 ҳазор сомонӣ — 4 миллиону 319 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармоягузориҳо ба ҷойи 219 миллиону 404 ҳазор сомонӣ — 172 миллиону 109 ҳазор сомонӣ ва аз маблағҳои худии корхонаҳои соҳа ба ҷойи 15 миллиону 672 ҳазор сомонӣ — 15 миллиону 366 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар соли 2013 Барнома асосан аз ҳисоби сармоягузориҳо ва маблағҳои худии соҳа барзиёд иҷро гардид. Соли гузашта барои иҷрои Барнома аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 83 миллиону 419,7 ҳазор сомонӣ равона карда шуд, ки 121,2 фоизи иҷрои маблағҳои талаботиро ташкил менамояд. Аз он ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ба ҷойи 10 миллиону 319,2 ҳазор сомонӣ — 9 миллиону 246,4 ҳазор сомонӣ, аз буҷетҳои маҳаллӣ ба ҷойи 6 миллиону 879,4 ҳазор сомонӣ — 356,5 ҳазор сомонӣ, аз сармоягузориҳо ба ҷойи  48 миллиону 15 ҳазор сомонӣ — 70 миллиону 331,3 ҳазор сомонӣ ва аз маблағҳои худии соҳа ба ҷойи 3 миллиону 439,7 ҳазор сомонӣ — 3 миллиону 817,2 ҳазор сомонӣ маблағ  ҷудо гардидааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Тӯли солҳои 2010-2013 барои корҳои сохтмону барқарорсозии иншооти коммуналӣ маблағи 27,3 миллион сомонӣ равона шуда буд, ки пурра ва мақсаднок аз худ шудааст. Дар соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ 12 млн. сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба соли аввали ташкилёбии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (соли 2001) 120 баробар зиёд аст. Вале, сарфи назар аз ин омил, маблағҳои ҷудошуда ҳамагӣ беш аз 40 фоизи талаботро ташкил менамоянд.

Дар солҳои 2010-2013 чандин иншооти соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ сохта шуда, таҷдид ва барқарор гардида, ба истифода супорида шудаанд, ки дар маҷмӯъ бо ин мақсад 14,9 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Мақсади корхона дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ба ин восита беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиенӣ, ободу зебо гардонидани маркази шаҳру навоҳӣ, кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон мебошад.

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 баҳри иҷрои «Барномаи таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2015» ҷалби маблағҳои сармоягузорони ватанию хориҷиро таъмин намояд.

Бо мақсади рушди соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешбиниҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2015 таҳия  ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010 тасдиқ шудааст. Баҳри татбиқи қарорҳои қабулшуда дар давраи аввал бояд тадқиқоти ҳолати ҷории таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешуд, ки ҳадафи асосии он муайян намудани ҳолати аслии соҳа, зарурияти муайян намудани самтҳои асосии афзалиятноки соҳаи мазкур барои ҷалби сармоягузориҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо роҳи навкунии технологияҳои фарсуда ва инфраструктураи амалкунанда маҳсуб меёбад.

Тадқиқот бо дастгирии молиявии Офиси швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ассотсиатсияи «ОКСФАМ»-и Британияи Кабир, инчунин лоиҳаи ЮСАИД «Ташаббуси рушди маҳал» гузаронида шуд ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ  мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд.

Бино ба гуфти Алимурод Тағоймуродов, натиҷаи тадқиқот муайян намудааст, ки аз 7577,9 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ 3663,6 ҳазор нафар ё 48,6 фоиз ба системаҳои коммуналии таъмини оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Ҳамзамон 3874,3 ҳазор нафар ё 51,4 фоиз аҳолии кишвар ба системаҳои коммуналии таъмини оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд, ки қисмати асосиашонро аҳолии деҳот ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо 68 фоизи системаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, 7 фоиз қисман кор мекунанд ва 25 фоиз дар ҳолати ғайрикорӣ мебошанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин бошад, ҳамагӣ 40 фоиз системаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, 44 фоиз қисман кор мекунанд ва 16 фоиз дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доранд.

Дар натиҷаи тадқиқоти гузаронидашуда маълум шуд, ки барои сохтмону барқарорсозии системаҳои соҳаи коммуналии ҷумҳурӣ то соли 2025-ум 9 миллиарду 777 миллиону 739 ҳазор сомонӣ зарур мебошад.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар кишвар доир ба лоиҳаҳои татбиқшаванда аз тарафи институтҳои молиявии байналмилалӣ барои 33 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва идоракунии партовҳои сахти маишӣ 168 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар асоси «Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025», «Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018»-ро таҳия намудааст, ки он дар  марҳилаи пешниҳод ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бо Барномаи мазкур таъсиси «Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ» пешбинӣ шудааст, ки тибқи муқаррароти он дар оянда ҳамаи маблағҳои сармоягузорони ватанию хориҷии ба соҳаи мазкур ҷалбшаванда, тақсимоту истифодабарии маблағҳо аз рӯйи афзалиятҳои соҳа ва идоракунии он ба  воситаи  Фонди мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар ин самт, бо иштироки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба таъсиси Фонди мазкур гуфтушунид гузаронида шуда, аз тарафи институтҳои сармоягузори хориҷӣ ҷиҳати ҳиссагузорӣ намудани он ҳавасмандӣ изҳор гардид.

Аз суханронии Алимурод Тағоймуродов  бармеояд, ки дар доираи хизматрасонии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз соли 2006 инҷониб 10 лоиҳаҳои инвеститсионӣ татбиқ шудаанд ва татбиқ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо 144,59 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла,  «Рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нахустин лоиҳаи соҳа аст, ки барқарорсозии инфрасохтори коммуналии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Рашт, Восеъ, Истаравшан ва Конибодомро дар бар гирифта, ба анҷом расидааст. Лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шудааст. Маблағи умумии он 16,5  миллион доллари ИМА аст. Дар доираи ин лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори техникии корхонаҳои соҳа 41 адад техникаи махсуси коммуналӣ, 790 адад қуттии ахлотпартоӣ ва барои кормандони соҳа либоси махсуси корӣ харидорӣ, корҳои барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, хатҳои интиқоли оби нӯшиданӣ, сохтмони хатҳои барқ дар ин шаҳру навоҳӣ ба анҷом расонида шуд. Татбиқи лоиҳа соли 2006 оғоз ёфта, соли 2012 ба анҷом расид.

Ҳамзамон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба маблағгузории иловагии лоиҳаи номбурда ҷиҳати барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии ноҳияҳои Фархор ва Восеъ муроҷиат намуд. Маблағи иловагии лоиҳа 9 миллиону 850 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, масрафи он соли 2013 шурӯъ шуд ва соли 2015 ба охир мерасад.

Лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон», ки дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара ва Қӯрғонтеппа татбиқ шудааст, маблағи 6 миллиону 820 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Маблағгузории лоиҳа соли 2013 оғоз гардида, корҳои зиёде дар самти барқарорсозии системаҳои таъмини оби нӯшиданӣ анҷом дода шудаанд ва ҳолати бо оби ошомиданӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон низ беҳтар шудааст.

Лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон», ки аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)  маблағгузорӣ мешавад, шаҳру навоҳии Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Сомониён (Рӯдакӣ)-ро дар бар мегирад. Маблағи лоиҳа 18 миллион доллар буда, дар доираи он иҷрои 13 намуд корҳои сохтмонӣ ва харидани мол барои барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ муайян шудааст. Алҳол корҳо оид ба татбиқи лоиҳа оғоз гардида, барои корхонаҳои обтаъминкунӣ ва корези шаҳрҳои пилотӣ компютерҳо ва таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ шуда, ҳамчунин аз тарафи пудратчӣ ташхиси гидрогеологии обанборҳо дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор ба анҷом расид. Аз рӯйи хулосаи пудратчӣ ҷойгиршавии обанборҳо дар ин ду минтақа низ муайян шудааст. Ҷиҳати барқарорсозии обанбор ва хатҳои интиқоли оби шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ пудратчиён интихоб гардида, дар иншоот, тибқи шартнома, кор оғоз ёфт.

Вобаста ба иҷрои кори барқарорсозии обанборҳо дар шаҳракҳои Сомониён, Ҳисор ва Шаҳринав озмунҳо баргузор гардида, дар ин самти кор низ пудратчиён интихоб шуданд. Татбиқи лоиҳа соли 2013 оғоз шуда, соли 2015 ба анҷом мерасад.

Лоиҳаи «Барқарорсозии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон», ки аз тарафи БАТР маблағгузорӣ мешавад, шаҳрҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Табошар ва Хоруғро дар бар гирифта, маблағи он  22 миллиону 720 ҳазор доллари ИМА-ро (12 миллиону 720 ҳазор доллари ИМА — грант) ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа бо ин маблағ барои баланд бардоштани иқтидори техникии корхонаҳо техника ва таҷҳизоти махсуси коммуналӣ харидорӣ шуда, дар истифодаи ташкилотҳо қарор гирифтааст. Корҳои сохтмонию барқарорсозӣ низ амалӣ гашта истодаанд.

Лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи дуюм»,  ки ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ ва Ёвонро дар бар мегирад ва маблағи он 12 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, низ аз тарафи БАТР маблағгузорӣ мешавад. Дар ин самт маблағгузорӣ оғоз гардида, мушовирони лоиҳа интихоб ва корҳои омодагии лоиҳа оғоз шудааст.

Лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон, марҳилаи дуюм»  (шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан ва Зафаробод) аз тарафи БАТР маблағгузорӣ мешавад. Маблағи лоиҳа 15,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Баҳри татбиқи лоиҳа маблағгузорӣ оғоз гардида, мушовирони лоиҳа интихоб шудаанд ва ба наздикӣ корҳои омода намудани лоиҳа шурӯъ мешавад.

Ҳамзамон, аз тарафи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар ноҳияи Панҷ ба маблағи 19,2 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, меморандуми ҳамкорӣ байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва  Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» ба имзо расид.

Дар соли 2013 барои амалӣ гардонидани Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа созишномаҳо байни БАТР, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва КДФ хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа ба имзо расонида шуд. Маблағи умумии лоиҳа 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Оғози лоиҳа соли 2013 ва анҷоми он соли 2015 муайян шудааст. Дар ин самт мувофиқи талаботи бонк амалиётҳо ҷиҳати интихоби ширкатҳои мушовирӣ барои омодасозии лоиҳа гузаронида шуда истодаанд.

Инчунин дар соли 2013 байни КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи «Лоиҳаи таъминоти устуворӣ ба тағйироти иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ», ки аз тарафи БОР аз ҳисоби грант ба маблағи 4 миллиону 928 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ мегардад, ҷиҳати барқарорсозӣ ва сохтмони системаи обтаъминкунии ҳафт деҳоти шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Панҷи вилояти Хатлон созишномаи лоиҳавӣ ба имзо расид. Дар ин самт корҳои омодасозии лоиҳа бомаром идома дошта, он барқарорсозии системаи обтаъминкунии ҷамоатҳои Даҳана ва Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҷамоатҳои Маҳмадалиев ва Тугараки ноҳияҳои Восеъ ва ҷамоатҳои Қулмидон ва Коммунизми ноҳияи Панҷро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа тӯли панҷ сол (2014-2018) барқарорсозӣ ва сохтмони чоҳҳо, истгоҳҳои насосии обкаш, сохтмони обанборҳо, таҳияи принсипҳои идоракунӣ, гузаронидани омӯзиши мутахассисони корхонаҳои обтаъминкунӣ ва баланд бардоштани иқтидори гурӯҳи татбиқи лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2013 «Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ба анҷом расида, тибқи тартиби муқарраргардида, ба истифода супорида шуд. Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи мазкур, дар соли 2013 ба маблағи 26 миллиону 772,0 ҳазор сомонӣ ва аз аввали татбиқи лоиҳа 15 миллиону 147,07 ҳазор доллари ИМА корҳои лоиҳакашию омодасозӣ, сохтмонӣ, таҳвили таҷҳизот, механизму мошинҳои грантӣ аз Ҷопон ба ҷумҳурӣ ва омӯзиши истифодабарии онҳо иҷро гардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ба сифату меъёрҳои сохтмонӣ диққати махсус дода шуда, дар ин замина сифати таъмини аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо оби нӯшокӣ, пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ва ҳолати молиявии корхонаи обтаъминкунии ноҳия нисбатан беҳтар гардид.

Корхонаҳои истифодабарии оби нӯшокии деҳоти Муассисаи давлатии Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» дар соли 2013 ба истеъмолкунандагон дар ҳаҷми 17 миллиону 543,8 ҳазор  метри  мукааб оби  нӯшокӣ таъмин намуданд, ки дар маҷмӯъ 101,7 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишударо ташкил менамояд.

Бо мақсади иҷрои талаботи «Барномаи  беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» дар соли 2013 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 2 млн. 531,3 ҳазор сомонӣ равона шуд, ки 8,7 фоизи маблағҳои талаботӣ мебошад.

Дар давраи татбиқи Барномаи мазкур бо сабаби сари вақт бурда нашудани корҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ва дар сатҳи паст қарор доштани ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор солҳои сипаришуда азхудкунии маблағҳо, хусусан дар самти ҷалби маблағҳои сармоягузорон барои корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, иҷро нашудааст.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2012  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муассисаи давлатии Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот»  ба сохтори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гузаронида шуд ва корҳо дар самти ҷалби сармоягузорон барои маблағгузории корҳои сохтмону барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии деҳоти ҷумҳурӣ аз нав баррасӣ гардид.

Яке аз камбудиҳои асосии соҳа, ба андешаи Алимурод Тағоймуродов,  ҳолати ташвишовари техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ ба шумор меравад. Ба ҳолати 1 январи соли 2014 аз 955 адад шумораи умумии техникаи махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинаи корхонаҳои соҳа қарор доранд, 559 адад коршоям ва 396 ададашон корношоям аст ва аз шумораи умумӣ 400 адад (43 фоиз) муҳлати дуюм ва сеюми хизматрасониро иҷро карда истодаанд.

Бо назардошти ҳолати воқеии соҳа, тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 адад техникаи махсуси коммуналӣ ба маблағи 2 млн. 478,5 ҳазор сомонӣ харидорӣ шуда, 9 адад ба корхонаи коммуналии шаҳри Хоруғ ва корхонаҳои соҳа дар ноҳияҳои Темурмалик, Мӯъминобод як ададӣ ва Ҷалолиддини Румӣ ду адад дастрас карда шуд.

Дар маҷмӯъ, барои беҳдошти сифати хизматрасонии коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии деҳот мувофиқи ҳисобҳо ва меъёрҳои амалкунанда, харидорӣ намудани зиёда аз 800 адад техникаи махсус ба маблағи беш аз 210,0 млн. сомонӣ зарур аст .

Бо ин мақсад КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2014-2016»  ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти донорҳо пешниҳод намудааст, вале ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Ҳамзамон иншоот ва шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар, бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ истифода бурданашон, аз ҷиҳати техникӣ фарсуда шуда, талафоти оби нӯшокӣ дар шабакаҳо бениҳоят калон аст, ки боиси халалдор шудани рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти корхонаҳои соҳа мегарданд.

Давоми чор соли охир талафот дар иншоот  40,0 миллион метри мукааб оби нӯшокии истеҳсолшударо ташкил медиҳад, ки маблағи миёнаи солонаи он ба 10,0 млн. сомонӣ баробар аст, вале аз маблағи номбурда андозҳои давлатӣ ситонида мешаванд.  Бинобар мавҷуд  набудани сарчашмаи маблағгузорӣ ва пардохт нашудани он, мақомоти андоз амалиёти бонкии як қатор корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳуриро бозмедоранд, суратҳисоби бонкиашонро маҳкам карда, ба бақияи қарзҳо фоизҳо ва ҷаримаҳоро зам менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафт ва рушди иқтисодиёти кишвар масъулинро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои иловагии даромад ба буҷети давлатӣ чораҳои зарурӣ  андешанд, аммо ҳолати истеҳсолӣ, молиявӣ ва манбаъҳои андозбандии корхонаҳоро дақиқ ва саҳеҳ муайян кардан зарур аст, то ки ба рушди иқтисодиёти онҳо зарар нарасад.

Бо сабаби пурра ва сари вақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасониҳои коммуналии корхонаҳо аз ҷониби буҷети ҷумҳуриявӣ пурра рӯйпӯш нашудани ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ба шахсони имтиёздор, аз тарафи буҷетҳои маҳаллӣ дар андозаи талаботӣ пешбинӣ, ҷудо ва пардохт карда  нашудани маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ ба шахсони камбизоат, корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 январи соли 2014 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»,  иҷрои саривақтӣ ва пурраи уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатиро таъмин карда наметавонанд.

Бақияи қарзи кредитории корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2014 дар назди буҷети давлатӣ зиёда аз 8 млн. сомониро ташкил додааст, ки  беш аз 70 фоизашон фоизҳо ва ҷаримаҳо мебошанд.

Нуктаи муҳим ва ҷолиби суханронии Алимурод Тағоймуродов он буд, ки мувофиқи нархномаҳои амалкунандаи бозори имрӯзаи  воситаҳои  истеҳсолӣ, хароҷоти аслии як мукааб оби нӯшиданӣ зиёда аз ду сомониро ташкил медиҳад, вале сатҳи даромаднокии  истифодабарандагон, бахусус аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳуриро ба эътибор гирифта,  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи миёнаи як метри мукааб оби нӯшокиро аз рӯи ҳисоби миёна 0,80 сомонӣ муайян кардааст. Яъне, аз ҳар як метри мукааб оби нӯшидании истеҳсолшуда ба иқтисодиёти  корхонаҳои соҳа 1,20 сомонӣ зарари молиявӣ расонида мешавад. Дар соли 2013 аз тарафи корхонаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 83 миллиону 497,8 метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол шудааст, ки аз ҳисоби мувофиқат накардани нархномаҳо ба иқтисодиёти онҳо зиёда аз 34,6 миллион сомонӣ зарар расидааст.

Ҳамзамон, маблағҳое, ки мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ барои рӯйпӯш намудани фарқияти ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои коммуналӣ ба шахсони имтиёздор пешбинӣ шудаанд, ҳар сол дар доираи то 50 фоиз ҷудо карда мешаванду халос. Аз рӯйи  ҳисоби миёна дар давоми се соли охир ба 119 ҳазору 355 нафар шахсони имтиёздор хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонида шудааст, ки  маблағи он 10 млн. 416,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, вале  ба ин мақсад ҳамагӣ 4 млн. 956,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ ва ҷудо карда шудааст, ки 47,6 фоизи маблағҳои талаботианд. Бақияи қарзҳои дебитории корхонаҳо аз ин ҳисоб ба ҳолати 1 январи  соли 2014 зиёда аз 8,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2014 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ба маблағи  5 млн. 927,2 ҳазор сомонӣ ирсол карда шуда буд, вале ҳамагӣ 2 млн. 285,8 ҳазор сомонӣ ё 43,7 фоизи маблағҳои талаботӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Инчунин тибқи ҳисоби миёна аз тарафи шахсони камбизоати шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ҳар сол 3,5 млн. сомонӣ ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ пардохт карда намешавад, ки бақияи қарзи дебиторӣ аз ин ҳисоб ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 зиёда аз 12 млн. 800,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ  ҳар сол дар ҳаҷми пурра пешбинӣ ва ҷудо карда намешавад, ки бақияи қарзи дебитории ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014  зиёда аз 5 миллион  сомониро ташкил медиҳад.

Номбурда ёдовар шуд, ки мувофиқи моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 670 «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» нисбати ташкилотҳои бахши таъмини оби нӯшокӣ, новобаста аз шакли моликият, дастгирии давлатӣ, аз он ҷумла имтиёзҳои андозбандӣ, кредитӣ ва намудҳои дигари имтиёзҳо муқаррар шудааст. Инчунин мувофиқи моддаи 15 банди 1-уми қонуни мазкур, давлат таъмини ҳар як шахсро бо оби нӯшокии ба меъёрҳои муқарраршудаи сифат ва миқдор ҷавобгӯй кафолат медиҳад. Дар доираи қонуни мазкур КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба  мақомот оид ба даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андозбандӣ намудани корхонаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ мутобиқи моддаи 181-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои истеҳсоли хӯроки умумӣ, таъминотию фурӯшӣ 5 фоиз муқаррар шудааст, муроҷиат намуд, вале мутаассифона, он дастгирӣ наёфт.

Умедворам, ки  баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ кумак ва дастгирии худро дареғ намедоред, — хулоса  намуд Алимурод Тағоймуродов.

НУРАЛИЕВМуовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев низ доир ба масъалаи мавриди баррасӣ маълумот пешниҳод намуд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолиро яке аз афзалиятҳои асосӣ муайян намудааст. Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат дар ин самт барнома ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол таъминоти сифатнокии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар гардида истодааст.

Омили мазкур дар Стратегияи миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2015  ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 инъикос ёфта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ноилшавӣ ба ин мақсад корҳои муайян ба анҷом расидаанд.

Маблағгузории давлатӣ дар ин самт сол то сол зиёд гардида, дар ҳафт соли охир, яъне солҳои 2006-2013, барои рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ зиёда аз 3,6 млрд. сомонӣ равона гардидааст. Агар дар соли 2006 барои маблағгузории он 101,5 млн. сомонӣ равона гардида бошад, дар соли 2013 ҳаҷми он зиёда аз 1,1 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2006-ум 10,7 маротиба зиёд аст. Аз ҷумла ба мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ дар давраи солҳои 2007-2013» аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 232,5 миллион сомонӣ равона шудааст, ки аз ин маблағ 217,4 миллион сомонӣ, ки ба 93,5 фоиз баробар аст, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст.

Соли 2013 барои иҷрои Барнома аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 83,8 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки аз он 80,0 миллион сомонӣ ё 95,5 фоизашро маблағҳои буҷетӣ ташкил медиҳад.

Дар буҷети давлатии соли ҷорӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 777,4 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 545,2 млн. сомонӣ ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузории қарзию грантӣ 232,2 млн. сомонӣ пешбинӣ  гардидааст.

Аз суханони Ҷамолиддин Нуралиев маълум гашт, ки айни замон барои рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 14 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи умумии 810,0 миллион сомонӣ татбиқ гардида истодааст, ки 540,0 миллион сомонӣ ё ин ки 76,0 фоизашро маблағҳои бебозгашти грантӣ ташкил медиҳад.

Аз ҷумла барои барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ  202,0 миллион сомонӣ, беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Истиқлол, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон ва Зафаробод 260,0 миллион сомонӣ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ 260,0 миллион сомонӣ  ва шаҳри Хоруғи ВМКБ 35,0 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ вобаста ба соҳаи хоҷагии манзилию  коммуналӣ 53,0 миллион сомонӣ равона мешаванд.

Барномаҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти солим ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд, ки дар доираи он дар 54 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 4,4 млн. нафар  ё 51,4 фоизи аҳолии кишвар бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин, ҳолати техникии 50 фоиз системаҳои  канализатсияи шаҳру марказҳои ноҳияҳо ва 85 фоизи маҳалҳои аҳолинишин таҷдиду тармим  карда мешавад.

Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки вазифаи асосии мақомоти молия якҷоя бо Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин намудани истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои ба ин мақсад равонгардида мебошад.

- Сарфи назар аз бемайлон афзудани маблағгузорӣ дар ин самт ва мавҷудияти дастовардҳо мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки фаъолиятамонро дар ин ҷода вусъат бахшем. Табиист, ки дар ин раванд эрод ва пешниҳодоти дар муҳокимаи парламентии имрӯза иброзшуда ба инобат гирифта хоҳанд шуд, — гуфт дар фарҷоми суханрониаш Ҷамолиддин Нуралиев.

Баъд аз шунидани ахбороти масъулин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Турахон Самадов, Абдузафар Иномов, Шарофиддин Сироҷов, Ҳабибулло Саъдуллоев, Абдураҳмон Хонов, Мироҷиддин Ҳакимов, Суҳроб Шарипов, Мусоябшо Назриев, Лутфулло Саидмуродов, Назрулло Ҷонов, Олим Салимзода ва Насрулло  Маҳмудов оид ба раванди  истифодаи маблағҳои ҷудошуда, дурнамои бунёди иншооти обтаъминкунӣ  дар  деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пешгирии ҳолатҳои талафёбии об дар заминаи насби ҳисобкунакҳо, безараргардонии оби нӯшокӣ, вазъи ҷамъоварии маблағи истифодаи об, натиҷаҳои мониторинги маблағҳои бо ин мақсад истифодашуда, сабабҳои пайдоиш  ва афзудани қарзи истифодабарандагони об, таҳлил ва пешгӯиҳо дар ин самт, таъмин намудани минтақаҳои ниёзманди ноҳияи Қумсангир бо оби нӯшокӣ, омил ва сабабҳои мавҷуд будани тафовут миёни шаҳракҳо ва деҳот зимни татбиқи Барнома, тӯл кашидани корҳо вобаста ба таъмин намудани шаҳри Конибодом, деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ванҷ ва деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент бо оби нӯшокӣ савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мавриди баррасӣ андешаронӣ намуданд.

Домуллоҷон ҶАББОРОВВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов ба он назар аст, ки яке аз омилҳои асосии иҷрошавии «Барномаи таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ  барои солҳои 2008-2020» таъмин намудани маблағгузории саривақтӣ мебошад. Мавсуф муътақид аст, ки ҷанбаи дар ҳолати ташвишовар қарордоштаи маблағгузории Барнома маблағгузорӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҷойи 31,4  миллион сомонӣ ҳамагӣ 4,3 миллион сомонӣ амалӣ шудааст. Агар  маблағгузории буҷетҳои маҳаллиро дар соли 2013 мавриди баррасӣ қарор диҳем, бармеояд, ки аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон танҳо дар шаҳри Кӯлоб аз ин сарчашма 115 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Исфара, Панҷакенти вилояти Суғд Барнома тамоман маблағгузорӣ нашудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ вазъият чунин аст. Барои  пурра таъмин намудани иҷрои Барномаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил кардани Маркази координатсионӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

ШабдоловВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар шароити кунунӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намудани соҳаро зарур арзёбӣ намуд. Бо андешаи мавсуф, корро бояд тарзе роҳандозӣ намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» худкифо бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф замина ва захираҳо  мавҷуданд,  танҳо онҳоро самаранок ва мақсаднок истифода бояд бурд. Дар ин ҷода омӯзиш  ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам низ ба манфиати кор хоҳад буд. Шодӣ Шабдолов  ҳамчунин суръат бахшидани корҳоро баҳри истифодаи оби  минтақаи Сиёмаи ноҳияи Варзоб барои эҳтиёҷоти шаҳри Душанбе амри муҳиму саривақтӣ  маънидод намуд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зайнуддин Сафаров зимни  суханрониаш минҷумла зикр намуд, ки имрӯзҳо масъалаи об ба яке аз мавзӯъҳои муҳим табдил ёфта, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ роҳҳои дурусти истифодаи оқилонаи ин манбаи  ҳаёт ташвиқ мешавад.

Таҳлили раванди ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар ояндаи на чандон дур арзиши об аз нархи нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ гаронтар мешавад. Яъне, имрӯз масъалаи об, бахусус оби ошомиданӣ, хеле муҳиму ҳаётӣ шудааст.

Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ қарор дорад, вале дар самти таъмини мардум бо ин манбаи ҳаёт, ҳоло ҳам мушкилиҳо дорад. Алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 58 фоизи мардум бо сарчашмаҳои оби тозаи нӯшокӣ  таъминанду халос.

- Ба наздикӣ мо  як гурӯҳ вакилон ба ноҳияҳои Суғду Хатлон сафари хизматӣ доштем, — афзуд номбурда. — Ин сафар ба мо имконият дод, ки аз наздик бо воқеияти ҳол шинос шавем.

Маълум гардид, ки баҳри иҷрои «Барномаи таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» корҳои муайянеро амалӣ менамояд, лекин маблағҳое, ки аз чор сарчашма ҷудо мегардад, барои иҷрои ин Барнома нокифоя мебошад. Агар вазъият ба ин минвол давом ёбад, иҷрои Барнома зери  суол мемонад, зеро дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба иҷрои ин Барнома  саҳлангорӣ мекунанд.

Бархе аз раисони ноҳияҳо моҳият ва мақсади ин Барномаро намедонанд ё донистан намехоҳанд, дар буҷетҳои ҳарсолаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ маблағҳои ночизе нишон  медиҳанд.

СафаровСабаби дигараш ин баста будани суратҳисоби Корхонаҳои воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Барои мисол, аз соли 2010 инҷониб аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоб ва хазинаи Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қарзҳои андози солҳои пешина маҳкам шуда, то имрӯз кушода нашудааст.

Имрӯзҳо аз сабаби баста будани суратҳисоб ва хазинаи корхонаҳои фавқуззикр иҷрои боби 2 моддаҳои 16, 17 ва 21  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» ғайриимкон мебошад. Ташхиси сифати оби нӯшокӣ мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои оби нӯшокӣ низ амалӣ нашуда истодааст. Ба андешаи вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сари вақт иҷро мешуданд, ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ дар назди нозироти андоз қарздор намемонданд.

Зайнуддин Сафаров  аз он ёдовар шуд, ки замони дар вазифаи раиси вилояти Хатлон ифои вазифа намудани ходими намоёни  давлативу ҷамъиятӣ Амиршо Миралиев  таъминоти аҳолии вилоят бо оби нӯшокӣ дар сатҳи хуб қарор дошт. Маҳз дар ҳамон айём роҳбарияти вилоят бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода корҳои назаррасро ба сомон расониданд ва маҳз ҳамин иқдомот марҳилаи рушди соҳаро дар вилоят шурӯъ намуда буд. Масалан, дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ аз тарафи Ҳукумати вилоят кашидани хатҳои обгузар  ба маҳалҳои аҳолинишин дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда, ҳатто  чарогоҳҳои дар  ноҳияҳои Вахш, Данғара ва Панҷ ҷойгирбуда, бо об таъмин буданд. Дар маҷмӯъ, мардум аз об танқисӣ намекашид. Ҳоло дар баъзе аз ин минтақаҳо  аз сабаби  таъмир нашудан  ва аз фаъолият мондани насосҳои обкашӣ, мардум бо мошинҳои обкаш ва аспу хар об мекашонанд, ки хеле аламовар аст.

Зимни сафари хизматӣ мушоҳида намудем, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ ҳамин ҳолат мавҷуд аст. Дар ноҳия 5-6 мошини обкаш ҳар рӯз ба мардум об мекашонад. Як мошин об 100-120 сомонӣ харидорӣ мешавад. Канализатсияи маркази ноҳия 30 сол боз кор намекунад. Раиси тозатаъини ноҳия Ҳакимов Сангинмурод Дӯстмуродович моро бовар кунонд, ки ба наздикӣ ин мушкилотро рафъ менамояд.

- Боварӣ дорам, ки ин муҳокима  ба иҷрои раванди Барнома кумак хоҳад расонид, изҳори боварӣ намуд Зайниддин Сафаров.

ХоновВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов зикр кард, ки дар самти таъмини оби нӯшокӣ, пеш аз ҳама, фароҳам овардани заминаи мукаммали қонунгузорӣ  амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, бо дарки  ин мушкилот тайи солҳои охир аз ҷониби Парлумони мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки баҳри бартараф  намудани монеаҳои мавҷуда ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид нақши муассирро доро мебошанд.

Аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» далели ин гуфтаҳост.

Яке аз мақсадҳои асосии «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ  барои солҳои 2008-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бо оби нӯшокии ба саломатии инсон безарар  таъмин намудани аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати пасти  об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунанд. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об  сухан  дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад.

Таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ яке аз масоили муҳим буда, ба саломатии мардум робитаи  қавӣ дорад, зеро истифодаи оби ба талабот  ҷавобгӯнабуда боиси хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда мегардад. Дар ин ҷода, ҳамкории КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо вазорату идораҳои салоҳиятдор бояд дар оянда вусъат пайдо кунад.

Вобаста ба ин, бо аҳолии маҳаллу минтақаҳое, ки дар қисмати болооб зиндагонӣ менамоянд, бояд чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ гардад. Ин масъала бахусус дар маҳаллу минтақаҳои болооби пойтахт — ноҳияи Варзоб ва минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат бояд мавриди пайгирии амиқ қарор дода шавад. Зеро оби хеле зиёд истифодашудаи манзилҳои истиқоматӣ, иншооти истироҳатию фароғатӣ, ҳавзҳо  ба дарёҳо ҷорӣ шуда, мавриди истифодаи аҳолии пойтахт қарор мегирад.

Дар интиҳои суханрониаш Абдураҳмон Хонов фароҳам овардани инфраструктураи мусоид ва сохта ба истифода додани шабакаҳои нави хизматрасонӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба маҳаллаҳои тозабунёди шаҳр ва ноҳияҳо, ба назорати дақиқ гирифтани вазъи санитарию экологии обанборҳо, иншооти  обтаъминкунӣ  ва обтозакунӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаро ба манфиати кор арзёбӣ  намуд.

Оид ба масъалаи мавриди баррасӣ муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Маҳмадамин Ҳисориев низ ба музокира баромада, гуфт, ки ҳангоми сафари хизматӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Т. Садриддинов ва О.Ҷ. Сафаров ба шаҳру навоҳии Ваҳдат, Роғун  Файзобод ва Нуробод, бо масъулин  ва кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии ин шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намудем.

Муайян шуд, ки дар шаҳри Ваҳдат 42 км қубурҳои интиқоли оби нӯшокӣ, 39 км қубурҳои интиқоли канализатсия ва 23 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд аст. Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» дар ин шаҳр лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ амалӣ гашта истодааст.

Дар ин шаҳр ҳашт адад насосҳои барқии обкашии Ҷумҳурии Федеративии Германия тамғаи «Грунфос», истеҳсоли давлати Олмон ба маблағи 247643 сомонӣ, се иншооти хлормаҳлулкунии муҷаҳҳаз ба маблағи 180123 сомонӣ, се чоҳи амудӣ ба маблағи 141375 сомонӣ, қубурҳои дохилӣ ба маблағи 933345 сомонӣ ва ғайра сохта ба истифода дода шудааст. Дар давоми ду-се сол аз насосҳои дар боло зикршуда шаш -тоаш корношоям шудааст, ки таъмири чунин насосҳо дар ҷумҳурии мо ғайриимкон аст.

Аҳолии маркази шаҳр бо оби ошомиданӣ 61 фоиз таъмин мебошанд. Қубурҳои обгузаре, ки аз соли 1956 мавриди истифодаанд, фарсуда шуда, дар сардиҳои фасли зимистон барои кормандони соҳа  мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд меоранд. Дар шаҳри Роғун низ лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст. Бо оби нӯшокӣ 40 фоизи аҳолӣ  таъмин мебошанд. Дар шаҳраки Оби Гарм хатти канализатсия ва иншооти обсофкунии БИО-400, бинобар сабаби солҳои тӯлонӣ кор кардан, фарсуда шуда, ин иншоот ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Дар ноҳияи Файзобод баҳри татбиқи Барномаи мазкур дар 17 маҳаллаи аҳолинишин тариқи манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ хатҳои оби нӯшокӣ гузаронида шуда, мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳамин давра 80 фоизи аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шудаанд ва сабабҳои асосии  пурра  таъмин набудани аҳолии ноҳия бо оби нӯшокӣ сол то сол зиёд шудани аҳолии ноҳия ва бунёд гардидани маҳаллаҳои нави аҳолинишин мебошад.

Сабаби асосии аз канализатсия истифода  набурдан дар деҳот ба андешаи М.Ҳисориев куҳнаву фарсуда будани қубурҳо ва обанборҳои  ҷамъоварию тозакунии оби канализатсия ба ҳисоб меравад.

Муҳокимаи ошкорои  парламентиро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷамъбаст намуда, таври муфассал ва бо далелу арқоми асоснок вазъи кунунӣ  ва мушкилоту камбудиҳои соҳаро бозгӯйӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки давоми даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омадаанд. Тоҷикистони мо захираҳои фаровони оби тоза, мусаффо ва ошомиданӣ дорад. Мо аз об танқисӣ надорем. Аммо бурда расонидан ва таъмин кардани мардум бо об масъалаи дигар аст. Агар дар як ҷой одамон аз оби софу мусаффои ҷӯю каналҳо, қубуру чашмаҳо истифода баранд, дар ҷойи дигар камбудии он ба назар мерасад. Обро аз роҳи дур мекашонанд ва оби нопоку шӯрро истеъмол мекунанд.

Мутобиқи боби 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ асос ва  гарави мунтазам таъмин намудани истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ буда, объекти ҳаётан муҳим дониста мешавад.

Вале шабакаҳои обтаъминкунии ҷумҳурӣ, ки аксарияташон дар солҳои 1950- 1980 –уми қарни гузашта сохта шудаанд, дар ҳолати ғайриқаноатбахши техникӣ қарор доранд.

Маҳз бо ҳамин сабаб азнавсозии системаҳои мавҷудаи оби нӯшокӣ, сохтмони шабакаҳои хурду миёна, чоҳҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва васеъ намудани иншооти мавҷуда,  сохтмони иншооти нави марказонидаи таъминоти оби нӯшокӣ, асосноккунии техникию иқтисодӣ бо истифодаи усулҳои нав ва ғайраро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чораҳои амалисозии Барномаи баррасишаванда пешбинӣ намуда буд.

Вале, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт имконоти мавҷуда аз тарафи масъулини соҳа бояду шояд истифода нагардидааст.

Дар боби II моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» давлат кафолати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиро додааст ва ин масъулият ба зиммаи корхонаҳои обтаъминкунанда вогузор мебошад.

Бояд зикр намоям, ки мувофиқи бандҳои 3 ва 4-уми қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ки фаъолияти онро мо имрӯз таҳлилу баррасӣ намудем, инчунин собиқ Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) якҷоя бо собиқ Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ҷалби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, ватанӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур бояд лоиҳаҳои далхдори инвеститсионӣ таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пешниҳод менамуданд.

Ҳамчунин Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи сатҳҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барномаи мазкурро бояд аз рӯйи имкониятҳои молиявӣ ба нақша гиранд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи Барномаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ давоми солҳои 2007- 2013 аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузории муқарраргардида бояду шояд иҷро нашудааст.

Аз ин бармеояд, ки масъулияти сари вақт ва пурра иҷро нагардидани қарор ва барномаи қабулшуда на танҳо ба дӯши Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», балки ба зиммаи дигар субъектони номбаршуда низ гузошта шудааст.

Хотиррасон карданиям, ки дар муҳокимаи парламентии порсола, ки фаъолияти Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ баррасӣ гардида буд, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ низ дахл намуда буданд ва дар робита бо ин ба роҳбарияти вазорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буд.

Мо дар ҷаласаҳои муҳокимаҳои парламентӣ проблемаҳои муҳими ҷомеаро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли онро нишон медиҳем, вале чаро он ҳангоми ба дасти иҷрокунандагон расидан танҳо дар рӯи коғаз мемонад?

Ҳамчунин масъалаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба ин соҳа ташвишовар ва боиси нигаронист, зеро он ҳамагӣ 14 фоизи нақша иҷро шудаасту халос.

Натиҷаи ҳамин хунукназариҳо аст, ки мо ҳатто дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сокинонро бо оби тозаи нӯшокии ба сифату стандартҳои мутобиқ таъмин карда наметавонем.

Дар мавриди азобу уқубатҳои сокинони баъзе манотиқи кишвар, ки оби нӯшокиро барои талаботи маишиашон аз чандин километр роҳ, бо ҳар гуна усул дастрас мекунанд, масъулин чӣ гуфта метавонанд?

Магар сохтани системаи обтаъминкунии нуқтаҳои аҳолинишини чунин шаҳру ноҳияҳо, кандани чоҳҳо ва ё ҳадди ақал ба роҳ мондани низоми обтаъминкунӣ бо мошинҳои обкашон вазифаи шумо нест?

Ҳамин ҳолатро ба назар гирифта, бо супориши роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, вакилони дигар кумитаҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом доданд. Дар рафти сафарҳои хизматӣ бо раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои дахлдори  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» вохӯриҳо гузаронида, оид ба камбудиву норасоиҳо ҷаласаҳои сайёр доир намуда буданд. Ҳамчунин аз иншооти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дидан карда,  ҷараёни амалӣ гаштани Барномаи баррасишавандаро ба мушоҳида гирифтанд, ки имрӯз дар музокираҳояшон зикр шуд.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам диққати ҳозирини гиромиро ҷалб намоям, масъалаи пасобҳо ё худ обҳои саноатӣ мебошад.

Дар шароити ҷумҳурии мо аз сабаби набудани технологияи азнавкоркард ин обҳо пурра безарар (утилизатсия) карда нашуда, дар аксари мавридҳо қисман тоза ва қисмати дигараш ба дарёҳо равона мешавад, ки хатари калон ба саломатии мардум эҷод ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаро бамаротиб мушкил мекунад.

Бояд зикр намоям, ки тоза ва такроран истифодабарии об дар саноат ҳам аз ҷиҳати экологӣ ва иқтисодӣ манфиатовар аст. Дар бештари давлатҳои мутараққии ҷаҳон бо тоза намудани чунин об ва такроран истифодабарии он ҳар сол миллионҳо доллари ИМА даромад ба даст меоранд. Ман фикр мекунам, ки  истифодаи ин таҷриба барои иқтисодиёту саноати ҷумҳурии мо низ манфиатовар буда, масъулини соҳа бояд дар ин самт ташаббус нишон диҳанд.

Аз ахбороти масъулин бармеояд, ки дар ин ҷода мувофиқи Барнома тайи солҳои охир корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд, вале баъзе ҷиҳатҳои масъала ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Ин ҳолат дар навбати худ ҳамкории доимӣ ва муштараки вазорату идораҳои масъулро тақозо дорад. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи хоҷагии  манзилию коммуналӣ ҷумҳуриамон мо бояд тадбирҳои муҳими марҳила ба марҳила иҷро гардидани Барномаро ба таври мушаххас андешем ва амалӣ намоем.

Итминони комил дорам, ки фаъолияти минбаъдаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва дигар вазорату идораҳои дахлдор доир ба амалӣ намудани нақшаҳои пешбининамудаи Барнома самаранок татбиқ мегарданд.

Барои ин зарур аст, ки маблағҳои дар Барнома пешбинигардида сари вақт ҷудо ва ҷалб гардида, пурра ва самаранок истифода шаванд.

Дар ин робита, ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки бо мақсади муайян намудани  истифодабарии мақсадноки маблағҳои барои иҷрои Барнома аз рӯйи ҳамаи сарчашмаҳо ҷудошуда, дар муҳлатҳои наздик санҷиши молиявӣ ва аудити самаранокии сарфи маблағҳоро гузаронида, аз рӯйи он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи муфассал пешниҳод намояд.

Ҳамагон бояд дарк намоем, ки тавсияҳои муҳокимаи парламентии имрӯз қабулшаванда бояд сармашқи кори минбаъдаи шахсони масъул ва мақомоту муассисаҳои дахлдор гарданд,- хулоса намуд Амиршо  Миралиев.

Дар охир мутобиқи банди 277- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки дар гузоришҳо ва  баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ